ХАБАРИ ДОҒ

Дод аз дасти Гавҳар Шарофзода!!! (Номаи саркушода)

  • Чоршанбе, Сен 04 2019

 

Ба таваҷҷӯҳи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати ҶТ, муҳтарам Султонзода Сулаймон

Президенти АУ ҶТ, муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ

Раиси ИЖТ, муҳтарам Исмоилзода Зиннатулло

 

Газетаи мардумии «СССР» чун ҳафтаномаи фарҳангӣ-сиёсӣ соли 11-ум аст, ки дар фазои иттилоотии кишвар озодона фаолият карда, дар таҳкими сиёсати давлатӣ, мубориза бо экстремизм, ифротгароӣ, терроризм нақши бориз дорад. Газетаи мо мунодии демократия ва озодии баён дар ҶТ аст, ки тирҳои душманони иттилоотиро, ки мехоҳанд кишвари моро чун кишвари ғайриозод ва ғайридемократӣ муаррифӣ кунанд, бар хок меафганад. Ба пиндори инҷониб нафаре нест, дар Тоҷикистон, ки СССРро надонад ва ё нахонда бошад. Ин ҳама фаолияти созандаи мо дар партави сиёсати хирадмандона ва дастгирии бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз матбуоти озод роҳандозӣ шуда, аз фазои мусоид баҳри рушди ВАО-и хусусӣ гувоҳӣ медиҳад.

Вале мутаассуф ҳастанд нафароне, ки аз вазифа суистифода карда, аз хусумати фардӣ кор гирифта, бо ҳар роҳ мехоҳанд, даҳони матбуоти озодро банданд ва ё дар кори онҳо халал ворид созанд. Ва яке аз чунин афрод, ки пайваста тӯли 1 солу 3 моҳи ахир редаксияи моро мавриди фишори равонӣ қарор додааст, Гавҳар Шарофзода-Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин бону сар аз 18.05.2018, ки ба гуфтаи худаш гӯиё бо дастури Прокурори генералӣ хатоҳои имлоӣ, корбасти вожаҳои ғайритоҷикӣ ва душворҳазми арабиро дар газетаи мо санҷидааст, то ҳанӯз бо матбуоти озод муборизаи беамон мебарад. Ҳамаи ин гирудор аз он сар шуд, ки Г.Шарофзода ва Кумитаи зертобеаш дар газетаи мо мавриди танқид қарор гирифт. Бархӯрди Раиси ин Кумита бо танқиди созанда ва чапгирии ин бону газетаро ба маъноест, ки бояд нафаре «Пишаки ӯро дар Тоҷикистон пишт нагӯяд!».

Ҳарчанд мо ба эродҳои Шарофзода дар доираи талаботи Қонуни ҶТ (Дар таҳрири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.03.1992 №599, 22.04.1992 №632, 1.02.1996 №223, 12.12.1997 №498, 11.12.1999 №895 ва 10.05.2002 №38) «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма»…дар саҳифаҳои газетаамон посухи расмӣ додем ва исбот кардем, ки эродҳои ин ниҳод ба талаботи қонунгузории мавҷуда дар бораи матбуот созгор нестанд ва агар малеҳтар карда гӯем, бесаводонаанд, зеро ин Кумита дар аксари маврид вожаҳои сирф Тоҷикиеро, ки худашон намефаҳманд, русӣ ва хориҷӣ эълон мекунанду журналистонро аз корбасташ манъ мефармоянд, онҳо боз ҳам пофишорӣ доранд, ки гӯиё ба онҳо посух надодаем... Чунин рафтор, ки «чизе ба ман писанд нест, ту бояд нанависӣ!», ба маънии томаш шеваи сензураи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳотро ифода мекунад, на бешу на кам.

 

 Феҳристи посухҳои расмии СССР ба Шарофзода:

1.СССР, №8(545), 21.02.2019, «Чӣ бояд кард?» (Памфлет);

2.СССР, №20(557), 16.05.2019 «Газетнависии Фирдавсӣ ва пофишории Гавҳар-апаамон» (Памфлет-2);

3.СССР, №24(561), 13.06.2019, «Тоҷикем, ё тАҷик???»

(Луқмае ба Гавҳар-апа Шарофзода-ҳомии миллату забони давлатӣ)

Вале агар Г.Шарофзода рӯзнома нахонад, магар ин айби мост? Ӯ муваззаф аст, мақолаҳоро хонад ва тибқи Фармони Президенти ҶТ таҳти №622 ба редаксия посух гардонад. Вале ба назар мерасад, ки ин масъули давлатӣ аз амру фармону дастури Президент низ сарфи назар мекардааст. Ба посухи расмии мо дар саҳифаҳои газета нигоҳ накарда, Шарофзода боз ҳам ба Прокурори Генералӣ муроҷиат кардааст, ки гӯиё мо ба онҳо «ҷавоб нагардонидаем», «ислоҳ нашудаем» ва «ифтихороти мардуми кишварро бедор намекардаем»…

Ба ҳамин шева Муовини якуми Прокурори генералии ҶТ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2, мӯҳтарам Назарзода Ҳ.Н. аз 05.08.2019 №25/27-73 ба мо номаи расмӣ нигоштааст…

Воқеан ҳам агар эродҳои дақюнусии Г.Шарофзодаро ба назар бигирем, ҳам вожаи «Прокурор» ва низ «генералӣ» ғайритоҷикиянду бояд корбаст нашаванд. Яъне Прокуратураи генералӣ низ бояд тағйири ном кунаду Агентии мубориза бо коррупсия низ ва Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти ҶТ ҳам. Зеро бар тибқи эродҳои Шарофзода «коррупсия», «президент», «прокурор», «генерал» (сар аз лейтенант то генерали Армия…) низ калимаҳои ғайритоҷикиянд.

Қазияро ба дарозо намекашем. Аз ҳамин эродҳои кӯчак бармеояд, ки мӯҳтарама Шарофзода шояд забонро аз ҳама хуб донад (ҳарчанд эродҳои мо исботи баракси ин иддаоянд), вале аз замона хеле қафо мондааст, ки барои 1 Кумитаи давлатӣ ҷои таассуф аст. Набояд забони имрӯзаро, ки тавассути Интернет ҷаҳонитар мегардад, бо шеваи асримиёнагӣ сензура карду вожаву ибораҳои муосирро зиндонӣ! Бо ин роҳ мо забонро ҳам мекушему миллатро низ! Зеро миллате аз дастовардҳои нанотехнологӣ худро канор мекашад, маҳкум бар маҳв аст!!! Ана ҳамин гуна эродҳоро Шарофзода бар газетаи мо барчидааст. Шояд ин вожаҳоро, ки ба даъвои ӯ газетаҳо бояд корбаст накунанд, дар Академияи Улум ва Институти забоншиносӣ баррасӣ созанд, то матбуоти озод аз ситами ин Кумита раҳо шавад? Бархеро ин ҷо меорем:

-оппозитсия, республика, сиркач, дефицит, редколлегия, газета, коллектив, паспорт, дивизия, бокс, кандидат, фермер, инфаркт, инсулт, руасо, вузаро, сутур, суфуф, уламо, оқсо (шояд Ақсо будагист?)…Ва акнун Русия ва Маскав…низ аз ҷониби ин бону калимаҳои мамнуъ эълон шудаанд. 

Пас мо-журналистон бояд чӣ нависем? Шояд ҳар мақолаамонро Шарофзода ислоҳ ва таҳрир кунаду баъд чоп? Чунин бархӯрди фардии раиси 1 Кумита имиҷ-обрӯи сиёсии Тоҷикистони азизро, ки бо кӯшишу талошҳои бевоситаи Сарвари Давлат зарра-зарра ҷамъ шудааст, оё намерезонад???

Дар бораи аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷоҳо бошад, Шарофзода бояд бештар аз дигарон донад (агар воқеан медонад), ки сарфу наҳв-грамматикаи забони Тоҷикӣ дар барномаи Майкрософт-Ворд нест! Ва то пул додаву расман алифбои кирилликасоси Тоҷикӣ ва қоидаи имлову сарфу наҳву грамматикаи забони давлатӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет тавассути ВОРД ворид нагардад, компютер вожаву ҷумлаҳои моро аз сатр ба сатр бе ғалат на-ме-гу-за-ро-над!!! Мо дар ҳайратем, ки чаро раиси Кумитаи забон ва истилоҳот то кунун ин мушкилро ба Ҳукумати марказӣ пешниҳод накардааст?! 

 

Худи Кумита дар чӣ ҳол аст?

Муҳимтар аз ин ҳама, моҷароҳое, ки дар худи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ мегузаранд, нигаронкунандаанд. То ҷое кормандони ин Кумита ба мо шикоят овардаанду бовар дорем, шумо мӯйро аз хамир ҷудо мекунед, дар давраи роҳбарии Г.Шарофзода як зумра кору боре гузаштааст, ки зеби давлатдории мо нест. Шикваи кормандонро, ки аз тарси ситами Шарофзода ному насабашонро нагуфтаанд (баъди шурӯъи тафтиш ҳатман ошкор мекунем насабашонро), айнан меорем. Даъво надорем, ки 100% онҳо рост мегӯянд. Шумо бояд тафтиш кардаву ҳақро ба ҳақдор расонед;

1.Шарофзода соли 6-ум аст, ки ин ниҳодро сарварӣ дорад. Ҳарчанд тибқи меъёри мавҷуда сарварони идораву кумитаву ниҳодҳо дар 5-сол ҳатман иваз мешаванд;

2.Аз 17 коргари Кумита танҳо 8 нафар мутахассисанд;

3.2 журналисти ТВ аз ҳамин Кумита маош мегиранд;

4.Дар тӯли 6 сол ҳудуди 40 нафар (!!!) коргар иваз шудааст (Кумитае, ки 17 коргару ҳамагӣ 8 мутахассис дорад!!!);

5.Шоҳписанди Умаралӣ, духтари Шарофзода, қабл аз рухсатии таваллуд (декрет) ба Кумита ба кор гирифта шудаву сипас ба рухсатӣ рафтааст (ҳол он, ки дар 1 Идора кор кардани хешони наздик манъ аст);

6.Ҳамасола барои мошини хидматии Кумита 1000 литр бензин ҷудо мешавад, ки аз рӯи меъёри муҳаррик бо ин 1 тонна бензин метавон 10.000 километрро тай кард (Куҷо рафта бошад раисаи мӯҳтарами мо?);

7.Нашрияи «Ганҷи Забон»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, ки бо теъдоди 2000 дона нашр мешавад, аслан на дар фурӯш аст, на дар идораҳо. Гуфта мешавад, ки ҳамаи газета пас аз нашр чун макулатура фурӯхта мешавад;

8.18.05.2019 дар Кумита шанбегӣ буду кормандон бо белу каланди талбида ё худӣ ба кор баромаданд (яъне ҳатто белу каланду ҷорӯб надоранд, ҳол он ки пул ҷудо мешавад);

9.Раъно Мирзоева-мудири бахши экспертизаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ аз болои Г.Шарофзода ба Дастгоҳ шикоят мебараду мактубаш бо сабабҳои номаълум рост ба дасти Шарофзода меояду ӯро аз кор озод мекунад;

10.Шарофзода ҳамчун мударрис дар Донишкадаи Идоракунӣ ва Институти Забонҳо номнавис шудаасту ҷояш дарсҳоро бештари вақт Дилшод Сатторзода-кормандаш мегузаронад. Маошро яке мегираду дарсро дигар кас мегузарад, ки айни савоб нест.

Бо ҳамин иктифо мекунем. Хотиррас мешавем, ин 10-банди шикояти худи кормандони Кумита буданд, ки ба редаксияи мо ворид шудаанд ва эҳтимолияти сараву носара будани ин далелҳоро танҳо мақомот баъди тафтиши мӯшикофона дода метавонанд. Ҳоло суолҳо сари буҷаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, ки ҳамасола ҳудуди 1 млн. (900.000) сомонӣ ва дар тӯли 6 сол 5,4 млн сомонӣ ҷудо шудаасту ин маблағи бузург ба куҷоҳо рафтааст, мо баҳс намекунем. Вале сари ин мавзуъ ҳатман бармегардем. Зимнан аз ҳамаи шумо, чун сарварони ниҳодҳои калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархости журналистӣ дорем, ки ин мавзуъро таҳти пажӯҳиш қарор дода, ба редаксияи газетаи мардумии СССР посухи расмӣ нависед. Мо ҳатман нашр мекунем. Мо Метавонем!

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter