ХАБАРИ ДОҒ

Исмат марди мардон буд... (Аз хотираҳои Саидов Хайриддин-бародари калонии Исматча)

  • Чоршанбе, Окт 30 2019

 

 

Ҳолномаи Исматча

Тӯрахонов Нусратулло Саидович (мулаққаб бо номи Исматча) 22.09.1961 дар маркази ноҳияи Темурмалик-шаҳраки Совет таваллуд шуда, 1.11.1992 дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расида, 2.11.1992 дар қабристони марказии н.Темурмалик (собиқ н.Совет) ба хок супурда шудааст. Дастпарвари мактаби миёнаи № 1-и ноҳия ва таҳсилкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст.

Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон барои истиқрори сулҳ ва муҳофизати музаффариятҳои давлати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калон дошт. Корнамоиҳо, сифатҳои неки ҷавонмардӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ ва инсондӯстиаш вирди забонҳо буда, ҳоло ҳам дар ҳаққаш суханони нек мегӯянд. Ӯ аз тарафи суиқасдчиён, зархаридон, терроргарону даҳшатафканоне, ки осоиштагии кишвари Тоҷикистонро намехостанд, ноҷавонмардона кушта шуд. Дар сифати ӯ аз одамоне, ки солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ азият кашиданд ва туфайли ин ҷавонмард некиҳо дидаанд, ҳикояту корнамоиҳои бузург ёд мешавад. Ҳоло дар н.Темурмалик ба хотири зиндаёдиаш хоҷагии деҳқонии маркази шаҳраки Совет ба номи Исматча гузошта шудааст.

 

Бархе Исматчаро нашинохта менависанд

Ман аз с.1978 то с.1990 дар Бонки давлатии вил.Кӯлоб ва аз с.1990 то с.1993 дар филиали “Ориёнбонк”-и ш.Кӯлоб дар вазифаи муҳандис (инженер)-и калон оид ба техникаҳои ҳисоббарории бухгалтерӣ ва компютерӣ кор кардаам. Душманони миллат тавонистанд, ки дар с.1992 халқи тоҷикро ба ҳамдигар муқобил гузошта, майдоннишинии одамонро дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” ташкил кунанду ба онҳо яроқ дода, оташи ҷангро фурӯзон намоянд. Ҷанги гражданӣ аланга гирифту Тоҷикистон ба коми оташ фурӯ рафт. Сабабҳои сар задани ҷанги дохилии солҳои 1992-97-ро муаллифон дар бисёр китобу нашрияҳо чоп кардаанд. Дар бораи бародари ман Нусратулло, ки аслан бо номи Исмат маъруф аст, дар китобу газетаҳо бисёр менависанд, аммо мутаассифона, баъзеашон комилан асоси воқеӣ надоранд. Студентони солҳои 1975-1982–и ш.Душанбе Исматро нағз медонистанду мешинохтанд. Дар оянда оид ба тамоми ҳаёти Исмат хоҳам навишт... Ҳоло бошад, мехоҳам лаҳзаҳои охири умри ӯро, ки худам шоҳид будам, ба хонандагон пешкаш намоям.

 

Аз пайи супориши “Ориёнбонк”

Ба раиси “Ориёнбонк”-и ш.Кӯлоб Сайдалиев Шамсиддин супориш дода шуда буд, ки дар як муддати кӯтоҳ бонкро бо компютер таъмин намояд. Барои ҳамин ҳам, ӯ маро ба кабинеташ даъват намуда гуфт: “Саидов-додар, ба мо супориш шудааст, ки аз ш.Душанбе якчанд адад компютерҳоро гирифта биёрем... Худат медонӣ, ки дар Душанбе оппозитсия ҳукмронӣ дораду шаҳр нотинҷ аст, роҳҳо маҳкам. Барои ҳамин, шуморо ба шаҳр мефиристонам, овардани компютерҳо аз шумо вобастагӣ дорад. Бо самолёт меравӣ ва борҳо дар “Ориёбонк”-и Душанбе тайёр аст. Борро гирифта, бо самолёт бармегардӣ. Туро аз он ҷо одамони бонк гусел мекунанд. Ҳамчунин, бародарат Исматро ҳам мебинӣ. Паноҳат бар Худо!

Ҳамин хел, хона нарафта, субҳи 4.09.1992, соати 8:00 ба самолёт нишаста, ба ш.Душанбе парвоз намудам. Ба Душанбе расида, рост ба “Ориёнбонк” рафтам, ки он ҷо аллакай мунтазири ман буданд. Ба онҳо гуфтам, ки “бояд бародарамро бубинам, сипас борҳоро гирифта, ба Кӯлоб мебарам”. Масъулини бонк гуфтанд, ки “борҳо омода аст ва билети самолётро кадом рӯзе, ки хоҳӣ, мехарем”. Тахмин, соати 12:00-и ҳамон рӯз, тавре мегуфтанд, ба “штаби кӯлобиҳо”, ки номи “Меҳри Хатлон”-ро дошту дар бинои Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ воқеъ буд, рафтам. Бо бачаҳои кӯлобӣ вохӯрдам, ки оид ба вазъи Душанбею Кӯлоб байни ҳам гап мезаданд.

 

Кӯлобибадбинӣ дар авҷ...

Ман ба чеҳраи пур аз алам ва бехоби онҳо нигариста, худ ба худ мегуфтам, ки: Худоё, онҳо аз назди пайвандону хонадонашон дур, дар ин шаҳр гушнаву ташна, бе ҷои хобу маблағ сукунат доранд, аз дасташон чӣ меомада бошад? Чанд соат баъдтар додарам Нусратулло (Исмат) омада, маро дида, оғӯш гирифт. Аз чашмонаш ашк рехт ва гуфт: “Ҳамаашро медонам... Тақдирамон ҳамин будааст... Бигӯ, саломатии модарам чӣ хел аст? Хешовандон, бародарону хоҳарон ва ҳамсояҳо чӣ ҳол доранд? Вазъи ноҳия чӣ гуна аст?” Ба ҳама саволҳои ӯ як-як посух додам. Ӯ боз пурсид, ки “Ака, акнун бигӯ, барои чӣ шаҳр омадаед?”. Сабаби ба Душанбе омаданамро ба ӯ фаҳмондам. Ӯ ошуфтаомез бо гила гуфт: “Вақташро ёфтӣ, ака! Охир, вазъият дар Душанбе рӯз то рӯз бадтар шудаву кӯлобибадбинӣ дар авҷ. Агар тавонӣ, худи пагоҳ ба Кӯлоб баргард. Гурӯҳҳои оппозитсионӣ ҳамаашон яроқноканд, бачаҳои моро яроқашон кам. Бар замми ин тирашон ҳам кифоя нест, одамонамон низ кам аст. Ҳоло ҳамин қадар имкону қудрат дорем, ки мардуми кӯлобии Душанбе, хоса, донишҷӯёнро бо поезду самолёт ба Ленинободу Кӯлоб равон карда истодаем. Баъди мӯътадил шудани вазъ боз бармегарданд. Бовар дорам, ки агар ягон нафари бомаърифату нотарс ва дилсӯзи халқ сари давлат биёяд, ҳамааш ба хубӣ ҳал мешавад”.

 

Исмат: Оппозитсия дилсӯзе надорад!

Ба Исмат гуфтам: “Киро дар назар дорӣ?” Ӯ ҷавоб дод: ”Намедонам, ҳамин қадар дарк мекунам, ки дар чунин вазъ дар сари давлат бояд нафаре аз Кӯлоби худамон бошад. Одамони оппозитсия ҳамагӣ худро нишон доданд, дар байни онҳо ягон касе нест, ки дилаш ба халқ сӯзад. Ҷумлагӣ барои вазифа ва мансаб шуда, давлатро ба харобӣ оварда расониданд, ака...”,-гуфт ӯ. Ва афзуд: “Вақте ба Кӯлоб баргаштӣ, ба ҳукумати вил.Кӯлоб бирав ва ба онҳо бифаҳмон, ки ҳарчанд соли нави таҳсил сар шуда бошад ҳам, омадани студентонро ба Душанбе муваққатан манъ кунанд. Чунки дар Душанбе аз тарафи силоҳбадастон гаравгонгирии кӯлобиҳо ва нест кардани кӯлобиҳо авҷ гирифта истодааст. Чандин нафар студентон номаълум ғайб задаанд, ҳарчанд мекобанд, даракашон нест. Ба мо муроҷиат мекунанд, мо чӣ кор карданамонро намедонем, одамонамон намерасад, ки ба доди ҳар як кӯлобӣ бирасем”. Ба Исмат гуфтам, ки “ният дорам 2 рӯз пас, ба Кӯлоб баргардам, борҳоям тайёр аст, худи кормандони бонк борҳоро то ба аэропорт мебаранд”. Исмат дилсӯзона гуфт: ”Ҳарчӣ метавонӣ тезтар аз Душанбе рав, шаб дар куҷо хоб меравӣ?” Гуфтам, ки “фикри инро накун, ҷои хоб дар шаҳр бисёр...”.

Бегоҳии он рӯз ба хонаи писари холаам Бобозода-набераи шоир ва ҳофизи халқ Бобоюнус Худойдодзода, ки ҳамсараш духтари амакам Гулрафтор Тӯрахонова буд, рафтам. Бо онҳо вохӯрда, то дили шаб ТВи Тоҷикистонро тамошо кардам. Дар ТВ намояндагони аҳзоби сиёсӣ-Ҳизби наҳзати ислом, Ҳизби демократӣ, шахсиятҳои шиносу ношинос, сиёсатмадорон, рӯзноманигорони тарафдори оппозитсия мавзӯи рӯзро муҳокима намуда, ҳама бо 1 овоз фақат кӯлобиҳоро гунаҳгор мекарданд. Суханҳои онҳо сар то по дурӯғу тӯҳмат буд...

 

Дар штаби «Меҳри Хатлон»

5.09.1992, соатҳои 9-10 аз назди бозори “Баракат” (Путовский) пиёда аз хиёбони Ленин (ҳоло И.Сомонӣ) гузашта, то штаби кӯлобиҳо-“Меҳри Хатлон” омадам. Дар шаҳр мошинҳо ва одамон кам ба чашм мерасид, дар чеҳраи одамон як навъ навмедӣ, тарсу ҳарос ва ошуфтагӣ намоён. Одамон қариб ки ба ҳамдигар гап намезаданд ва аз чизе хавотирӣ мекашиданд, сӯи коргоҳҳои худ бо ҳарос равон ва ҳар кадоме аз пайи ташвишҳои зиндагии худ буд. Вақте назди штаб расидаму бо бачаҳо вохӯрдам, додарам Исмат андаруни бино буд. Дар ин лаҳза Эмом Мақсудов (Эмом-хубак, ҳоло роҳбари Заводи кабели ш.Душанбе) бо 2 тан шахсоне, ки ман онҳоро намешинохтам, омада Исматро суроғ карданд. Ин лаҳза худи Исмат аз бино берун баромад ва Эмом пеши Исмат рафта ба ӯ гуфт, ки ин 2 нафар сокинони н.Мӯъминобод, аз Душанбе ба ноҳияашон орд мебурданд, лек дар дидбонгоҳ (пост)-и Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) борашонро силоҳдорон гирифтаанд. Исмат ин гапҳоро шунида, бо ҳардуи онҳо салом карда, ба Эмом рӯ оаврд: “Хайр чӣ, рафта борҳояшонро гирифта бидеҳ!” Эмом ҳайрон ба Исмат нигариста гуфт: “Чӣ хел?” Исмат боз ба Эмом гуфт: “Чӣ, ҳама ҷо фақат ман равам? Чӣ, ту мард нестӣ? Онҳо аз ҳад гузаронидаанд. Рафта борҳои ин одамонро гирифта бидеҳу то дидбонгоҳи ағбаи Чормағзак гусел кун ва ба сардори дидбонгоҳ бигӯ, ки ин озуқаи мардум аст, на аз сиёсатмадорон. Агар дафъаи дигар ҳамин корро кунанд, бо онҳо дигар хел гап мезанам!”

 

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter