ХАБАРИ ДОҒ

Қотили Исматча (Тӯрахонов) АФВ МЕШАВАД???

  • Чоршанбе, Сен 25 2019

 

 

Аз баҳманмоҳ то баҳманмоҳи Исмати Овулӣ

Азизмоҳ Ҳабибуллоева-ҳамсари Исматулло Ҳабибуллоев (“Исмати Овулӣ”) аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардааст, шавҳарашро, ки 19 сол боз зиндонист, авф кунад. Хотиррасон мешавем, Исмат аввалин президенти Тоҷикистон-Раҳмон Набиеви худораҳматиро дар аэропорти Душанбе гаравгон гирифта ва маҷбур кард, ки истеъфо диҳад. Ӯ ҳамчунин аз ташкилкунандагони бетартибиҳо дар моҳи феврали с.1990 дониста мешавад, ки дар натиҷа даҳҳо нафар кушта шуданд. Ҳоло 6 соли дигар то поёни ҳукми Исмат боқӣ мондааст. 

Ҳамсараш дар нома гуфтааст, ки шавҳараш бемор аст ва фарзандонаш ҳам мехоҳанд, падарро дар озодӣ бубинанд: «Нури чашмонаш рафтааст, як чашмаш комилан намебинад, чашми дигараш хира шудааст. Саломатиаш беҳад бад аст. Мо аз саломатии ӯ сахт дар ташвишем ва аз президенти кишвар мехоҳем, гуноҳаш бахшида шавад».

Исмат, ки яке аз раҳбарони ҳалқаҳои ҷиноии солҳои 90 дар пойтахти Тоҷикистон буд, баҳманмоҳи с.2001-ум дастгир шуд. Суди Олии ҶТ с.2002 ӯро барои ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла гаравгонгирӣ, ғасби ҳокимият, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ, одамкушӣ… ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Он замон дар Суди Олӣ гуфта буданд, ки Исмат мехост ба ҷони Маҳмадсаид Убайдуллоев-собиқ шаҳрдори Душанбе, Мирзо Зиёев-собиқ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (МЧС), Маҳмадрӯзӣ Искандаров-раиси собиқи ширкати «Тоҷикгаз» суиқасд ташкил кунад.

Тибқи манобеъи хабарӣ, Ҳабибуллоев айни замон дар зиндони воқеъ дар кӯч.М.Миршакари пойтахт нигаҳ дошта мешавад.

 

Қотили Исматча…

Яке аз ҷиноятҳои накшодаи ҷанги граждании Тоҷикистон, ин бешакку тардид куштори Исматча (Тӯрахонов Нусратулло Саидович) аз н.Совет (ҳоло Темурмалик) буд. Соли 1992 Исматчаро рӯи пули Путовский аз пушт парронданд. Шоҳидон ҳадс мезананд, ки ин кори дасти маҳз Исмати авулӣ буд, ки ноҷавонмардона ин нафарро кушт! 1х1 ва рӯбарӯ метарсид, зимнан аз пушташ парронд. Албатта, Исматчаи советскигӣ аз олами криминал буд. Вале ӯ нахустин нафаре шуд, ки миёни 2 майдон хайма зад ва нахост Тоҷикон бо ҳам ҷанг кунанд. То Исматча зинда буд, оташи ҷанг баланд нагардид ва маҳз баъди куштораш Тоҷикистон ба коми хаос ва ҷанги шаҳрвандӣ пурра ғӯтид. Яъне Исмати авулӣ медонист, ки Киро ва Чаро мекушад…

Ш.А.

Барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter