ХАБАРИ ДОҒ

Имомҳои шиа ба тиҷорати шаҳвонӣ машғуланд!

  • Чоршанбе, Окт 23 2019

 

 

Ҳафтаи пор СССР дар бораи хоинони забони тоҷикӣ навишт, ки аксарият аз мазҳаби падарӣ баромадаву ба мазҳаби шиаҳои 12-имома пайвастаанд. Гавҳари ин мазҳабро дар ин матлаб пайдо кунед, ки бархе аз имомони шиа бо занҷаллобӣ банданду аз даллаҳои «Улица красных фонарей»-и Олмону Голландия фарқе надоранд ва масоҷидро ба фоҳишахона бадал кардаанд…

9.10.2019. Рӯҳониён дар Ироқ фоҳишагиро тавассути таҷрибаи шиагии «издивоҷи муваққатӣ барои лаззат»-никоҳи сиға, сарпарастӣ ва худашон ташкил мекунанд, - ошкор намуданд журналистони Хадамоти арабии ВВС. Дар ҷараёни таҳқиқи пинҳонӣ журналистон ошкор намуданд, ки аксари рӯҳониёни исломӣ, дар ба ном агентиҳои издивоҷ назди калонтарин масоҷиди Бағдод фаъолият мебаранд, омодаанд «издивоҷ барои лаззат»-ро ташкил кунанд. Дар баъзе ҳолатҳо чунин «издивоҷ» танҳо 1 соат давом мекунад ва танҳо барои бароварди алоқаи ҷинсӣ истифода мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо мулло омода буд, ки марди калонсолро бо духтари 9-сола «издивоҷ» бандад. Рӯҳониён инчунин метавонанд барои чунин издивоҷи муваққатӣ «ҳамсаре» диҳанд. Яъне ин ба ном «рӯҳониён» аслан вазифаи занҷаллобонро иҷро мекунанд.

«Издивоҷ барои лаззат»

Издивоҷи муваққатӣ, яъне мутъа - 1 амали баҳсноки иттифоқи кӯтоҳи шиа аст, ки барои он зан пул медиҳад. Дар ҷомеаи суннӣ чунин вазифаро 1 маросими дигар, ба ном мизиар иҷро мекунад. Эҳтимолан, ибтидои ин анъана ба мардони мусалмон ҳини сафар муваққатан “издивоҷ кардан”-ро иҷозат медод. Имрӯз мутъа ба механизме, ки муносибатҳои кӯтоҳмуддати алоқаи ҷинсиро қонунӣ мекунад, табдил ёфт. Дар байни рӯҳониёни ислом баҳсе ҷараён дорад - мунаққидон чунин меҳисобанд, ки ин анъана фоҳишагиро қонунӣ мекунад ва издивоҷи муваққатӣ бояд мӯҳлати муайяни ҳадди аққал дошта бошад. Журналистони ВВС дар Ироқ ва Англия таҳқиқоти 11-моҳа гузаронида, шахсиятҳои диниро дар камераи пинҳонӣ сабт намуда, бо занҳое, ки мавриди истисмори ҷинсӣ қарор гирифтанд ва мардоне, ки барои ҷустуҷӯи «занҳо барои лаззат» пул мепардохтанд, вохӯрданд. Пас аз ҷанги 15-сола дар Ироқ шумораи бевазанҳо ва ҳатто гурезагон зиёданд. Бисёре аз онҳо маҷбуранд, издивоҷи муваққатӣ банданд, то ки аз гуруснагӣ бираҳанд.

Паҳншавии педифилия тавассути имомҳои шиа

Журналистон ошкор карданд, ки издивоҷи муваққатӣ дар наздикии 2 ибодатгоҳи муҳими шиаҳо дар Ироқ ба таври густурда дастрас аст. Дар суҳбат бо 10 тан рӯҳонии масҷиди Ҳадимия, ки яке аз муҳимтаринҳо дар мазҳаби шиа аст, 8 тан омодагии худро барои бастани «издивоҷи лаззат» иброз доштанд, 5 кас аз бастани чунин издивоҷ бо духтарони аз 12 то 13-сола худдорӣ накарданд. Муаллифони филм инчунин бо 4 рӯҳонӣ дар шаҳри Карбало, ки ҳоҷиёни шиа аз тамоми ҷаҳон он ҷо ҷамъ меоянд, суҳбат намуданд. 2 нафари онҳо издивоҷ бо кӯдакро иҷоза доданд!!! 4 рӯҳониро журналистон бо камераи пинҳонӣ сабт намуданд. 3 нафар тайёр буданд, ки занҳоро барои «издивоҷ»-и кӯтоҳмуддат пайдо кунанд, 2 муллои дигар ба журналистон ноболиғонро пешниҳод карданд. Муллои бағдодӣ Саид Раад ба корманде, ки зери ниқоби гузоришгари ВВС фаъолият мекард, фаҳмонд, ки тибқи қонуни шариат издивоҷҳо барои лаззат метавонанд то он даме, ки мард мехоҳад, идома ёбанд: «Мард метавонад бо дилхоҳ шумораи занҳо издивоҷ кунад. Метавон бо духтаре барои ним соат издивоҷ кард ва пас аз тамом шудани ин издивоҷ, метавон дарҳол бо дигараш издивоҷ кунӣ».

Аз 9-сола боло…

Вақте журналист аз ӯ пурсид, ки оё «издивоҷи лаззат» бо кӯдак ҷоиз аст, ҷавоб чунин буд: «Танҳо бубинед, ки ӯ бокираашро аз даст надиҳад. Шумо метавонед ӯро навозиш кунед, бо ӯ хоб рафта, бадан ва синаҳои ӯро даст расонед… Шумо наметавонед аз пеш бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунед, вале аз қафо ҷоиз аст», илова намуд муллои бағдодӣ. Ба саволи «агар барои духтар дарднок бошаду ӯ гиря кунад», посухи ин имоми шиа чунин буд: «Оё ӯ дардро бардошта наметавонад - он дар байни шумо боқӣ хоҳад монд». 1 рӯҳониро аз Карбало бо номи Шайх Салавӣ журналист пурсид, ки оё метавонад бо духтари 12-сола мутъа бандад? «Бале, аз 9-сола ва калонтар - ҳеҷ мушкиле нест. Тибқи шариат мушкиле нест», ҷавоб дод Салавӣ. Мисли Саид Раад, ӯ ҳам танҳо қайд кард, ки нигоҳ доштани бакорати духтар хеле муҳим аст. Навозиш ва алоқаи ҷинсӣ аз қафо бо розигии кӯдак ҷоиз аст, гуфт ва афзуд: «Ҳар чӣ мехоҳед бикунед».

Издивоҷ бо телефон

Барои фаҳмидани тартиби бастани издивоҷи муваққатӣ, хабарнигор дар мусоҳиба бо Саид Раад дар бораи духтари 13-солае бо номи Шайма, ки мехост мутъа бандад, ҳамсуҳбат шуд. «Шаима»-ро хабарнигори ВВС тасвир кард. Саид Раад ба вохӯрӣ бо волидони «Шайма» эҳтиёҷ надошт. Ӯ издивоҷро тавассути телефон аз таксие, ки ӯ бо хабарнигорон савор буд, баст.

«Оё ту - «Шайма» розӣ ҳастӣ, ки бо ин мард бо пардохти 150.000 динор (125 доллар) дар 1 рӯз издивоҷ бандӣ?» - пурсид мулло журналистро, ки «Шайма»-ро тасвир мекард. Пас аз анҷоми маросими экспресс ӯ эълом кард: «Акнун шумо зану шавҳар ҳастед, метавонед якҷоя бошед». Рӯҳонӣ аз хабарнигор барои ин маросим 200 доллар гирифт. Тақдири «Шайма» ӯро ба изтироб намеовард.

Зери ниқоби дин

Журналистон бо марди оиладоре суҳбат карданд, ки мунтазам аз хидматҳои рӯҳониён барои издивоҷи муваққатӣ истифода мекард. «Кӯдакони 12-сола хеле қадр мешаванд, онҳо ҳоло «тоза»-анд. Ингунаҳо қиматтаранд - 500, 700, 800 доллар. Ин танҳо миқдорест, ки мулло мегирад» гуфт ӯ. Ин мард мутмаин аст, ки ӯ тибқи қонунҳои динии худ амал мекунад. «Агар мулло мегӯяд, ки издивоҷ барои лаззат-ин ҳалол аст, ин гуноҳ ҳисоб намешавад». Фаъолзан Янар Муҳаммад, ки шабакаи паноҳгоҳҳои занонро дар Ироқ роҳбарӣ мекунад, мегӯяд, дар чунин ҳолатҳо нисбат ба занон ба мисли мол муносибат мекунанд, на чун инсон. «Истифодаи мол бо усулҳои муайян мамнӯъ нест. Аммо онҳо бакорати худро барои арзиши барояшон гарон нигоҳ медоранд» мегӯяд ӯ. Зери мафҳуми «арзиши гарон» издивоҷ фаҳмида мешавад.

Духтаре, ки бокираашро аз даст додааст, барои издивоҷ номувофиқ дониста мешавад. Ӯро ҳатто марг аз дасти хонадони худ таҳдид мекунад, зеро «авлоди худро шармсор намуд». «Аз ин танҳо фақат занону духтарон ранҷ мебаранд», - мегӯяд Янар.

Занҷаллобони шиа

Журналистон тавонистанд рӯҳониёнеро, ки ба онҳо духтарони ҷавонро пешниҳод мекарданд, бо камераҳои пинҳонӣ сабт кунанд. Ғайр аз ин, онҳо бо яке аз духтароне, ки муътакид аст ва шоҳид ҳам дорад, ки мулло ӯро фоҳиша кардааст, суҳбат намуданд. Ҳамчунин, муаллифони филм дар камераи пинҳонӣ рӯҳониеро ба навор гирифтаанд, ки 1 зани ҷавонро ба хабарнигор барои издивоҷи муваққатии 24-соата пешкаш мекунад. Мусаллам буд, ки ин мулло дар нақши занҷаллоб амал мекард. Вақте хабарнигор аз «издивоҷи лаззат» даст кашид, рӯҳониён ба ӯ пешниҳод карданд, ки барояш духтарчаи хеле ҷавон меёбанд.

Ҳаит Тамимӣ, дар гузашта рӯҳонии воломақоми шиа, бино бар сабаби танқид кардани фундаментализм маҷбур шуд, ки Ироқро тарк кунад. Ҳоло ӯ дар Лондон зиндагӣ мекунад ва рӯҳониёнеро, ки даст ба бастани издивоҷи муваққатӣ мезананд, маҳкум мекунад, хоса, онҳоеро, ки ба мардон духтарони хеле ҷавонро пешниҳод менамоянд. «Он чизе, ки ин мардон мегӯянд, ҷиноят аст, бояд тибқи қонун ҷазо дода шаванд» гуфт ӯ.

Баъзе воизони шиа тасдиқ мекунанд, ки қонуни шариат ба алоқаи ҷинсӣ бо кӯдакон иҷозат медиҳад. Тамимӣ аз пешвоёни исломии шиа даъват ба амал меорад, ки ин амалро маҳкум кунанд. 2 тан аз рӯҳониён, ки дар камераи пинҳонии ВВС сабт шудаанд, худро пайравони оятуллоҳ Алӣ Систонӣ меноманд, ки раҳбари рӯҳониёни шиа дар Ироқ маҳсуб мешавад. Аммо худи Систонӣ ба ВВС чунин гуфт: «Агар ин тавре, ки шумо тасвир мекунед, рух диҳад, пас мо онро бечунучаро маҳкум мекунем. Издивоҷи муваққатӣ набояд воситаи фурӯши алоқаи ҷинсӣ бошад ва набояд барои таҳқири занон истифода шавад».

Намояндаи ҳукумати Ироқ натиҷаҳои тафтишотро шарҳ дод: «Агар занҳо аз болои ин рӯҳониён ба полис даъво накунанд, он гоҳ душвор аст, ки мақомот кореро анҷом дода тавонад».

Навал ал-Мағофӣ,

хабарнигори махсуси Хадамоти арабии ВВС

Манбаъ - ЦентрАзия - https://centrasia.org/newsA.php?st=1570635900

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter