ХАБАРИ ДОҒ

 

Азбаски солҳои ахир аз минбарҳои баланд дар ҳаққи шахсони алоҳида ва муайян ва ҳатто маъруф вожаи тарсбарангезандаи «кофир» 12 бор садо медиҳад, лозим донистам перомуни вожаи мазкур ва аниқтараш ин ҳукм андешаҳои худро иброз дорам. Бошад, ки аз ин гуфтаҳо хонандаи гиромӣ чизе баҳри худ ҳосил намояд. Куфр, кофир ѐ кофар аз масдари арабии каффара ѐ кафара гирифта шуда, маънояш пӯшидан ѐ пӯшондан мебошад. Мухтасарбаѐнкунӣ ва умуман маънидод аз мухтасарсозиҳо дар ҷумлаҳои арабӣ он қадар маъмулӣ гаштааст, ки китоби таълимиеро «Мухтасарулвиқоя» номидаанд. Агар ин китобро бо тақриру тарҷумаву тафсираш биѐрем, шояд 2 китоби дигареро дар бар дошта бошад. Калимаи кофир низ зинаи мухтасарсозиҳоро кайҳо аз сар гузаронидааст. Дар ибтидо шахсеро кофир мегуфтанд, ки бо сухане рӯи ҳақиқатро пӯшонад. Сухани куфр сухане буд, ки тавассути он бар гуфтаҳои Худову расул муқобил мебаромаданд. Як суханеро бо сухани дигар пӯшонидан, ин аст маънии куфр. Пӯшонидани сухани Ҳақ худ куфр аст. Кофир шахсеро гӯянд, ки Худоро инкор кунад, пайғамбар Муҳаммад (с)-ро пайғамбари барҳақ надонад ва мисли ҳамин ҷумлаҳое, ки маънии болоро ифода кунанд. Кӣ ҳаққи ҳукм карданро дорад? Рафта - рафта вожаҳои куфру кофир чун ду истилоҳи ҳуқуқӣ дар замони исломӣ ва имрӯз дар мамолики исломӣ тақдири одамонро ҳал мекард ва ҳам мекунад. Яъне, ҳукм ба куфр худ баробар буд ба ҳукми қатл дар даврони исломӣ. Пас кӣ ҳақ дорад ва метавонад ин масъулияти бузургеро ба дӯш гирифта, чунин ҳукмеро содир кунад. Дар олами ислом фатво ҳаст ва ҳукм аст. Фатво аз рӯи масъала дода мешавад. Ва ислом ин масъулияти бузургро бар дӯши муфтӣ ѐ фатводиҳанда вогузоштааст. Муфтӣ низ ҳукмро на ба фарди мушаххас, балки ба амал ва ҳодисаву воқеаҳо медиҳад. Ба таври дигар, муфтӣ вобаста ба ҳодисаву воқеаҳо ва масъалаҳои шаръӣ фатво медиҳад. Ҳукм бошад, бар дӯши қозӣ (судя) вогузошта шуда. Аз асарҳои Айниву Икромӣ маълум мешавад, ки қозиҳо ҳеҷ як масъалаи ҷиддиро бе маслиҳати муфтиҳо ҳал намекарданд. Аз ин рӯ қозӣ дар асоси маслиҳати муфтӣ ҳукми худро содир мекард. Дар ҷомеаи демокративу дунявии имрӯзаи мо ҳеҷ кас ҳаққи чунин ҳукм карданро надорад!!!

Дин ақл аст!

 Ва аз рӯи ақл амал кардан, асоси мусалмонист. Ҳадиси саҳеҳи расулуллоҳ (с) аст, ки «Башорат медиҳам шуморо ва башорат диҳед шумо шахсонеро, ки баъд аз шумо меоянд: ҳар кас, ки бигӯяд Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммад расулуллоҳ ба дурустӣ, ки 13 дохил мешавад ба ҷаннат». Баъди гуфтану дар дил тасдиқ намудани ин калима, ки Тайиба ном дорад, шахс мусалмон мешавад ва то даме, ки ӯ мегӯяд: «ман мусалмонам», ҳеҷ шахсе ҳақ надорад, ки ӯро абадулабад бо тамғаи кофарӣ дар дӯзах «андозад». Далели мо ҳамон ҳадиси саҳеҳ аст. Ва ҳеҷ як амале аз қабили нӯшидани шаробу нахондани намоз, ки инҳо ҳама гуноҳони кабираанд, дар эътиқоди ӯ халал ворид намекунад. Дар мазҳаби мо шахс бо содир кардани гуноҳи кабира гунаҳгор мешавад, вале кофир намешавад. Зеро шахс бо гуфтани калимаи тайиба мусалмон мешавад. Ва амалҳои ӯ боқӣ ҳама савобу ваболи ӯянд. Ин мисли он аст, ки шахсе нонро беҳурматӣ мекунад, пас ӯ ношукрӣ мекунад, ношукрӣ хилофи ояти «шукр кунед, зиѐда мекунам» мебошад, пас ӯ куфрон дар неъмат кардааст, на дар эътиқод. Эътиқод ѐ мусалмонии ӯ мисли кӯҳ устувор аст. 

Мусалмонро номуед накунед!

Ёд дорам, дар Русия чеченҳои бо русҳо унсгирифта, вале қавиэътиқодро, ки бо лафзи Ассаломуалайкум ҷаҳида мехестанд, ки мусулмон омад. «Я мусулман, ты мусулман, мы братя» гуфтанашон ҳанӯз аз гӯшам нарафтааст. Онҳо бо русҳо мешинанду мехезанд, арақ менӯшанд, чӣ корҳое, ки намекунанд, вале афсӯс мехӯранд, ки намоз намехонанд ва агар касе дар пеши ишон нисбати мусулмон таҳқиреро раво бинад, чечен ҳатман ба муҳофизати мусалмон бармехезад. Оѐ месазад, чунин шахсро кофир гуфтан, ки ӯ баъзе аз амалҳои дини мубини исломро иҷро намекунад? Одамонро аз Ислом ноумед накунед, муллоҳои камсавод!

С. Маҳдӣ

Барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter