ХАБАРИ ДОҒ

Қатли комиссар дар Қубодиён

  • Чоршанбе, Сен 04 2019

Карим Гулов пас аз адои хизмати ҳарбӣ тақдири минбаъдаи худро ба кори ҳарбӣ пайваст. С.1968 дар н.Ёвон вазифаи ёрдамчии комиссари ҳарбиро ба ӯҳда дошт ва баъдтар солҳои 1970-77 муовини комиссари ш.Норак шуда, адои вазифа намуд. Дар солҳои шӯравӣ кормандони ҳарбиро барои ифои вазифа ба ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ мефиристоданд. Ӯ баъдан дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) муовини комиссари ҳарбӣ шуд. Обутоби зиндагӣ ва ҷанбаи кории Карим меафзуд. Масъулиятшиносии баланд, ки дошт, тақдир ӯро с.1982 ба н.Қубодиён бурд ва давоми солҳои 1982-1990 комиссари ҳарбии ноҳия буд. С.1990 ба нафақа баромад. Азбаски кадри ҳарбии ихтисосманд буд, ӯро дар н.Қубодиён ба вазифаи сардори идораи МЧС таъин намуданд ва бо аҳли оилааш дар ноҳия муқимӣ шуд, чунки фарзандонашон дар ин мавзеъ калон ва мактабхон шуда буданд. Дар ин ҷо дӯстони зиёд ва бо ҳамсоягон муносибати неку хуб дошт.

 

Қатли омми 200 бегуноҳ дар чоҳи оҳак

С.1992 ба сарнавишти зиндагии осудаи мардуми тоҷик хатти бутлон кашид. Муллоҳои наҳзатӣ мардумро ба 2 тараф ҷудо карданд. Дар Қубодиён низ дастаҳои сиёҳкоре пайдо шуданд, ки аз ҳисоби дӯстони содиқу собиқашон душман мекофтанд. Одамоне, ки ҳатто дар ягон ҷонибу сангар набуданд, қурбони ҷаҳолати гурӯҳҳои сияҳкор шуданд. 11.11.1992 гурӯҳи сиёҳкорони экстремистони исломӣ, 3 тан шахси бегуноҳро, ки дар ферма кор мекарданд, сар бурида, каллаҳои буридаро сари роҳ гузоштанд. Бо ин аъмоли ғайриинсонӣ одамонро тарсониданӣ буданд, ки метавонанд бо чунин даҳшатафзоӣ танҳо онҳо қодир бошанд. Аҳолии деҳаи ба номи Охунбобоев (ҳоло ба номи Нусратулло Махсум) аз чунин амали сиёҳкорон воқеан ба даҳшат афтода, ба мошину автобусу тракторҳо савор шуда, сӯи совхози “50-солагии СССР” раҳсипор шуданд. Аҳли хонаводаи Гулов, ки 11 нафар буд, қатори дигарон гуреза шуданд. Худи комиссар дар хонааш монд ва бовар дошт, касе ба ҷони ӯ қасд надорад, чунки хизмати софдилонааш ба халқу Ватан расида буд. Вале ин тавр нашуд. 1 гурӯҳи исломистон ба хонааш зада даромада, чун шағолони гурусна ба Карим дарафтода, бо дуруштии махсус ӯро зада-зада, бо сим бастанд ва кашолакунон аз саҳни ҳавлияш берун бароварданд. Шағолзодаҳои сиёҳкор ба ғорати хона сар карданд. Худи ҳамон рӯз 200 тан аз сокинони деҳаро ҷамъ карда, дар чуқурии оҳакдори паси бинои Кумитаи иҷроияи ноҳия (дар қабристони паҳлӯи мактаби русии миёнаи №2) парронданд. Гулов низ аз ҷумлаи кушташудаҳо буд, ки то вопасин нафас умед дошт, ки ба ин сиёҳкорон низ рӯзи ҳисобӣ мерасад.

Фирор ба Қалъаи Золи Зар

Гурезаҳои маҷбурии деҳаи Охунбобоев 1 рӯз дар масҷиди ҳудуди совхози “50-солагии СССР” рӯзро бо тарсу ваҳм гузаронида, субҳи барвақт пас ба совхози “Ватан” раҳсипор шуданд. Байни онҳо зану фарзандони комиссар низ буданд. Роҳи умеди ягона зинда мондан барои ин гурӯҳи хору зор убури марзи собиқ СССР ва ба хоки давлати Афғонистон пинҳон шудан буд. Гурезаҳо дар сарҳад аз 11.11.1992 то 6.12.1992 монданд. Баъд марзбонон онҳоро ба он сӯи марз ба воситаи амаду кемаҳо гузарониданд. Гурезагони аз Ватан дур афтодаро деҳаи Тарбузгузари Афғонистон ба оғӯши худ гирифта, мавлавии деҳ ба онҳо раҳнамоӣ намуд, ки ба қалъаи Золи Зари вилояти Балх раванд. Гуфт, он ҷо хеле амн аст ва маслиҳат дод, ки пагоҳии барвақт баъди азони намози субҳ ба роҳ бароянд, то бо сагони одамхӯри саҳро вонахӯранд. Кӯдаки 4-соларо гоҳ модару гоҳ апаю бародаронаш бар дӯш гирифта, сӯи қалъаи Золи Зар раҳсипор шуданд. Баъд аз он ҷо ба деҳаи “Дашти гӯри мор”-и Мазори Шарифи вил.Балх расиданд. Дар ин мавзеъ аз 6.12.1992 то 24.02.1993 ҷойгир шуда, дурӣ аз ватан, оворагию саргардониро чашиданд.11 нафар зану фарзандони Гулов 24.07.1993 ба ватан баргаштанд.

Ба Ёвон-сӯи оромӣ

Имрӯз ҳар яке-фарзанду набераю абера давоми ҳаёти комиссар мебошанд. Раҳим Гулов-бародари Карим Гулов дар н.Ёвон мудири Идораи суғуртаи ноҳия шуда кор мекард. Ба зангҳои телефонии Юсуф ҷавоб дода, баъдтар ба н.Қубодиён барои овардани додарзодагонаш рафт. Онҳоро сарҷамъ ба Ёвон оварда, ҳукумати ноҳия барои онҳо манзили истиқоматӣ ҷудо намуд ва 26 сол боз, оилаю фарзандони Гулов зери осмони соф, дар фазои озоди Ватан осуда нафас мекашанд. Юсуф-фарзанди комиссар баъди хатми ДДТТ касби табибиро пеша кард. Ҳоло директори муассисаи давлатии Хона-интернати пиронсолону маъюбони н.Ёвон ва парастори 112 ниёзманд асту бо дили софу нияти пок дар хизмат. Ба чеҳраю симои кӯдакону пиронсолони яккаву танҳо менигараду шукр мекунад, ки дар як Ватани орому осуда зиндагӣ доранд. 

Зайнулобиддин Ҳусейнов,

деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter