ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Ин номаи духтари мақтулест, ба мактуби қаблии духтари Хӯҷа Каримов, ки дар он падарашро саховатманд, ҳотампеша, дилсӯз ва патриот мехонд. Қазоват аз хонанда аст, дигар. Хотиррас мешавем, Хӯҷа-командир дар Дубай боздошт шудаасту ҷониби Тоҷикистон мехоҳад ин қумандони саҳроии худро, ки синнаш таки 60 рафтааст, ба кишвар истирдод кунанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Худ қазоват кунед, солҳои ҷанги бародаркуш аз кадом ҳисоб ин палид ин қадар иншоотҳо, хонаю дари боҳашамат месозад? Солҳои душворе, ки халқ нони гандуму макка мехӯрд, ин ваҳшӣ бо роҳи ғоратгарию зӯрӣ сохтмон кардааст! Канӣ, ки мегӯяд, ки ин табиб буд? Кадом донишгоҳро кадом сол хатм кардааст? Саводи кофӣ ҳатто надоштааст! Танҳо 1 медбрат буду халос! Вай бо афти хунуки даҳшатовараш шахсиятҳои бузургро тарсонда, лату кӯб кардааст ва ё куштааст!

Гӯш кун, духтари ба падарат монанд! Ту донишҷӯ бошӣ, соли 1993, соле, ки падарат қиблагоҳи бузурги маро ба таври ваҳшиёна кушт, ман донишҷӯи курси 1 будам ва аз ту беҳтар медонам, чи корнамоиҳои даҳшатвор кардааст, падари ваҳшият! Пас аз куштани падарам (Тағой Шукуров) боз ба шикори мо баромада буд. Мо, ки дар оила 3 духтари қадрас ва 1 додар доштем, фақат дар гурез будем, вагарна агар ба чангаш меафтидем, Худо медонад, чӣ рӯзҳо медидем. Мо ғами падарро фаромӯш карда, дар талвосаи ҷони худ будем, чунки ин дарранда аз касею чизе наметарсид. Шарм накарда боз нома навиштаӣ! Хуни падари ман 1 умр дар гардани ин ҳаромӣ аст! Ҷазои ҳамаи инро бояд кашӣ, Хӯҷа!

 

Падари маро Хӯҷа дар оташ сӯхт!!!

Тағойхон Шукуров-вакили парлумонро ба таври ваҳшиёна (!!!) кушт. Ман он сол 18 сол доштам. Духтари Хӯҷа Карим он солҳо кудак буд ва аз куҷо медонад, ки аз кадом пул хешу таборашро ба Ҳаҷ равон кардааст, ё боғчаю беморхонаро аз кадом ҳисоб сохтааст?! Аз ҳисоби ғоратгарии рӯирост! Падари маро Хӯҷа аз хона бо дасти худ гирифта бурдааст, ҳамчунин чизҳои қиматбаҳои хонаро ба мошинҳояшон бор карда бурдаанд! Шояд солҳои ҶБВ ин хел кушторҳои ваҳшиёнае, ки ин палид кардааст, нашуда бошад!

Оре, ба таври ваҳшиёна падари мо кушта шудааст ва то ҳол падари мо на қабре дораду на ҷои куштораш аниқ. Аз ин дида марги мудҳиштар шояд набошад! Мо зор будем, ақаллан ҷасади падарамонро бинем, вале... ӯро ваҳшиёна дар хумдонҳои оҳактайёркунӣ сӯзондаанд, ки ин даҳшат аст ва ба ақли инсон рост намегирад!

Марг ба ту Хӯҷа! Дигар вақти тарсу ҳарос гузашт! Ҷавоб медиҳӣ, ҳатман ҷавоб медиҳӣ. Охир, мо ҳам Худо дорем!!! Хӯҷа қотил буд ва ба таври ваҳшиёна одам куштааст! Бигузор ҳамун 1 порча кафане, ки ба падари ман насиб накардааст, ба ин ҳаромӣ ҳам насиб накунад. Падари маро сӯзонда устухонҳояшро нест кардааст. Худованд марги бадтар аз инро насибаш гардонад!

Зебо Шукурова,

духтари Тағайхон Шукуров

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter