ХАБАРИ ДОҒ

Чархаи 2-юми НБО «Роғун» ба кор даромад!

  • Душанбе, Сен 09 2019

 

Субҳи имрӯз, 9.09.2019 бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавӣ агрегати дуюми НБО «Роғун» ба кор дароварда шуд.

   Чӣ тавре хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии СТ-4, нақби нақлиётии Т-9, нақб ва шахтаи ҳаворасон, шахтаи нақби турбинаи агрегати рақами 1, майдончаи сохтмони рақами 5А ва баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 шинос шуда, дар мавзеи бунёди нерӯгоҳ сифати корҳоро дар нақби сохтмонии СТ-4 назорат карданд. Нақби сохтмонии СТ-4 дар маҷмӯъ, бо дарназардошти баромадгоҳаш 1798 метр дарозӣ дорад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сонияро ташкил мекунад.

Нақби обпартои сохтмонии СТ-4 барои партофтани об дар давраи серобӣ дар ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ аз сатҳи 1090 метр то 1210 метр хизмат мерасонад.

Ду нақби обпартои болоӣ, ки аз сатҳи 1190 метр сохта мешаванд, ба шохаҳои СТ-4 мепайванданд ва қобилияти обгузаронии ҳар кадом аз онҳо 1750 метри мукаабро дар як сония ташкил мекунад. Қисми охири нақб, ки аз ду шоха иборат мебошад, дар вақти  истифодабарии нерӯгоҳ низ хизмат хоҳад кард. Иттилоъ дода шуд, ки даромадгоҳи нақб дар сатҳи 1190 метр қарор дошта, пурра сохта шуда, қутри он 15 метрро ташкил медиҳад.

    Инчунин, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз сарбанди нерӯгоҳ боздид ба амал оварданд. Сарбанди Роғун то сатҳи 1065 метр аз сатҳи баҳр бардошта шудааст ва дар он 6 миллион метри мукааб масолеҳи сохтмон рехтаву қабат ба қабат хобонида шудааст. Ҳоло сатҳи оби обанбор ба 1058 метр расонида шудааст ва он имкон фароҳам меорад, ки ду агрегати навбати аввали нерӯгоҳ фаъолият намоянд. Дар обанбори “Роғун” то имрӯз ҳамагӣ тақрибан  200 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст.

   Бояд гуфт, ки маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳи барқи обии “Роғун” мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш гардида, ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.

   Ёдовар мешавем, ки агрегати якуми НБО «Роғун» рӯзи 16.11.2019 дар шароити тантанавӣ ба кор андохта шуда буд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter