ХАБАРИ ДОҒ

Исматчаро Убайди «зард» кушт, на Исмати «авулӣ»…

  • Чоршанбе, Окт 23 2019

 

 

Қатли Исматча аз дурбини шоҳидон

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Инак, чанд шумора боз пайиҳам дар СССР перомуни муаммои қатли Исматча (Нусратулло Саидович Тӯрахонов) навиштан доранд. Бо ин ҳама, то ҳанӯз дар бораи ба ҳалокат расидани Исматча сару садоҳо зиёданд. Дар ин маврид фарзияҳо кам нестанд. Аммо, воқеият чист? Ман низ мехоҳам дар ин бора нависам…

31.10.1992. Соат ба вақти Душанбе 23:17 дақиқа.

Исматча таги пул (купрӯк)-и маҳаллаи 103-и ш.Душанбе дар задухӯрд бо 1 гурӯҳи мухолифин (оппозитсия) аз қисми поини пои рост ва қисми поини шикам ярадор мешавад. Ҳини тирпарронӣ ӯ дар зинапояҳо-роҳрави роҳи пиёдагарди пул қарор дошт. 

Дар задухӯрд 1 тан аз гурӯҳи мухолифин бо номи Убайд (бо лақабҳои Убайди Авулӣ, «Вождь», «Зард» маъруф буд) аз сар тир хӯрда, зинда мемонад ва хабари маҷруҳ шудани Исматчаро ба милисаҳои ОМОН ва ҷангиёни мухолифин, ки ба ҷои задухӯрд омада буданд, мерасонад. Исматчаро ҳамроҳонаш, аз ҷумла, Солеҳ (аз деҳаи Танобчии н.Темурмалик-Советский), Исроил (аз н Москва, ҳоло Ҳамадонӣ) ва дигарон ба беморхонаи Қарияи Боло мебаранд. Ҷангиёни мухолифин, аз ҷумла, Исмати Авулӣ (Ҳабибуллоев) бо гурӯҳаш он ҷо ба кофтукови Исматча меоянд, то бикушанд. Ҳамроҳон маҷбур мешаванд, ки Исмат Тӯрахонов-Исматчаро пинҳонӣ аз Қарияи Боло гирифта, ба маҳаллаи «Профсоюз», хонаи яке аз дӯстонаш бубаранд. Исматча ин ҷо, бидуни табибон ва шароити табобат, аз хунравии зиёд соати 5-и субҳи 01.11.1992 ҷон медиҳад. Яъне охири ҳамин моҳ, аз қатли Исматчаи маъруфу машҳур расо 27 сол сипарӣ мешавад, ки Худо раҳмату мағфират кунод. Омин!

 Бояд гуфт, ки Исматча комилан зидди ҷанги бародаркуш буд. Ҷангҷӯён мехостанд чунин шахсиятҳоро ҳар чӣ зудтар ҷисман нест кунанд, то кишвар ба коми ҷанг афтад. Бинед, ки баъди қатли Исматча Тоҷикистон пурра ба коми ҷанги бародаркуш рафт…

Ҷанозаи Исматча

Маъракаи ҷанозаи Исматро журналист Абдураҳим Исмоилов (чанд сол пеш, дар натиҷаи фалокати автомобилӣ дар ш.Қӯрғонтеппа ба ҳалокат расид) хеле ҳам воқеъбинона ба навор гирифта, тариқи ТВ Кӯлоб намоиш дода буд ва ин навор ҳоло ҳам дар архиви ТВ вилоят маҳфуз аст. Суханронии Исмоиловро аз ин навор ҳуруфчинӣ намуда, пешкаши хонандагон мегардонем:

«Бинандагони азиз, дӯстони гиромӣ, тамошобинони ТВ Кӯлоб! Боз 1 ҷавонмарди кӯлобӣ, боз 1 родмарди хатлонӣ Исмат Тӯрахонов қурбони тири дасисабозон, қурбони тири сияҳкорон гардид. Исмат Тӯрахоновро сияҳкорон хостанд, ки душмани кӯлобиҳо эълон кунанд, вале ҳар фарди Кӯлоб медонист, ки Исмат зодаи Хатлон аст ва то лаҳзаҳои охирини ҳаёти худ ба Хатлон, ба Кӯлобу кӯлобиҳо, ба ноҳияи Совет, ба кӯҳистони Хатлонзамин содиқ монд ва бубинед, онҳое, ки мехостанд Исматро бадном кунанд, аз дасти худи онҳо Исмат ба ин дунё падруд гуфт ва 31 октябр Исмат дар ш.Душанбе аз тири ҷонсӯзи ин дасисабозон ба умри ҷавони худ, ба зиндагӣ падруд гуфт. 

 Ва ҳине, ки гурӯҳи эҷодии мо ба хонаи Исматино, ба н.Совет омад, аҳли байт, модару хоҳарону бародарон, ҳама хешону пайвандон назди ҷасади беҷони ӯ нолаи ҷонсӯз доштанд. Бори дигар лаънат ба он дасисабозон, ба он афроде, ки байни ин миллати бузург ва дар айни замон кӯчаки мо ҷудоӣ андохтан мехоҳанд. Бубинед, нолаи модаре аз 1 хона хомӯш нагашта, нолаи ҷонгудози модари дигаре аз ҳавлии дигар садо мебарорад. Ва аз Худои муттаол илтиҷо дорем, ки ин рӯзҳои талх ҳар чӣ зудтар паси сар шаванд ва зиндагии тинҷу осоише, ки пеш аз ин доштем, боз ба хонадони мо биёяд. 

Номи неки Исмату дигар родмардоне, ки умри азизи худро баҳри сулҳу осоиши кишвар хайрбод гуфтанд, дар хотири мо абадан нақш мебандад».

 

 

Ҷалолиддини Сафарзод,

н.Темурмалик (собиқ н.Совет)

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter