ХАБАРИ ДОҒ

 

Ба таваҷҷӯҳи раиси КВД Роҳи Оҳани Тоҷикистон

Аз номи 1 гурӯҳ мусофирони қатораи Душанбе-Москва

 

Мо-1 гурӯҳ мусофирон аз самти Душанбе ба Москва сафар карда, соати 02:10 шаб аз Ватан баромадем. Баъди 1,5 соат ба истгоҳи даромади Ӯзбекистон расидем, то соати 03:40, яъне 2 соат мо дар кофтукоби гумруку сарҳадчиён қарор гирифтем. Баъдан боз қатора ба роҳ баромад ва баъди 3 соат боз дар баромадгоҳи Ӯзбакистон давоми 2 соат дар кофтукоби гумруку сарҳад қарор гирифта, ба самти Туркманистон сафар кардем. Дар даромадгоҳи туркман моро 2 соат манъ карданд. Баъди кофтукоби гумруку сарҳадчиён боз ба роҳ баромада, 5-6 соат пас боз дар ситами гумруку сарҳадчиён дар баромадгоҳи туркман мондем. Гармии ҳавои кӯча 45 дараҷа буду дохили вагонҳо бошад ба 55-60 градус мерасид!!! Тӯли кофтукоб моро намемонданд, ки ақаллан аз тиреза нафаси тоза кашем. Беш аз 10 мусофири Тоҷик аз гармии ҳаво беҳуш шуданд! Баъдан боз қатора ба роҳ баромад, ки ин дафъа низ даромади Узбекистон будааст. 2 соати дигар моро таку рӯ карданд. Дар гармии сахти тобистон термометри вагонҳо ба 55 градус баробар буд. Қариб 15 тани дигар аз ҳуш рафт!...Ҳоло дар бораи кофтукоб дар марзи Қазоқистону Русия чизе намегӯем. Он ҷо низ маҳз ҳамин моҷаро такрор мешавад. Зеро ҳадафи мо маҳз 2 кишвари ҳамсоя аст.

Муҳтарам кормандони КВД Роҳи Оҳани Тоҷикистон! Нафаҳмидем, ин қатораи Давлати соҳибистиқлол аст ва ё поезди ҷинояткашак??? Аз барои савоб, илтимос, ба доди мардум расед, охир бояд дар Узбакистону Туркманистон моро 1 бор кофтукоб кунанд ва он ҳам агар аз поезд фароем. Ин чӣ сиёсат аст, ки шумо дидаву дониста мардумро ин қадар дар азоб мемонед? Охир, чаро қатораҳои боркашонии шумо танҳо тариқи Узбекистон сафар мекунанду мусофирбарон тариқи Узбакистону Туркман? Ё Шарафу Нанги ҳаммиллатон камтар аз борҳоест, ки шумо тавассути Ӯзбакистон меоред? Агар танҳо тариқи Узбекистон поезд равад, чи қадар сарҳадҳо аз байн меравад ва масофа каму вақт замм мешавад. Донед, ки шумо ба мардум хизмати хирсона менамоед ва аз ин огоҳед. Оҳ, агар 1 маротиба шумо дар ин самт бо «Поезди ДӮЗАХ» сафар кунед, баъд ҳоли мардумро медидед.

Ҷоник Сафарзода‎,

журналисти муқими Маскав

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter