ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Кӯлоб рав!!!

  • Чоршанбе, Окт 30 2019

 

 

20.10.2019. Соат ба вақти Кӯлоб 11:54 дақиқа. Дар толори маҷлисгоҳи резиденсияи Президенти ҶТ дар ш.Кӯлоб, дар ҳузури фаолони ҷамъиятӣ ва аъзои ҳукумат, дар қатори чанд тан аз соҳибкорони ватансоз, ба редаксияи газетаи мардумии СССР низ, барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани 28-солагии Истиқлолият, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва кӯмак расонидан ба оилаҳои ниёзманд, камбизоат ва маъюбу маълул, ИФТИХОРНОМА дода шуд. Ифтихорномаи мазкурро шахсан мушовири калони Президенти ҶТ-Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон-Амонуллои Хайрулло ва раиси ш.Кӯлоб-Баҳром Иноятзода ба сардабири мо супурданд. Ураааа! Мо Метавонем!!!

СССР созанда аст…

Ине, ки СССР газетаи созандааст, на сӯзанда ва дар ҳалли мушкилоти рӯзмарра дасти тамом дорад, ба ҳама равшан аст. Ва аммо редаксияи мо дар корҳои хайрия ва бунёдкорӣ низ дасти тамом дорад, ба ангуштшумор хонандагон маълум аст. Некӣ мекунем, вале реклом на! Ва дар зимн хеле шодем, ки амалҳои хайри моро дар сатҳи баланди ҳукумат дидаву қадр кардаанд. Мо Метавонем!

СССР ҳамарӯза дар сайти хабарӣ ва ҳафтае 1 бор дар саҳафоти газетааш корҳои созандагиро дар ватан, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти ватанӣ бо маром давом доранд, зери назар қарор додааст. Камбудҳоро фош ва пешравиҳоро таблиғ мекунем. Зеро миссияи 1 газетаи ватансоз бояд ҳамин буда бошад! Ва дар зимн худ низ чанд проектро рӯи даст гирифтаву дар ободонии кишвар саҳми боризи хешро гузошта истодаем ва аз ин роҳ барнамегардем. Мо Метавонем!

Кӯлоб: то ва баъди 10.09.2019

Воқеан ҳам ҳар нафаре ободии ватанро дар 1 соли ахир надидааст, кӯр аст, кар аст, нохалаф аст! Зеро дар тӯли 1 соли ахир (ҳоло аз 27 соли қабл ҳарф намезанем!) Тоҷикистон он қадар рушд кард, ки таърихи шӯравиаш ҳатто ёд надорад. Хонандаи гиромӣ, мардона чашм бикшову ба деҳа, кӯча, шаҳр, ноҳия, пеши поят бингар. Магар созандагӣ ҷои сӯзандагиро нагирифтааст? Гирифтааст! Ва «ещё как!».

Дур намеравем, чун дар Кӯлоб қарор дорем, ин шаҳр тӯли даҳсолаҳо баъди намози шом ба коми хоб мерафт, зиндагонӣ дар он қатъ мешуд. Дар кӯчаву хиёбонҳо бо маънии томаш пашшае пар намезад. Порку боғҳои торику сокит онгуна даҳшатзо буданд, ки нафаре дилу гурда намекард, аз байни онҳо гузарад. Вале имрӯз чӣ?

Бо ташаббуси бевоситаи Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва идеяҳои созандагии Шералӣ Кабиров, корхонаи ТалКо дар маркази шаҳр Боғи истироҳатии ба номи Алии Ҳамадониро тарзе сохт, ки рашки тамомии кишварҳои Осиёимарказии пасошӯравист! Порк мисли рӯз равшан асту чун чашми парӣ зебо ва ҳамарӯза то дили шаб, то соатҳои 1 ва 2-и шаб боғ моломол аз истироҳаткунандагону сайёҳони дохиливу хориҷист!

Порис рамзи Кӯлоб!!!

Кӯлоб чун дигар шаҳрҳои таоруфии кӯҳанбунёд чанд рамзи худро дошт. Мисли Равшан (ҳам дастаи футболу ҳам фурӯшгоҳи марказӣ, ки бо сабабҳои номаълум онро Эсхатаи мақдунӣ ном гузоштаанд), кинотеатри Гулистон, мазори Ҳазрати Амирҷон… Имрӯз ба ин рамзҳо дӯсти мо Шералӣ Кабиров рамзи наве зам намуд:

-Шаҳраки Париж бо Манораи Эйфел!!!

Ҳоло аз тамомии гӯшаву канори кишвар, аз Бадахшону Рашту Хуҷанду Зарафшону Турсунзодаву Ҳисор… ба Кӯлоб, маҳз барои дидани Эйфел ва шаҳраки «Tour de France» меоянд, ки ҳалоли дастанкорони ин проект бод! Мо низ шабона дар ин мавзеъ будем ва бовар кун, хонанда, ҳазорон ҳазор нафарро дидем, ки дар дили шаб, оромона, бидуни ягон сухани пасту баланд, назди Эйфел «селфӣ» мекарданду Порку Пориси маҳаллиро тавассути интернет реклама. О, мана мешудаст-ку?! Мо Метавонем!

Ин дар ҳолест, ки дар баробари ин боғ боз 3 порку гулгашти зеботарин дар шаҳр ифтитоҳ ёфтаву ба ҳусни Кӯлоб ҳусн замм кардааст. Дар охир аз забони Мирзо Турсунзодаи азиз ба хонандаи хеш муроҷеъ мешавем:

Биёву бин, манишин бо шунидан,

Шунидан кай бувад монанди дидан?

М. Мубориз

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter