ХАБАРИ ДОҒ

Иншооти ҷашние, ки дар Кӯлоб ба истифода дода шуд…

  • Чоршанбе, Сен 18 2019

 

Фабрикаи парандапарварӣ

Сохтмони фабрикаи парандапарварӣ дар деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Кӯлоб  ҷойгир буда, бо маблағгузории соҳибкор Одинаев Масидиқ барои 100 ҳазор паранда сохта шуда истода, дар марҳилаи аввал барои 50 ҳазор парранда таҷҳизот ворид мешавад. Масоҳати қитъаи замини зер ва атрофи он 5,05 га-ро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолӣ 85-100 ҳазор тухм дар як рӯз ва дар марҳиллаи аввал истеҳсоли 48-50 ҳазор тухм ба нақша гирифта шудааст. Таҷҳизоти он истеҳсоли туркӣ буда, ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ харид шудааст. Фабрикаи парандапарварӣ дорои амбори захираи хурок ва дигар иншоотҳои ёрирасонро дар бар мегирад ва аз рӯи лоиҳа иҷрои 12,9 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ гардидааст. Дар сохтмони фабрикаи парандапарварӣ 30 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб  карда шудаанд. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи  ташкилоти лоиҳакашии КФ КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Кулоб таҳия ва пешниҳод гардидааст. Сохтмон моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, моҳи сентябри  соли 2019 пурра ба истифода дода мешавад.        

Боғи «Роҳи оҳанчиён»

Боғи «Роҳи оҳанчиён» дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, масоҳати қитъаи замини зер ва атрофи он 5,3 га-ро ташкил дода, пурра азнавсозӣ карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории  КВД “Роҳи Оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба маблағи беш аз 10 миллион  сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Архиком» таҳия ва пешниҳод гардида, корҳои  сохтмонӣ  аз тарафи  КВД Роҳи Оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад. Дар сохмони мазкур зиёда аз 250 нафар мутахассисон ва коргарони корхона ва коргарони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

Марҳилаи аввали МТМУ №43

Мавзеъи ҷойгиршавии МТМУ №43 дар маҳаллаи 20-ум ҷойгир буда, бо маблағгузории Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ  сохта  мешавад. Масоҳати қитъаи замини он 2,0 га-ро ташкил медиҳад. Муассиса толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншоотҳои ёрирасонро дарбар мегирад ва арзиши корҳои сохтмонӣ аз рӯи лоиҳа 13,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сохтмони муассиса беш аз 150 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб  гардида, корҳои сохтмониро пудратчиён ҶДММ «Паргор»,  «Сайёр» ва «Сохтмон тиҷорат» ба зимма доранд. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи  ташкилоти лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар» пешниҳод шудааст. Сохтмони бинои мактаб соли 2015 оғоз гардидааст.

Баландошёнаи истиқоматӣ

Мавзеъи ҷойгиршавиш дар кӯчаи С.Сафарови шаҳр буда, бо маблағгузории соҳибкор Акрамов Алишер сохта  шуда истодааст. Масоҳати  замини зер ва атрофи он  0,23 га-ро ташкил медиҳад. Бино бисёрошёнаи истиқоматӣ буда 8 ошёнаро дар бар мегирад, дар таҳхонаи он таваққуфгоҳ, ошёнаи якум маркази хизматрасонӣ ва ошёнаҳои боқимондаро хонаҳои истиқоматӣ  дар бар гирифта, аз рӯи лоиҳа иҷрои 20 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар сохтмони бино  80 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд ва корҳои сохтмониро ҶДММ «ААА- СОХТМОН» ба зимма дошта, лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Архиком-К» пешниҳод гардидааст. Сохтмон соли 2018 оғоз шудааст.

 Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ

Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар хиёбони И.Сомонӣ ҷойгир ва масоҳати қитъаи замин ва атрофи он 5,8 га аст. Корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории Ширкати «Талко» ба маблағи беш аз 28 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Вертикал» пешниҳод шуда, корҳои сохтмонӣ аз тарафи КВД «Алюминсохтмон» амалӣ шуда истодаанд. Дар сохтмон беш аз 190 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Гулгашти Амиршоев

Гулгашт ба номи Сафар Амиршоев дар кӯчаи Н.Абдулҳақов (Бульварная) ҷойгир мебошад. Масоҳати замини зер ва атроф 2,26 га-ро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ бо маблағгузории Вазорати молия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 16  миллион  сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи сохтмон аз ҷониби ташкилоти лоиҳакаши ҶСК «Шаҳрофар» пешниҳод гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Мега техника-иншоот» амалӣ шуда истодааст. Ба корҳои сохтмонӣ зиёда аз 190 нафар мутахассисон ва коргарони корхона ва шаҳрвандони шаҳр ҷалб шудаанд.

 Коллеҷи ҷумҳуриявии санъат

Мавзеъи ҷойгиршавиаш кӯчаи С.Сангов буда, бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳиллаи аввали он  сохта  ва азнавсозӣ шуда истодааст. Масоҳати  замини зер ва атрофи он 0,23 га-ро ташкил медиҳад. Коллеҷи ҷумҳуриявии санъат ба номи Кароматулло Қурбонов аз рӯи лоиҳа иҷрои 2,1 млн сомонӣ корҳо пешбинӣ гардидааст. Дар сохтмони бино  25 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд ва корҳои сохтмониро ҶДММ «Фаридун» ба зима дошта, лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии ҶСК «САНИИОСП» пешниҳод гардидааст. Сохтмони мазкур аз моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, марҳилаи аввали он сохта ба истифода дода шуда, марҳиллаи дуюми он то охири соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад.

Беморхонаи Перинаталӣ

Бинои беморхонаи перинаталӣ дар маҳаллаи Борбад ҷойгир буда корҳои сохтмонӣ с.2017 оғоз шуда, масоҳати қитъаи замини зер ва атрофи он 2,77 га-ро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа сохтмони бинои беморхонаи перинаталӣ 5,5 млн Евроро ташкил дода, аз тарафи Бонки Рушди Олмон маблағгузорӣ шудааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти Лоиҳакаши ҶДММ «Неъмат-2010» таҳия ва пешниҳод гардида, масъулияти пешбурди  корҳои сохмонӣ ба зиммаи ҶДММ «Махсус» гузошта шудааст. Ба корҳои сохтмонӣ 30 нафар мутахассисон ва коргарон аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

 

Боғи фарҳангӣ-фароғатии Вализода

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода (собиқ боғи 15-солагии Истиқлолият) дар кӯчаи 1-уми май ҷойгир аст. Масоҳати қитъаи замини зер ва атрофи он 3,1 га-ро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба маблағи 6,8  миллион  сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии КФ КВД «Лоиҳакаш»-и ш.Кӯлоб пешниҳод гардида, корҳои  сохтмонӣ  аз тарафи  ҶДММ «Фаридун» амалӣ шуда истодаанд. Ба корҳои сохтмонӣ зиёда аз 90 нафар мутахассисон ва шаҳрвандони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

Бинои ҲХДТ

Бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хиёбони И.Сомонӣ ҷойгир аст. Масоҳати қитъаи замин ва атрофи он 0,03 га-ро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории аъзои ҳизб ба маблағи 925.000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти лоиҳакашиии КФ КВД «Лоиҳакаш»-и ш.Кӯлоб таҳия ва пешниҳод гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Н-Зоҳир» амалӣ шуда истодааст. Ба корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 нафар мутахассисон ва коргарони корхона ва шаҳрвандони маҳаллӣ ҷалб шудаанд ва сохтмони мазкур с.2017 оғоз гардида буд..

 Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак»

Бинои Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» дар маҳаллаи Ш.Шоҳин ҷойгир мебошад. Масоҳати қитъаи замини зер ва атрофи он 0,042 га-ро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории оилаи Қурбоновҳо ба маблағи 1,8 милион сомонӣ сохта шудааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти лоиҳакаши КФ КВД «Лоиҳакаш»-и ш.Кӯлоб таҳия ва пешниҳод гардида, корҳои  сохтмонӣ аз тарафи  ҶДММ «Инженер-А» амалӣ шуда истодаанд. Сохтмони мазкур соли 2016 оғоз шуда буд.

 Маркази ҷароҳии дил

Бинои Маркази ҷароҳии дил дар маҳаллаи Ш.Шоҳин ҷойгир аст. Масоҳати қитъаи замини зер ва атрофи он 0,36 га-ро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории бо маблағҳои бонки миллӣ сохта шуда, ба тавозуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 12 миллион сомонӣ гузаронида шуда, ба маблағи умумии 850.000 сомонӣ таҷҳизоти замонавӣ воридот ва насб карда шудааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Архиком»-и ш.Душанбе таҳия ва пешниҳод гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2011 оғоз гардида буд. 

Бинои иловагӣ мактаби №2

Бинои иловагии таълимии назди МТМУ №2 дар маҳаллаи Борбад ҷойгир аст. Масоҳати қитъаи замини зер ва атрофи он 1,33 га-ро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории Бонки Саудии Рушд ба анҷом расонида шудааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи ҶСК «Шаҳрофар»-и ш.Душанбе таҳия ва пешниҳод шуда, корҳои  сохтмонӣ аз тарафи  ҶДММ «Султон» амалӣ мешаванд. Ба корҳои сохтмонӣ зиёда аз 100 нафар мутахассисон ҷалб шудаанд. Сохтмони мазкур соли 2011 оғоз ёфт.

Баландошёна дар кӯч.С.Сафаров  

Мавзеъи ҷойгиршавӣ дар кӯчаи С.Сафарови шаҳр буда, бо маблағгузории ҶДММ «Сабуров» сохта шуда истодааст. Масоҳати замини зер ва атрофи он  0,4 га-ро ташкил медиҳад. Бино бисёрошёнаи истиқоматӣ буда, дар таҳхонаи он таваққуфгоҳ, ошёнаи якум ва дуюм тарабхона ва маркази савдо ва ошёнаҳои боқимондаро хонаҳои истиқоматӣ дар бар гирифтааст. Дар сохтмони бино зиёда аз 250 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Крҳои сохтмониро ҶДММ «Комил-2010» ба зимма дорад. Сохтмон соли 2018 оғоз гардидааст.

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter