ХАБАРИ ДОҒ

Нақши Дуо дар Фарҳанги Ориёно

  • Чоршанбе, Сен 18 2019

 

 

Агар аҳамият додаед, ҳизбу ҳаракатҳои нави иртиҷоӣ мехоҳанд Дуои Тоҷикиро аз миён бардоранд! Чаро? Зеро Дуо маҳди Фарҳанги ориёист ва бо маҳви он экстремизми ақидатӣ метавонад андешаи Миллиро маҳв созад…

Навъи Дуо

Дуо дар Кӯлоби бостонӣ, вобаста ба ҳадаф ва мазмун намудҳои зиёд дорад, чунончи дуои фотеҳа ё кушоиши кор, дуои сари дастурхон, дуои сафар, дуои хоси маросимҳои мардумӣ, дуои хатми Қуръон, дуои пасазнамоз, дуои муборакбодӣ, дуои хайр ба арвоҳ, дуоҳои табобатӣ, дуои пеш аз хоб, дуои бад ва дигару дигар…».

Навъҳои дуо, ихчам, лухт, муайян ва шикастнопазиранд, ки тақрибан дар тамомии мавзеъи Тоҷикистон бетағйир ба гӯш мерасанд. Анвоъи дуо, ки моломол аз сухани қофиядор, насри мусаҷҷаъ аст, намунаи беҳтарини лутфи мардумианд, ки бо мурури вақт суфтаву хеле гӯшнавоз шудаанд.

Бархе дуоҳо аз Зардуҳушт ва оини оташпарастӣ то мо омада мерасанд:

«Испанд испанд дуд кун, балоҳора дур кун!» Ин дуо аз Зардуҳушт ва оташпарастӣ маншаъ мегирад, ки ба бовари мардум, дуду оташи испанд деву ҷинҳоро аз хона бадар карда, ба соҳиби хонадон фараҳу нишот ва офият меорад. 

Мардумшиносон мегӯянд, дуо шаклу тобишҳои зиёде дорад, ки агар ағлаби он мутааллиқ ба дини мубини Ислом аст, пас бархи дигар, амсоли ҳамин дуои сипанд ба оинҳои зардуҳуштӣ бастагӣ доранд. Ва аммо навъи дуое, ки ҳамакнун мо дар борааш хоҳем гуфт, махсусияти вижа дорад ва ростӣ то ҳамин дам ман ҳам намедонистам, ки он шомили анвоъи дуо будааст. 

Дилшод Раҳимӣ, фолклоршиноси номӣ дар сӯҳбат бо муаллифи ин матлаб гуфт: «Нӯшбод, ё тости русӣ, ки маъруфтар аст, дар асл дуост, ки ба гунаи дигар мардум бо нӯшбод ба соҳиби дастурхон дуои нек медодаанд.»

 

Дуо дар назми клоссик

Клоссикони назми форсии тоҷикӣ рубоиёту дубайтиву мадҳу қасоид офаридаанд, пас ба истилоҳи мардумшиносон, онҳо дуо додаанд, на чизи дигар: «Ё раб, камоли офиятат бардавом бод!», ё худ «Ғорат куниву моли ятимон бубарӣ, Кофар бошам агар мусалмон бошӣ!». Ин ҳам дуост. Дуои Ҳилолӣ бар бедодгарии Убайдуллохони ӯзбак, ки Хуросонро ба дасти қатл дода буд.

 

Дашном ҳам…Дуост!

Дар баробари накӯиандешӣ, ки маншаъ аз гуфтори неки зардуҳуштӣ мегирад, дашном ҳам дуо будааст. Азизи Азиз-нависандаи атфол мегӯяд: «Дашном ҳам дуои бад аст! Масалан, агар ягон касро «хар» гӯянд, пас ин дуои бад дар ҳаққи ҳамон нафар аст, ки хӯи бад доштааст!» Санъати мусаҷҷаъ, ё сухани қофиядор дар дуоҳои мардумӣ ба 2 гуна ба чашм мехӯранд, ки назирашон дар адабиёти клоссик нест. Зеро дар дуо на танҳо феълҳо, ки тамоми ҳиссаҳои нутқ қофиябандӣ шудаанд. Мисол:

-Хоб кардум ба дасти рост, Дасти чапум ай қафост, Хестанум амри худост! Ин дуои хоб буд, ки ба таъбири мардумшинсоон дар ҳама гӯшаи кишвар бо лаҳаҷоту гунаҳои мухталиф, аммо ҳаммаъно қабл аз хоб мардум мехонад.

Байни талбандагон, хоса лӯлиён дуогӯҳои касбӣ ҳастанд, ки дар бастагӣ ба ҳаҷми хайрия дуоро метавонанд тӯл диҳанд. Ва аммо ҳаргиз қолаби дуоҳо тағйир намеёбад. 

Дуоҳои мардумии Кӯлоби бостонӣ, дар 3-4 ҳазорсола, ки ҷамъияти мо чандин бор дину мазҳабашро тағйир додааст, ба ҳеҷ ваҷҳ газанд надидаанд. Зеро колои зодаи тахаййули мардум ба дилҳо асар дорад ва роҳӣ сӯи абадият аст!

Дар охир, ман сардабири СССР, ба ҳама хонандагони ин сутури ҳақир, сипос мегӯям: Илоҳо, ҳазорсола шавед ва рӯи ғаму дардро набинед! Омин (ин ҳам Дуо буд!!!). Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter