ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Номаи нотамом ба марде, ки мардиву мардонагӣ ройи ӯст

“Салом, рафиқ генерал! Аз дидори охир чанд сол гузашт, аммо то ҳанӯз таҳти тассуроти он рӯзҳо қарор дорам. Ёд дорам, он рӯз, вақте телефонӣ гуфтед, ки дар макони бунёди масҷидед ва баъд аз чанд лаҳза фориғ мешавед, хело тааҷҷуб кардам...

-Як қисми маблағ аз ҳисоби пасандози худаму фарзандонам аст. Раиси шаҳр Убайдуллоев ҳам каме пул ҷудо кард. Аммо агар ёрии мардум ва шахсони хайрхоҳу боимон намебуд, мо ҳатто пойдевори масҷидро сохта наметавонистем, - гуфт Абдулло Ҳабибов баъде, ки аз ӯ дар бораи харҷи сохтмон савол кардам.

   

Тӯҳмати баҳманӣ

 ...“Абдулло Ҳабибовро дар тӯҳмат печониданианд”, дӯстам шодравон Имомназари Холназар, ки ҳамроҳ дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”) кор мекардем, ин ҳарфҳоро дар ҳоле мезад, ки сахт нороҳат буд. Феврали соли 1990. 

-Бегаҳ Абдулло Ҳабибов баъди мулоқот дар кабинети Бурӣ Каримов бо хоҳиши ӯ касеро бо мошини хизматияш то хонааш расондааст. Дар Кумитаи марказӣ мегӯянд, ки гӯё ӯ бо истифода аз мансаб дар соати комендантӣ “ҷосус”-еро ҳамроҳӣ кардааст. Ба фикрам, ӯро дар тӯҳмат печониданианд, - гуфт Имомназар.

Аз байн чанд рӯз гузашт ва хабар расид, ки Абдулло Ҳабибовро аз мақомаш – раҳбари раёсати сиёсии Вазорати умури дохила барканор ва аз ҳизби коммунист хориҷ кардаанд. Ба ҷуз ҳамроҳӣ кардани “ҷосус” ба сараш гуноҳи дигар бор карданд - гӯё нависандаҳоро дар назди Хонаи адибон ҷамъ оварда, зидди давлат шӯрондааст. 

-Оқибат дар тӯҳмат печониданд мардака! Адолат нест, на дар ин дунё ва дар ин ҳизб! - бо қаҳр гуфт Имомназар ва афзуд – Гузаштам аз баҳри ин ҳизбаш...

Воқеъан ҳам пас аз муддате, баъде ки дар маҷлиси ҳизбӣ дар идораи рӯзнома Имомназару Шамсиддинро барои мусоҳиба бо Бурӣ Каримов муҳокима карданд ва фақат бо талоши чанд тани мо - коммунистҳои ҷавонтари «Тоҷикистони советӣ» Имомназарро аз ҳизб хориҷ накарданду ба ӯ танбеҳ бо сабт дар варақаи ҳизбӣ доданд, худи ӯ ариза навишта, аз узвияти Ҳизби коммунист даст кашид.

Аммо Абдулло Ҳабибов пофишорӣ кард, ки на фақат бегуноҳии худро собит кунад, балки билети ҳизбияшро баргардонанд. Ва ба ин муваффақ ҳам шуд. Додситонии кулл эътироф кард, ки дар аъмоли ӯ осоре аз ҷиноят нест. Рӯшан шуд, марде, ки он шом ҳамроҳияш карда буд, на гумошта, балки табиби беморхонаи ёрии таъҷилӣ будааст. 

 

Аз «хоинӣ» то депутатӣ

Ҳамон сол мардуми ноҳияи Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ) ӯро вакили Шӯрои Олӣ интихоб карданд. Дар маъракаи интихоботӣ чӣ тӯҳматҳое ба сараш назаданд, хоини Ватану миллату ҳизбаш номиданд. Казимир Косенко, раиси кумитаи ҳизби коммунист дар Вазорати умури дохилӣ, ки бо дастури вижа барои ҷилавгирӣ аз депутат шудани Абдулло Ҳабибов ба ноҳияи Маскав рафта буд, ноумед ба Душанбе баргашт ва ночор иқрор кард, ки шахси бадномкардаашон миёни мардум маҳбубияти зиёд дорад…  

Абдулло Ҳабибов фақат баъди вакили парлумон шудан тасмим гирифт, ки сафи Ҳизби коммунистро тарк кунад.

 

Аз майдони нанг то ҷабҳаи ҷанг

…Ҷанги шаҳрвандӣ. Манзараи шаҳри пур аз афроди мусаллаҳ дар мошинҳои сиёҳшишаву берақам, БТР-ҳои шитобон аз хиёбонҳо ва аз сӯи ниманизомиён ҷустуҷӯ шудани «одамони машкук» дар автобусу троллейбусҳо…Он рӯзҳои сахту даҳшатбор манзили Абдулло Ҳабибов паноҳгоҳи чанд тан аз рӯшанфикрону озодандешону журналистони “Чароғи Рӯз”-у “Адолат” буд. 

“Медонед, акаи Абдулло, боре Соҷидаи Мирзо қисса кард, ки чӣ гуна тирамоҳи соли 1992 ва зимистони соли 1993, дар ҳоле дар хиёбонҳои Душанбе “қапоқап” идома дошт, шумо ӯро ба манзилатон бурдед, то касе ба ӯ осеб нарасонад. Он солҳо на ҳама озодандешон муваффақ шуданд, ки аз дасти силоҳбадастон раҳоӣ ёбанд. Ман, ки солҳои навадум дар шаҳри Маскав мезистам, ҳамеша медонистам, ки дар Душанбе пуштибон дорам: Абдулло Ҳабибов. Он рӯзҳо то нафаси вопасин дар ёд хоҳанд монд - ҳар вақте ба Душанбеи харобазору пур аз низомиву ниманизомии саргиҷ сафар мекардам, шумо маро дар фурудгоҳ пешвоз мегирифтаед ва ба хонаатон мебурдед. То ҳанӯз ҳар гоҳ ҳавопаймо дар фурудгоҳи Душанбе пойин мешавад, диламро эҳсоси гарме фаро мегирад - тасаввур мекунам, ки пушти шишаи баромадгоҳ истодаеду сӯям даст меафшонед...”

 

Талафоти генералӣ

...Бори ахир бо Абдулло Ҳабибов замоне дидор дидем, ки аз даргузашти ҳамсараш апаи Ҳикоятмоҳ муддате сипарӣ шуда буд. Дар нигоҳи амиқу ҳамеша синчакоронаву андешамандонааш осори андӯҳро дарёфтам. Ӯ аз сафари Ҳаҷ сӯҳбат мекард ва  тахмин задам, ки он охирин хоҳиши апаи Ҳикоятмоҳи мариз буд. Ҳамаи онҳое, ки ҳадди аққал боре меҳмони хонаи Абдулло Ҳабибов шудаанд, шефтаи суханони нарму гарм ва меҳмоннавозии апаи Ҳикоятмо будаанд. Аммо дар сӯҳбати акаи Абдулло бароям дигар чиз ҷолиб буд: тамоми муддате, ки аз ҷойҳои муқаддас дар Маккаву Мадина зиёрат мекарданд, генерал ҳамсарашро бо аробачаи маъюбӣ мегардонд. Аз худ суол кардам, ки оё худи ман аз ӯҳдаи ин кор мебароям – дар ҳавои тафсон то кӯҳи Арафот бо аробача бурдани хонумам? Ҳанӯз посух пайдо накардаам.

“Сарнавишти масҷид чӣ шуд, акаи Абдулло? Хабаре расид, ки бо шуниданаш намедонистам бихандам ё бигирям - гуфтанд, ки дар бинои масҷид шӯъбаи милиса ташкил карданианд...  Як чиз комилан рӯшан аст – агар он биноро ба қассобхона ҳам табдил кунанд, дар забони мардум барои ҳамешагӣ чун “масҷиди Абдулло Ҳабибов” боқӣ хоҳад монд. Ва он ёдгоре хохад буд дар қатори он даҳ фарзанди солеҳ, ки ҳама хислатҳои неки шумо ва худораҳматӣ апаи Ҳикоятмоҳ дар рагу пайвандашон ҷо шудааст”.   

 Анҷоме, ки 100 оғозро оғоз аст...

...Осмон чодари сиёҳашро меғундорад, уфуқ арғувонӣ мешавад, шаҳр аз хоби ноз мехезад. Шаби бедорхобии ман ҳам поён меёбад, шабе, ки бо варақгардони дафтари хотираҳо сипарй шуд, хотираҳо дар бораи як Мард, як Инсон. Ва аммо номаи хаёлиям ҳанӯз нотамом аст... Ёдам омад, ки дар дидори ахир аҳд карда будем ба диёри бобоии Абдулло Ҳабибов меравем, ба диёре, ки як пораи кӯтоҳи умраш он ҷо гузаштааст, вале ҳеҷ гоҳ аз он канда набуд. Аз рӯи шунидам, дар бораи ватани бобоӣ ва мазору зиёратгоҳҳояш генерал Абдулло Ҳабибов ҳатто китобе иншо кардааст. Шояд дар ин сафар ба Тоҷикистон ҳамроҳ ба зодбумаш равем, ки ба кавли Бозор Собир дар растаҳои хокӣ ва кундаи хар чанору беду сафедораш 1 кӯзача кудакии тиллоии ӯ нуҳуфта аст… Ва аммо он достоне хоҳад буд дигар...

Сайидқосими Қиёмпур, 

Прага-Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter