ХАБАРИ ДОҒ

 

 

«Ҳар иншооти ин муҷтамаъ рамзи худро дорад».

Аз суханронии Президенти ҶТ Э.Раҳмонов дар маросими ифтитоҳи маҷмааи меъмории «2700-солагии Кӯлоб», 10.09.2006.)

«Далелҳои таърихӣ ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи онҳо, аз ҷумла бозёфтҳои Қалъаи Чармгарон собит менамояд, ки Кӯлоб дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, аз рӯи мансубияти худ ба асрҳои неолит ва биринҷӣ яке аз шаҳрҳои қадимаи дунё мебошад».

* * *

«Дар давраи тӯлонӣ, яъне аз асри IX то ибтидои асри XI, замони инкишофи босуръати Хатлон буд, ки Кӯлоб яке аз шаҳрҳои он ба шумор мерафт ва дар ин марҳила ҳокимони он дар Хуросону Мовароуннаҳр нуфузу эътибори хосаро касб намудаанд».

* * *

«Дар асри XIX дар шаҳр ва манотиқи Кӯлоб шумораи мадрасаҳо беш аз 45 адад ва теъдоди толибилмони онҳо зиёда аз 30 ҳазор нафарро ташкил медоданд. Аз ин маълум мегардад, ки баъд аз Бухорои шариф дар пешрафти илму маориф ва фарҳанг Кӯлоб мавқеи хос доштааст».

* * *

«Дар тӯли ҳазорсолаҳо парвариши аспҳои зоти хатлӣ ва чорвои хурд ба шуғли асосии аҳолии Кӯлоб мубаддал гардида, ҳар сол аз ин ҷо то даҳ ҳазор сар аспҳои хушзот, инчунин садҳо ҳазор чорво ба Бухорову Самарқанду Фарғона ва дигар манотиқ бурда мешуданд…».

* * *

«Ба доираи илму адаб ва ирфонии Кӯлоб шахсияти бузург ва мутафаккири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ворид шуда, ба он тақвияти хоса бахшидааст. Эҷодиёти дигар шоирон, аз ҷумла Шамсиддин Шоҳин, ки дар Бухоро ӯро Афлотуни шоирон мегуфтанд ва Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Кангуртӣ ниҳоят ғанӣ ва гуногунранг мебошад».

 

«Ҷашни Кӯлоби бостонӣ иди таъриху фарҳанг аст»

Аз суханронии Президенти ҶТ Э.Раҳмонов дар маросими бошукӯҳи таҷлили ҷашни 2700-солагии ш.Кӯлоб, 10.09.2006.

* * *

 «Дар ҷараёни ҷустуҷӯйҳои археологӣ, омӯзишу тадқиқотҳо, ки солҳои охир сурат гирифтанд, шаҳри қадима ва маҳсули тамаддуни давлати Каёниён будани Кӯлоб низ муайян ва собит гардид».

* * *

«Дар асрҳои IX-X Хатлон, ки ҳудудаш аз қаламрави вилояти имрӯза хеле васеъ буд, яке аз вилоятҳои калонтарин ва дорои шаҳрҳои зиёди Хуросони бузург ба шумор мерафт. Аз ҷумла, танҳо дар ҳудуди минтақаи Кӯлоби имрӯза бо номҳои Искандара, Ҳулбук, Тамлиёт, Мунк, Маранд, Андичароғ, Форғар, Рустоқбек, Корбанг, Борсориғ як қатор шаҳрҳои ободу зебо вуҷуд доштанд, ки ҳоло аз онҳо дар ноҳияҳои кунунии Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Фархор ва Балҷувон нишонаҳо ва ёдгориҳои беназири бостонӣ боқӣ мондаанд».

***

«Маҳз дар натиҷаи баланд будани рӯҳи истиқлолхоҳии тоҷикон дар қаламрави Кӯлоби бостонӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ муборизаҳои озодихоҳона, аз ҷумла исёни ҳокими Хатлон – Мирка ба муқобили амир Темур, шӯриши сӯфиён таҳти роҳбарии Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, набардҳои озодибахши ҳокими Кӯлоб – Сарабек, шӯришҳои деҳқонон дар Муъминободу Ховалинг ва шӯриши Восеъ ба вуқӯъ омада, бо вуҷуди ба шикаст дучор шуданашон ғосибону давлатдорони аҷнабиро аз ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва озодиву истиқлолхоҳии худ ҳушдор карда буданд».

* * *

«Дар асоси нигоштаи устод Садриддин Айнӣ, матои алоча фақат маҳсули дасти ҳунармандони Кӯлоб буда, либоси аз он дӯхташуда хоси сарватмандони Бухоро гардидааст. Дар баробари ин шуғли гулдӯзиву куртаи чакан, ки маҳз дар ҳамин сарзамини бостонӣ ба вуҷуд омада, густариш ёфтааст, намунаи олии ҳунар ва либоси миллии занони тоҷик мебошад».

* * *

«Доир ба ҳаёти адабии Кӯлоб зикр намудан бамаврид аст, ки эҷодиёти намояндагони ин сарзамин ҷузъи барҷастаи адабиёти тоҷику форс мебошад. Зеро донишмандон ва шоирону адибони тамоми давраҳои таърихии он бо эҷодиёти баландғояи худ дар инкишофи илм ва адабиёт саҳми сазовор доранд. Хусусан маҳсули эҷоди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Одил, Бисмил Мулло Бурҳон, Мирзо Раҷаб, Маҳмудхоҷаи Балҷувонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Кангуртӣ ва бисёр дигарон дар адабиёти тоҷику форс мақому манзалати баландро касб кардаанд».

* * *

«Саҳми адибони Кӯлобро дар густариши илму адаб зикр карда,  мехоҳам хотирнишон намоям, ки санъати нодири фалаксароӣ маҳсули тахайюлоти бадеии мардуми кӯҳистон буда, он дар ташаккули суруду мусиқии суннатии мо – тоҷикон дастоварди барҷастаи фарҳангӣ мебошад. Дар таҳкими пояҳои он, ки дар баробари «Шашмақом» як рукни муҳими фарҳанги миллист, мардуми Кӯлоб низ нақши қадима дорад».

* * *

«Мувофиқи шаҳодати осори таърихӣ диёри Хатлонзамин таърихан диёри мардхез, ватанпараст ва истиқлолхоҳ буда, мардуми далер ва озодманишаш на танҳо ба муқобили Искандари Мақдунӣ, тохтутози арабҳову туркҳо ва дигар душманони дохиливу хориҷӣ мубориза бурдаанд, балки дар таҳкими давлатдории миллӣ, пуштибонии истиқлолият, ҳифзи ягонагии мамлакат, сарҷамъии миллат ва барқарорсозии харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ хидматҳои бесобиқа кардаанд».

 

Таҳияи

Умари ШЕРХОН

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter