ХАБАРИ ДОҒ

 

Халабони қочоқчии русе, ки қариб Тоҷикистону Русияро бо парвандаи «Дело лётчиков в Курган-тюбе» ҷанг меандохт, фавтид…

10.10.2019 халабон (летчик)-и рус Владимир Садовничий (с.тав.1958) бо ҳамроҳии Виталий Шумков (с.тав.1955) дар 1 садамаи ҳавопаймои Ан-72, дар минтақаи Маниема-шарқи Конгои Африқо ҷон дод. Бояд гуфт, исму насаби Садовничий бори аввал, с.2011 дар ш.Душанбе расонаӣ шуда буд… Сафорати Русия расман марги ҳардуро тасдиқ кард. Агентии иттилотии «РИА Новости» мегӯяд, Ан-72 он рӯз баъди 59 дақиқаи парвоз аз дурбини радар нопадид шуд. Тайёра бору бунаи Феликс Антуан Чисекеди Чиломбо-президенти Ҷумҳурии Демократии Конгоро мекашонд. Дар самолет 8 тан ҳузур дошт ва аз ин 3 нафараш кормандони Хадамоти амнияти Чисекедӣ будаанд.

 

Бандии Бохтар

Владимир Садовничий ним соли умрашро дар боздоштгоҳи ш.Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) гузарондааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро марти с.2011 ҳамроҳи шаҳрванди Эстония Алексей Руденко бо иттиҳоми гузаштани ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва поймол кардани меъёрҳои байналмилалии парвоз қапиданд. Суд ҳардуи онҳоро ба 8,5 соли ҳабс маҳкум намуд. Он замон Садовничий ва Руденко дар ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” кор мекарданд ва ҳавопаймоҳои онҳо пайиҳам ва бе огоҳӣ дар фурудгоҳи маркази вил.Хатлон нишаста буд. Тафтишот гуфт, ки ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи низомии ш.Кобул ба ҳаракат даромадаанд. Худи ҳавонавардон гуфта буданд, ки сабаби фуруд омадан ба фурудгоҳи Қурғонтеппа пешгирӣ аз садамаи эҳтимолии ҳавопаймоҳо буд, зеро захираи сӯзишвории онҳо ба поён расидааст. Лек шубҳаи мақомоти Тоҷикистонро ин масъала ба худ ҷалб кард, ки ширкати мазкур дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Англия сабтином шуда, ҳавопаймоҳои АН-72 аз с.2008 ба ин сӯ дар ҳеҷ кишваре сабтином нашудаанд ва молики асосии онҳо низ аён нест. Суди вил.Хатлон ҳамон сол 2 ҳавопаймои АН-72 ва муҳаррикеро, ки бо пули онвақта 1 млну 88.000 сомонӣ арзиш дошт ва ба "Ролкан Инвестмент ЛТД" мутааллиқ буд, ба фоидаи Тоҷикистон мусодира кард. 

 Қазияи мазкур дар расонаҳои хабарии Кремли путиномедведевӣ ба таври густарда бозтоб ёфта, боис ба танишҳои лафзии мақомоти Тоҷикистону Русия гардид. Маскав тавассути боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик ба Душанбе фишор оварданд, то ҳукми суд бознигарӣ шавад. Кор ба ҷое расид, ки додгоҳи вил.Хатлон бо даъвои додситонии минтақа ҳукми додгоҳи Бохтарро “ниҳоят сахт” хонда, онро тағйир дод. Ҳукми Садовничий ва Руденко ба 2,5-солӣ поин оварда шуд ва онҳо якбора бар асоси қонуни афв аз идомаи адои ҷазо озод шуданд. Бо ин ҳол, халабонҳо бо ҳукми суди Хатлон розӣ набуданд ва тақозо доштанд, ки суд онҳоро комилан бегуноҳ эътироф кунад. Вазорати корҳои хориҷии Русия низ дар пайи ин ҳукм гуфт, ки гуноҳи муттаҳамон дар суд исбот нашудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз бархе расонаҳои хабарии русӣ интиқод карда гуфтанд, ки делои халабонҳо ангезаи сиёсӣ надошт ва Садовничий ва Руденко “воситаи муомилоти тиҷоратии касе нашудаанд”.

 

Писари Ҳукумов ва халабонҳои рус

Он шабу рӯз дар фазои матбуоти Маскав ва ҳам Душанбе овозаҳо мечархиданд, ки гӯё делои 2 летчик ба парвандаи Рустам Ҳукумов-писари Амонулло Ҳукумов-собиқ директори КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» марбут аст. Воқеан ҳам дар ин додуситад ба таври ногаҳонӣ Рустам аз маҳбаси Маскав озод шуд… Вале январи с.2012 Вазорати корҳои хориҷаи Русия ҳар навъ рабти раҳоии халабонҳо В.Садовничий ва А.Руденко бо лағви ҳукми зиндони Р.Ҳукумовро қатъиян рад кард. Маскав мегуфт, ки ҳукми халабонҳои ширкати «Ролкан»-ро беасос медонад ва ҳамчунон ба лағви он талош хоҳад кард. Вале баракси ин, матбуоти Русия тахмин мезад, ки халабонҳоро ба хотири раҳо кардани писари Амонуллоҳ Ҳукумов муҷозот кардаанд… Хулласи матлаб, ана ҳамон Садовничий, ки бо қочоқи байнулмилалии ҳавоӣ дар бархе аз кишварҳои олам кофтуков мешуд, дунёро падруд гуфт…

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter