ХАБАРИ ДОҒ

Иноятзода «Равшан»-ро эҳё кард!!!

  • Чоршанбе, Авг 28 2019

 

Ҳадафи асливу усулии навсозии ФК Равшан якест: Равшан бояд дар соли 2020 ба Лигаи Олӣ баргардад ва барои чемпионӣ мубориза барад. Мо Метавонем!

Пештоз ҳаминро бояд бигӯем, ки баъди ба вазифаи роҳбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъин шудани Баҳром Иноятзода дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мардуми шаҳр, тағйироти ҷиддӣ ба амал омада истодаанд. Хушбахтона, раиси нав, ки дар гузашта футболбози касбӣ буда, дар ҳайати дастаи “Равшан” баромад кардааст, дар баробари шуруи сохтмонҳои нави муосиру замонавӣ ба эҳё гардонидану аз нав созмон додани дастаи футболи як вақтҳо маъруфи “Равшан” оғоз намуд. Қобили қайд аст, аввалин кореро, ки дар ин самт Иноятзода роҳандозӣ намуданд, муосир ва ҷавобгӯи меъёрҳои замонавӣ гардонидани сохтори дастаи “Равшан” шуд. Бо фармони вежаи ӯ ҳуҷҷатҳои лозима барои ба Муассисаи давлатии “Клуби футболбозии Равшан” табдил додани даста таҳия шуд, ки ба қарибӣ дар Иҷлосияи ҳукумати шаҳр тасдиқ гардида, ба ин тартиб “Равшан” аз азоби алими бесарпарастӣ халос мешавад.

 

Чемпионҳо ба Равшан омаданд!!!

Қадами дуюме, ки дар ин ҷода аз ҷониби Иноятзода гузошта шуд, пурқувват кардани ҳайати даста гардид. Тибқи Низомномаи баргузории мусобиқа байни дастаҳои лигаи якум пас аз анҷоми қисми аввал ҳамаи он дастпарварони мактаби футболи ш.Кӯлоб, ки бархе бо ин клуб 2 бор чемпион шудаву вобаста ба мушкилоти молии “Равшан” дастаро тарк карда, ба ҳайати дастаҳои дигар гузашта буданд, боз ба ҳайати даста баргардонида шуданд. Инҳо:

Дарвозабон: Рустам Ризоев,

муҳофизон:  Ҳасан Рустамов, Далер Умаров, Далер Шомуродов, 

ниммуҳофизон: Абдусамад Ҳоҷибоев, Зокир Абдулхайров, Сайдамири Сайдаҳмад

ва ҳамлагар Наврӯз Рустамов мебошанд.

Гузашта аз ин боз 2 нафар бозингарони легионер яке аз давлати Нигерия ва дигаре аз давлати Кот Д’ Увар низ қарордод ба тасвиб расонида шудааст, ки дар наздиктарин рӯзҳо ба даста ҳамроҳ мешаванд. Нимшӯхиву нимаҷиддӣ бояд илова кард, ки мухлисони Равшан “Ҷинҷонӣ”-ҳои клубро дӯст медоштанд ва ин беҳтарин тӯҳфа бар ишон хоҳад гашт. Мо Метавонем!

Зимнан, бояд гуфт, ки серунвонтарин мураббии Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибулоев низ ба ҳайси мушовири сармураббӣ ба “Равшан” баргардонида шуд. Ва ин тағйирот дар аввалин бозии даври 14-уми бозиҳои лигаи якум самара дод. “Равшан” дар майдони худ бар ҳарифи акнун асливу усулияш “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Наврӯз Рустамов зад.

Боварӣ дорем, ки соли оянда “Равшан” дар элитаи футболи миллӣ мебозад! Аммо, барои ин танҳо кӯшишҳои Раиси шаҳр ва роҳбарияти даста кам аст. Мо, ҳама-мухлисон бояд дар паҳлӯи “Равшан” бошем, то таърихи гузаштаи даста такрор нашавад!!

 

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter