ХАБАРИ ДОҒ

SOS! Дарахтони Мӯъминободро бераҳмона маҳв мекунанд!

  • Чоршанбе, Дек 04 2019

 

 

  Субҳи рӯзи 25.11.2019 ба идораи редаксияи СССР 1 гурӯҳ сокинони деҳаи Тутқавули ҷамоати Деҳи баланди ин.Мӯъминобод ташриф оварда, дар бораи бераҳмона маҳв шудани дарахтон, хосса дарахтони мевадиҳанда дар талу теппаҳои деҳаҳои Шаҳбача, Ғешт, Техоро ва Лиҷаки ноҳия изҳори нигаронӣ карданд. 

Сокинон гуфтанд, ки тибқи мушоҳида дар муддати 2 моҳи охир гурӯҳе мисли браконерҳо рӯзонаву шабона омада, дарахтонро бераҳмона арра карда, ба мошинҳои боркашу сабукрав бор карда мебаранду касе аз ниҳодҳои дахлдор ва масъулони соҳа парвои ин қазия надорад.

Рӯзона мебуранду шабона мебаранд!

     Тавре Сафархӯҷа Холиқов, сокини деҳаи Тутқавул дар сӯҳбат бо мухбири мо иброз дошт, ин амал 2 моҳ боз идома дошта, садои арраи барқиро дилхоҳ сокини деҳаҳои гирду атроф ҳам рӯзона ва ҳам шабона мешунаванд, аз он ҷумла, ҷангалбон ҳам, вале коре намекунад. Браконерҳо рӯзона дарахтонро бурида, таҳ карда, барои бурдан омода мекунанду шабона бошад мошинҳо омада, ҳезумро бор карда мебаранд, аммо кӣ ва ба куҷо маълум нест.

    Сокинон рақамҳои якчанд воситаҳои нақлиётро, ки омада ҳезуми тайёршударо мебаранд, акс ва навор гирифтаанд, ки инҳо-мошини тамғаи «Жигули»-06 рақами давлатиаш Н 5825 01, ЛуАз-рақами давлатиаш 3690 АР 03 ва ГАЗ-66 0 8760 03 мебошанд. Ба ғайр аз ин трактори МТЗ-80, ки соҳибаш Абдурозиқ, ном сокини деҳаи Шаҳринави поёнии ҳамин ноҳия асту ҳезумро кашонида бурдааст, низ борҳо ҳангоми дарахтбурӣ мушоҳида шудаанд...

Дарахтони мевадорро мебуранд

    Дар идомаи сӯҳбат Сафархӯҷа Холиқов мегӯяд, ки ҳамаи ин дарахтони маҳвшуда мевадиҳанда-себу дӯлона, олуча, чормағзу писта буда, то охири моҳи декабр ҳосилашон дар шохаҳо овезон мешуд. Ҳар 1-тои ин дарахт, аз он ҷумла себ то 1 тонна мева ба бор меоварду мардуми маҳаллӣ бо чидану ҷамъоварии ҳосили ин дарахтон рӯзгори хешро пеш мебурданд. Масалан, 1 кило дӯлонаро, ки то 70 сол умр мебинад, 3 сомонӣ аз дари хона фурӯхтан мумкин буду меваи олучаро одамон ҳатто аз Суғд омада, харида мебурданд. Акнун, вақте қисми зиёди ин дарахтон, ки ҳанӯз дар авҷи ҳосил кардан мебошанд, бурида шуданд, дигар на дар бораи ҳосил гап задан мешаваду на дар бораи ҷамъоварии ону пайдо кардани ризқу рӯзӣ...

Кӣ лаҷоми браконерҳоро мекашад?

    Ин талу теппаҳо аз рӯи ҳудуд зертобеи хоҷагии ҷангали ноҳия буда, бояд ҳифз гарданд, лек чаро хоҷагии ҷангал, кумитаи ҳифзи муҳими зист ва милитсияи экологӣ дар ин самт нисбат ба маҳви бераҳмонаи дарахтон хомӯшанд, сокинон намефаҳманд.

     Сафархӯҷа Холиқов таъкид медорад, ки сокинон дар бораи ин қонунвайронкуниҳо борҳо ба масъулони сохторҳои назоратии ноҳия, вилоят ва ҳатто ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат низ муроҷиат намудаанд, вале бо гузашти беш аз 2 ҳафта вокунише аз ҷониби ин ниҳодҳо несту браконерҳои дарахтбур боз ҳам ба кори худ-маҳви дарахтон идома дода истодаанд. 

Оё ин браконерҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд? Суолест матраҳ ба Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ва раҳбарони дигар ниҳодҳои кишвар, ки дар бахши ҳифзи ҷангал ва экология муввазафанд. Мо мавзӯро пайгирӣ менамоем! Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter