ХАБАРИ ДОҒ

Вазорати тандурустӣ-пешгоми корҳои ҷашнӣ дар Кӯлоб

  • Чоршанбе, Дек 18 2019

 

 

Аз редаксия: Таври маълум бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, бо супориши вежаи асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ дар ҳама шаҳру навоҳӣ корҳои созандагӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Ҳама вазорату кумитаҳо дар ин ё он шаҳру ноҳия амалан побанданд. Вале тавре мушоҳида шуд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар ин сохту соз пешгом будаву тақрибан дар ҳама гӯшаву канори кишварамон ба бунёдкорӣ банд аст. Ин ҷо лозим донистем, ки корҳои ин вазоратро, барои қиёс, дар 1 шаҳри Кӯлоб манзури хонанда гардонем. Ҳатман хонед. Мо Метавонем!

 Маркази перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб

Сохтмон ва ҷиҳозонидани Маркази перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон тавассути Бонки олмонии рушд (KFW) оғоз гардида, барои ин амал Бонки олмонии рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8,3 миллион Евро грант ҷудо намуда, аз ин миқдор 5,3 миллион Евро барои корҳои сохтмонӣ ва 3,0 миллион Евро барои муҷаҳҳазонидани он масраф шудааст. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи мазкур маблағи 6 миллиону 637 ҳазор сомониро дарбар гирифт. 

Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ

Иншооти дигари сохташаванда дар шаҳри Кӯлоб - Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ барои 120 кат мебошад, ки корҳои сохтмонии он аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни ҳол идома дорад. Иншооти мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои табобати бемориҳои равонӣ 80 кат ва барои табобати бемориҳои наркологӣ 40 кат пешбинӣ гардидааст.  

Харҷномаи тасдиқшудаи корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани иншооти мазкур, ки аз ҷониби ҶСК «Корезлоиҳа» омода карда шудааст, 24 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, тибқи лоиҳа барои  корҳои сохтмону васлгарӣ 16 миллиону 863 ҳазор сомонӣ, барои таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ 6 миллиону 117 ҳазор сомонӣ  ва барои назорати техникӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва дигар хароҷотҳо 720 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таи солҳои 2016-2019 дар иншооти зикргардида 7 миллиону 644 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.

Хобгоҳ барои Коллеҷи тиббии Кӯлоб

Иншооти дигари сохташаванда дар шаҳри Кӯлоб «Хобгоҳ барои донишҷуёни Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб барои 700 ҷой» тибқи нақша идома дорад. Иншооти мазкур дар Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Корезлоиҳа» соли 2016 лоиҳабандӣ гардида, харҷномаи корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани он тибқи хулосаи мусбии экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмонӣ 23 миллиону 95 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Тибқи лоиҳаи ангоравӣ иншоот аз 9 ошёна ва тагхона иборат буда, масоҳати зери сохтмони он 7848 м2-ро ташкил медиҳад. Дар давоми солҳои 2016-2019 аз ҳисоби маблағҳои буҷети Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб 4 миллиону 276 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тавассути вазорат 4 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Дар маҷмӯъ таи солҳои 2016-2019 дар иншооти зикргардида ба маблағи 8 миллиону 276 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудаанд. 

 

ТАЪМИРИ ИНШООТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРУ ДЕҲОТИ КӮЛОБ

 Соли 2018

Дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда ва махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои зерини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъмир гардидаанд:

1.Таъмири боми бинои Маркази саломатии шаҳрии №2 шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон – 322.925 сомонӣ

2.Таъмири қисми бинои Беморхонаи бемориҳои сироятии калонсолони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон – 318.351 сомонӣ

3.Таъмир ва азнавсозии Беморхонаи вилоятии бемориҳои дили №2 шаҳри Кӯлоби  вилояти Хатлон – 412.304 сомонӣ

Эзоҳ: Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти вазорат, тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои сеошёнаи маркази саломатии «Модар ва кӯдак»-и Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба моликияти коммуналии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон гузаронида шуда, бинои мазкур ба табобати бемориҳои дил мутобиқ карда шуд. Маблағи умумии корҳои таъмирӣ, ки аз ҷониби вазорат анҷом дода шудаанд, дар соли 2018 ба 1.053,580 сомонӣ баробар аст. 

Соли 2019

1.Таъмири системаи обу корезии Маркази саломатии шаҳрии №2 шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон – 279.601 сомонӣ

2.Таъмири бинои Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон – 240.917 сомонӣ

3.Сохтмони Бунгоҳи саломатӣ дар ҷамоати Сангпари ноҳияи Кӯлоб – 450.000 сомонӣ

4.Таъмири бинои Беморхонаи сироятии кӯдакона дар шаҳри Кӯлоб – 850.000 сомонӣ

Маблағи умумии корҳои таъмирию сохтмонӣ дар соли 2019 ба 1 820 518 сомонӣ баробар аст. 

 

ТАЪМИНИ БЕМОРХОНАҲО БО НАҚЛИЁТ

Бо мақсади ташхиси саривақтӣ ва дар ин замина қоҳиш додани сатҳи беморшавии аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб, соли 2018 аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд, 1 адад автомашинаи сайёри флюорографӣ (рақамӣ) бо маблағи 250 ҳазор доллари ИМА харидорӣ ва ба Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳри Кӯлоб дастрас карда шуд. Дар соли 2019, бо ҷалби шарикон оид ба рушд, бо маблағи 240 ҳазор доллари ИМА автомашинаи ташхиси сайёри тамғаи «КАМАЗ» харидорӣ ва ба Маркази пешгирӣ ва назорати ВНМО-и шаҳри Кӯлоб барои истифодаи хизматӣ дастрас гардид. Инчунин, дар ҳамин сол, барои Маркази санитарию эпидемилогии шаҳри Кӯлоб бо маблағи 90 ҳазор долларри ИМА автомашинаи сайёри тамғаи “Газел” харидорӣшуд. 

 

ТАЪМИНИ БЕМОРИСТОНҲО БО МЕБЕЛ

Соли  2018

Дар соли 2018 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон маводи доруворӣ, мебел, таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 493 149 сомонӣ таъмин гардидаанд. 

Аз ҷумла;

Ба Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Ҳақназаров 1 адад таҷҳизоти муосири фиброгастроскоп ва 7 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва мебелҳо ба маблағи умумии 234.240 сомонӣ ва 1 маҷмӯъ иборат аз 11 қуттӣ доруворӣ ва молҳои тиббӣ барои ҳолатҳои фавқулодда ба маблағи 17.112 сомонӣ дастрас карда шуд. Ба Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб 6 адад кати тиббии функсионалӣ ба маблағи умумии 25.080 сомонӣ ва ба Маркази вилоятии бемориҳои чашми шаҳри Кӯлоб 1 адад чароғи тарӯишдор ба маблағи 41.840 сомонӣ ва ба Маркази вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб 13 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва мебелҳо ба маблағи умумии 29.952 сомонӣ, ба Маркази вилоятии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб 15 адад катҳои беморхонагӣ ба маблағи 11250  сомонӣ, ба Маркази солимии репродуктивии минтақаи Кӯлоб 10 номгӯй таҷҳизот ва  молҳои тиббӣ аз ҷумла, 1 адад таҷҳизоти колпоскоп, тамғаи “Ге-100” ба маблағи 27262 сомонӣ, ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб як адад рентгени сайёр ба маблағи 27500 сомонӣ, ба Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб 10 номгӯй таҷҳизотҳо ва  молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 10012 сомонӣ, ба Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб 11 номгуи  таҷҳизоти тиббӣ ва мебелҳо ба маблағи 20 202 сомонӣ ва ба шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Кӯлоб 12 номгӯи таҷҳизотҳои тиббӣ ва мебелҳо ба маблағи умумии 12.508 сомонӣ, ба Беморхонаи ноҳиявии №1 Ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон 4 номгӯй таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи умумии 17.150 сомонӣ. ба шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Кӯлоб (бунгоҳи тиббии деҳаи Корези боло) 12 номгӯй таҷҳизотҳо ва  молҳои тиббӣ ба маблағи 12508 сомонӣ ва ба КАТС-и ноҳияи Кӯлоб (бунгоҳи деҳаи Тудакафш) 9 номгӯй таҷҳизот ва  молҳои тиббӣ ба маблағи 6.533 сомонӣ дастрас шудааст.

Соли  2019

Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон маводи доруворӣ, мебел, таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 1 745 826 сомонӣ таъмин гардидаанд.

 Мавриди зикр аст, ки ҳамасола, бо мақсади расонидани кӯмаки дастуриву ташкилӣ ба муассиаҳои тиббии шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон ҷиҳати ташхиси саривақтӣ, машварат ва муоинаи аҳолӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 100 мутахассисони баландихтисос, сармутахассисони соҳавии вазорат бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ сафарбар карда мешаванд.

 

Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter