ХАБАРИ ДОҒ

700 не, 300 тонна гӯшт аз Белорусия…

  • Чоршанбе, Сен 04 2019

 

КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе», ки масъули таъмини бозорҳои коммуналии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи ниёзи аввалия ва агросаноатист, ба матлабҳои таҳлиливу танқидие, ки чанд шумораи ахир дар газетаи мардумии СССР нашр шуда буд, вокуниш карда, дар бораи воридоти гӯшти гов ба бозорҳои пойтахт маълумоти муфассал дод.

 

 Гӯшти белорусӣ дар роҳ

Фаррух Хушвахтзода, директори КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар сӯҳбат бо СССР гуфт, аз тарафи корхонаи мазкур соли равон бо 2 комбинати гӯшти Ҷумҳурии Белорусия-ҶСК «Комбинати гӯшти Сломинск» ба маблағи 1 миллион доллари ИМА ва бо ҶСК «Комбинати гӯшти Слутск» ба маблағи 500.000 доллари амрикоӣ шартномаҳои ҳамкорӣ оид ба хариди гӯшти гов ба имзо расида, воридоти 300 тонна гӯшти гови яхкардашуда аз Ҷумҳурии Белорусия ба Тоҷикистон давра ба давра амалӣ хоҳад шуд.

-Дар назар аст, рӯзҳои наздик ин маҳсулот вориди сардхонаҳои КВД гашта, мо онро бо мақсади ғанӣ гардонидани бозорҳои пойтахт ва коҳиш додани нархи гарони гӯшт дар бозор бо нархи дастрас пешниҳоди харидорон хоҳем кард. Айни замон гӯшти гови яхкардашудаи харидорӣ намудаи корхонаи мо аз ширкатҳои мазкур ба воситаи нақлиёти махсуси боркашон дар роҳ ба сӯи Тоҷикистонанд. Бояд таъкид намоям, ки ҳамаи чорворо дар ин 2 комбинати гӯшт қассобони тоҷик забҳ кардаанду ин гӯшт ҳалол аст,- афзуд Хушвахтзода.

Бино ба иттилои ӯ, дар баробари харидорӣ намудани гӯшти гов аз Белорусия, инчунин КВД аз ш.Яйсани Ҷумҳурии Қазоқистон низ гӯшти гови яхкардашуда харидааст ва он ба меъёрҳои муайяншудаи ҶТ ҷавобгӯ буда, ҳангоми дохилшавӣ ба сарҳади кишвар ба расмият дароварда мешаванд. Дар с.2019 ин маротибаи аввал аст, ки КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» аз хориҷи кишвар ин намуди маҳсулот-гӯшти говро вориди ҷумҳурӣ менамояд.

 

1300 кг ҳар рӯз ба бозор

Бино ба иттиллои Ф.Хушвахтзода, аз аввали с.2019 корхона бо тариқи ғайринақдӣ аз хоҷагиҳои ҷумҳурӣ чорвои зиндаро харида, ҳамарӯза то 1300 кг гӯшти гов ва аз 500 то 600 кг гӯшти гӯсфандро ба воситаи бозорҳои ш.Душанбе ва ярмаркаҳои доимоамалкунанда ба фурӯш мегузорад. Бояд гуфт, ки дар ин муддат аз тарафи корхона ба миқдори 385,2 тонна гӯшти гов ва 40,3 тонна гӯшти гӯсфанд бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон карда шуд.

-Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон аз тарафи корхона дар умум 414 сар гӯсфанд бо вазни 9893 кг гӯшт ва 1057 сар гов бо вазни 197205 кг гӯшт пешкаши сокинони пойтахт шуд. Дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон бошад аз ҷониби корхона 295 сар гӯсфанд забҳ шуда, ба миқдори 5397,4 кг тариқи ярмарка ба бозорҳои пойтахт фурӯхта шуд. Инчунин, 80 сар гов забҳ ва гӯшти онро ба миқдори 15,2 тонна пешниҳоди мардум кардем. Дар арафаи иди Қурбон аз тарафи КВД ярмарка-фурӯши чорвои зинда дар 3 нуқтаи аҳолинишини шаҳр ташкил шуда, дар он 1200 сар чорвои зинда, яъне гӯсфанд бо нархи нисбатан арзон пешниҳоди аҳолии пойтахт гашт, - таъкид дошт Ф.Хушвахтзода.

Мавсуф дар поёни сӯҳбат афзуд, ки КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» вобаста ба имкониятҳои молиявӣ талош дорад бозорҳои ш.Душанберо бо маҳсулоти ниёзи аввалия сари вақт таъмин намояд.

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

Аз редаксия: Гӯштхӯр шудаем, мардум ва мушкили асливу усулии гароншавии нархи гӯшт ҳамин нафси мост! Бинед, ки ҳазорон сар бузу гӯсфанду гову гӯсоларо кушта, садҳо ҳазор кило гӯшт хӯрдаем. Ва боз гуноҳро сари қассобу бозоршинону КВД-ҳо мезанем. Аз мост, ки бар мост…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter