ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷиҳо-мубаллиғони асосии риш!

  • Чоршанбе, Сен 04 2019

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар бораи риш гуфтаниям. Ҳамин рӯҳониёни мо, хоса, ҳоҷиёни нав аз тавофи Маккаю Мадина баргашта, ба мубаллиғи ашаддии риш табдил ёфтаанд. Вақте бо аксари онҳо гап мезанӣ, ба хулосае меоӣ, ки гӯё аз болои кӯҳи Сарсарак фаромадаанд, ё аз кӯҳи Душоха. Дар хусуси дини Ислом балоро намедонанд. Қоидаҳои талоқро намедонанд, 1-талоқаро сеталоқа ҳисоб мекунанд, ба занӣ гирифтани духтарони хеши наздикро сарфаҳм намераванд. Пас чӣ гила аз риш мондан ва намондан кунем? Чунин гореҳоҷию горемуллоҳо натанҳо ҷавононро барои мондани риш тарғиб мекунанд, балки ба волидайни онҳо сару кор мегиранд. Ин ҳама таъсири ғояҳои зиддиинсонии салафию шиаҳою ДИИШиҳо… аст. 1 нафар дар СССР дуруст навиштааст, ки риш лонаи микробҳост! Ҳар куҷое, ки меравед, мешинеду мехӯред, дастро албатта ба «рӯймоли фук», яъне риш мебаред ва тибқи табъ равғанин месозед. Барои ҷо гирифтани микробҳо ва дигар ҳашаротҳо база тайёр мекунед. Касалии ришмонӣ на аз он сабаб аст, ки мо онро мехостем, балки 1000-2000 сол пеш имконият ва фаросати риштароширо надоштем, теғ чисту риштарошак чист, намедонистем. Асбоби риштарошӣ, ки набошад, чи кор мекарданд? Шумо ба ёд оред, ҳаёти 70 сол пешро. Дар деҳаҳо теғу алмосак набуд! Барои ришу сартарошӣ ба кадом як деҳаи ҳамсоя мерафтанд. Дар бораи арабҳои биёбонград бошад, ҳоҷати гап нест. Пётри 1 тавонист бо 1 фармони худ ришмониро ба тартиб дарорад. Дар мо низ методи Пётри Кабирро бояд ҷорӣ кард!!!

Комрони Далер,

ш.Бохтар

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter