ХАБАРИ ДОҒ

 

 

1.Пахта арзону деҳқон ҳайрон

Пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта, қисми зиёди онро дар кишвар пахтакорони вилояти Хатлон парвариш ва истеҳсол менамоянд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта бо маром идома дошта, барои сари вақт ва беталош ғунучини дастранҷи деҳқонон тибқи нақшаи МИҲД вил.Хатлон кормандони ҳама ташкилоту идора ва корхонаву муассисаҳо, дар рӯзҳои истироҳат ба ҳашари умумӣ баромада, ба деҳқонону кишоварзон кӯмак мерасонанд. Вале ҷамъоварии ҳосил 1 тарафи мушкили соҳа  бошад, тарафи дигар он паст будани нархи пахта аст, ки ба гуфтаи деҳқонон бо чунин арзиш наметавонанд ҳароҷоти кардаашонро руйпуш созанд.

2.Ҳарҷи зиёду даромаднокии беподош

Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят соли ҷорӣ дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакор дар майдони беш аз 122,000 га кишти пунба гузаронида шудааст. Имрӯз бошад маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, масъулину хоҷагидорон бо ҷалбу ҳавасмандгардонии чинакчиён баҳри ҷамъоварии ҳосил кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа бо натиҷагирӣ аз муайянсозии ҳосилнокии интизори имсол барои таъмини дурнамои истеҳсоли солонаи пахта имконияти мусоид фароҳам аст. Усмон Қаҳҳоров, сардори Раёсати растанипарварӣ ва чорводории Сарраёсати кишоварзии вилоят мегӯяд, пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ чун соҳаи асосии кишоварзӣ монда, дар ташаккули иқтисодиёт ва хоҷагии халқ аҳамияти калон дошта, маҳсулоти стратегӣ ва содиротии давлат ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир нисбат ба рушди он таваҷҷӯҳ махсус аст. Дар 2-3 соли охир роҳу усулҳои нави кишту парвариши пахта, ба монанди усули обёрии қатрагӣ ҷорӣ карда шудааст. Таҷриба собит кард, ки ин усул ба шароити обу замини Тоҷикистон мутобиқ асту бо ин тарзи парвариш метавон ҳосили дилхоҳи пахтаро ба даст овард. Тибқи таҳлилу хулосаи мутахассисон, тайи 2 соли охир бино бар номусоидии вазъи ҳаво дар ҳар мавсим дар қисмате аз майдонҳо кишти дубора гузаронида мешавад, ки албатта ин омил хароҷоти зиёдатиро ба миён меорад. Даромаднокӣ дар бисёр ҳолат наметавонад подоши заҳматро бозпас гардонад. Ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзӣ имсол дар ҳудуди вилоят дар майдони беш аз 13.000 га кишти дубораи пунба гузаронида шудааст.

3.Қарзҳои бонкӣ кам шудааст...

Тавре деҳқонон иброз медоранд, чунин вазъ соли дувум аст, ки идома дорад ва аз ин ҳисоб то ҷое пахтакорон барои рушди минбаъдаи ин самти асосии соҳаи кишоварзӣ ҳавасманд нестанд. Таъсир аллакай эҳсос мешавад, зеро имсол нисбати соли гузашта ҳосил камтар аст. Қобили зикр аст, ки паст будани арзиш боз ҳам 1 сӯи масъала бошад, масъалаи пардохти маблағи пахтаи саривақт супоридаи деҳқон ба корхонаҳои коркарди пахта масъалаи дигар аст. Яъне заводҳо пахтаро арзон ҳам гиранд, вале маоши пахтакори бечораро саривақт намепардозанд! Ин равандро масъулони соҳа, роҳабарияти корхонаҳои саноатӣ, дар кам шудани пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби бонкҳо мебинанд, вале бо ин баҳона оё мешавад ба деги деҳқон гӯшту ба хонаш нон гузошт? Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Баҳодур Уроқов,

СССР, вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter