ХАБАРИ ДОҒ

Хонаҳои беодаму одамони бехона…

  • Чоршанбе, Нояб 20 2019

 

 

Баландошёнаҳои Душанбе шабонгаҳ тип-торик шуда, шаҳри мурдаро ёд меоваранд. Зеро касе дар онҳо зиндагӣ намекунад. Ҳарчанд тамоми хонаҳо фурӯхта шудаанд…

Қарор аст, дар чаҳорчӯбаи корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ҳудуди ш.Душанбе зиёда аз 3500 адад иншооти наву муосири ҳаётан муҳим бунёд ёбанд. Маълум аст, дар баробари маҷмааҳои нави фарҳангиву фароғатӣ, маорифу тандурустӣ, маъмуриву варзишӣ ва хизматрасониву дилхушӣ ҳатман биноҳои истиқоматии баландошёна низ сохта барои мардум ба истифода дода мешаванд. Бозори хонасозӣ ва хонахарӣ низ ба қавле гарм, лек боз ҳам мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз афзудани биноҳову хонаҳо, шумораи мардуми бехона дар кишвар, хоса, пойтахт, хеле зиёд аст. Дар тӯли 1 ҳафтаи охир мухбири СССР аз 10 бинои нави истиқоматии ш.Душанбе, ки танҳо дар 1 соли ахир сохта, ба истифода дода шудаанд, ҳамчун иҷоранишини потенсиалӣ дидан намуд…

Хонаҳои гарон…

Имрӯз нархи хонаҳо, аниқтараш 1 метри квадратии он, хоса, дар биноҳои навбунёд назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба карат боло рафтааст. Хонасозон инро дар афзоиши арзиши андоз барои ширкатҳои сохтмонӣ, ки аз 1.01.2019 боз 18% афзуд, мебинанд. Агар с.2017 ҳангоми бӯҳрони моливу иқтисодӣ ҳар 1 метри квадратии манзил дар бинои навсохт дар маркази пойтахт-ошёнаҳои аз 1 то 5-ум аз 7500 то 4500 сомонӣ коҳиш ёфт, имрӯз он баръакс 2 баробар боло рафта, ҳамакнун то ба 8500-10000 сомонӣ мерасад! Ин нархи биноҳои навсохти кӯчаҳои Бухоро, Теҳрон ва атрофи бинои Хадамоти гумрук ва Донишгоҳи тоҷикию славянӣ мебошанд. Нархи 1 метри квадратӣ дар биноҳои навбунёди х.Рӯдакӣ 10-12.000 сомонист!!!

Тамоми ширкатҳои сохтмонӣ талош мекунанд, порчаи заминеро барои хонасозӣ дар маркази шаҳр ба даст оранд, вале набояд фаромӯш кард, ки маркази шаҳр бояд маркази кору тиҷоратӣ бошад, на зист. Ба ғайр аз ин дар Нақшаи генералии ш.Душанбе низ, ки тадриҷан амалӣ шуда истодааст, гуфта мешавад, ҳалқаи якум, яъне маркази пойтахт бояд маркази сирф корӣ ва тиҷоратӣ буда, дар он танҳо биноҳои баландошёнаи маъмуриву маишӣ қомат афрозанд.

Нархи 1 хонаи 1-утоқа дар биноҳои навсохти атрофи Сирки давлатӣ агар соле қабл барои ҳар 1 метри квадратӣ аз 4500 сомонӣ сар мешуд, имрӯз аллакай то ба 5500-6000 сомонӣ расидааст. Нархи 1 метри квадратии манзил дар бинои навбунёд дар маҳаллаи Зарафшон ҳам аз 3300 то ба 4500 сомонӣ хестааст. Дар бештари ин майдонҳои сохтмонӣ, ки ҳанӯз то ошёнаи 3-4 бардошта нашудаанд, хонаи холӣ намеёбӣ- аз ошёнаи 18 то пентхаус аллакай фурӯхта шудаанд! Хонаи 1-утоқаи 46-метрӣ, ки соли гузашта 250.000 сомонӣ буд, айни замон 290.000 сомонист…

…Иҷора ҳам хест!

Дар баробари гарон шудани нархи хонаҳо қимати иҷора низ ба маротиб боло рафтааст. Агар с.2017 иҷораи хонаи 1-утоқа дар маркази шаҳр 3500-5000 сомонӣ буд, имрӯз аллакай 6500-7000 сомонист. Иҷораи 1 хонаи 4-утоқаро дар бинои муосир, ки дар суроғаи к.Пушкин-10 воқеъ аст, бароям 18.000 сомонӣ барои 1 моҳ гуфтанд ва он ҳам ба хотири он, ки соҳибхона эҳтиёҷи сахт ба пул доштааст. Маъмулан, соҳибхонаҳо маблағи 1-солаи иҷораро пешпардохт талаб мекунанд.

Нархи иҷораи 1 хонаи 2-утоқа дар бинои маъруф ба «Алфемо» 15.000 сомонӣ барои моҳе ва он ҳам дар ошёнаи 9-уми бино, иҷораи утоқҳои ошёнаҳои аз 1 то 5-ум 20.000 сомонӣ! Нархи иҷораи манзил тариқи сомонаҳои хариду фурӯши somon.tj ва rg.tj дар 1 соли охир аз 1000 то 2500 сомонӣ гарон шуда, иҷораи 1 хонаи 3-утоқа дар маҳаллаҳои канораи шаҳр низ ҳамакнун ба ҷои 2000, то ба 3500 сомонӣ боло рафтааст. Ҳатто иҷораи утоқҳо дар хобгоҳҳои бархе аз ниҳодҳои давлатӣ, ки аз оддитарин шароити зист бархӯрдор нестанд, то 200-250 сомонӣ афзудааст.

Аҷиб он буд, ки аксари хонаҳо дар биноҳои навсохт холиянд ва бештар ба иҷора супорида мешаванд. Тавре ба назар мерасад, чанд пулдоре аз дилхоҳ бинои навбунёд барои худ якчанд хонае мехаранду пас аз таъмир дарро маҳкам намуда, дар интизори иҷорагири серпул мешинанд. Ин аст, ки вақте шабонгаҳ аз назди чунин биноҳо мегузарӣ, танҳо дар чанд хонаи он равшанӣ мебинему халос. Боқӣ, ҳама торику хомӯш! Ҳой, мардуми пулдору хонадор! Оё беҳтар нест, нархи иҷораро то 500 сомонӣ фарореду ба мардуми меҳнаткаши бехона супоред, то ин ки чароғи манзили шуморо равшан нигоҳ доранд!?

Ҳазорон нафар дар навбати хона

Дар замоне, ки мардуми оддии меҳнаткашу коргар, аз ҷумла, муаллиму муҳандису духтуру журналист… солҳои тӯлонӣ иҷора ба иҷора мекӯчанд, умри хешро дар хонаҳои мардум паси сар мекунанд ё солҳои зиёд дар навбати хона меистанд, пулдору сарватмандон паси ҳам 2-3-тоӣ хона харида, боз ба чанд пулдори дигар бо нархҳои осмонӣ иҷора медиҳанд. Барои бой хона ҳаст, барои камбағал не!

Танҳо аз рӯи аризаву дархостҳои дар беш аз 15 соли ахир ба Ҳукумати ш.Душанбе воридшуда барои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди манзил наздики 27000 муроҷиат кардаанду қариб 10 ҳазор нафар дар интизори ҷудо шудани замин дар маҳаллаи Ховарони пойтахтанд…

Мавзӯро пайгирӣ мекунем. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter