ХАБАРИ ДОҒ

Пул нест! Сӯм Йоқ!! Денег Нет!!!

  • Чоршанбе, Дек 18 2019

 

Тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии мамлакат фурсат доштанд дар тӯли ин 2 моҳ системаи худро ба фаъолияти низоми нав мутобиқ карда, сармояи лозимии пулиро захира намоянд, вале онҳо то лаҳзаи охирин интизор шуда, мардумро саргардон, бепул ва нороҳату нигарон карданд! 

   Оғози фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон аз 3.12.2019 ба саргардониву нигаронии аксари сокинони кишвар ва пеш омадани проблемаҳои ҷиддӣ дар самти интиқоли маблағҳо овард. Бояд гуфт, ки аз ин баъд тамоми интиқолҳои фаромарзӣ, яъне беруна, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба маркази мазкур пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд. Чуноне ки шуъбаи матбуоти БМТ рузҳои аввали роҳандозӣ шудани фаъолияти ин марказ хабар дод, дар оғоз танҳо 2 ташкилот-«Юнистрим» ва «Контакт» ба низоми нави интиқоли маблағҳо пайваст шуда, интиқоли пул аз хориҷ, асосан Россия тавассути ин ташкилотҳо ба роҳ монда шуд. Ҳоло ман дар бораи сарсониҳои мардум, навбатпоӣ, камчинии маблағ дар бонкҳо, фоида ва зарари ин амал ва даҳҳо мушкилоти дигар, ки сар аз 3.12.2019 ҳамчун 1 дарди сари дигар ба мардум бор шуд, намегӯям, зеро то ба имрӯз ҳамкорони мо аз дигар нашрияву сомонаҳо дар робита ба он садҳо маротиба гуфтанду навиштанд. Маро 1 мушкили дигар-камчинӣ ва ё набуди маблағ дар банкоматҳои пойтахт дар 1 ҳафтаи охир нигарон кард. Ман, ки бояд пули заҳмати устои хонаро медодам, пули нақд наёфтам.

Банкоматҳои холӣ…

05.12.2019. Соат бо вақти Душанбе 13:30 дақиқа. Бароям пул лозим шуду корти миллиамро, ки ба он системаи дигари пулии «Viza Electron» пайваст асту захира дорам, гирифта ба кӯча мебароям. Банкоматҳои назди МД «Телевизиони «Сафина», ки ҳамеша маблағ доранд, беҳтарин нуқта ва макони гирифтани маблағ аз кортҳост. Ба хотири он, ки дар инҷо банкоматҳои тамоми бонкҳо гузошта шуда, бо насби системаи «Viza Electron» ба ҷуз бонке, ки мизоҷаш ҳастед, боз метавонед аз дигар бонкҳо низ пул бигиред. Вале имрӯз ба қавле «тарбуз аз бағалам афтид»: дар ягон банкомати назди телевизион, ки шумораашон то ба 8-10 адад мерасид, пул набуд! На дар банкомати «Ориёнбонк» на «Амонатбонк» на «Эсхата» на «Спитаменбонк» ва на «Бонки байналмилалии Тоҷикистон». Мардуми зиёд омада, бо навбат ба банкоматҳо мерасиданд, лек корт бидуни хизматрасонӣ берун мешуд. Боз 1 мушкили дигар он буд, ки агар қаблан бонкҳои дигар низ ба корти шумо хизмат мерасониданд, ҳоло шумо танҳо метавонед аз банкомати бонки худатон истифода бареду тамом-ё кортро қабул намекунад ва намехонад. Саргардониам ба хотири пайдо намудани банкомати пулдор дер давом кард: то вокзали роҳи оҳани пойтахт пиёда рафтам, лек ягон банкомати пулдор наёфтам. Дар тӯли 1,5 соат кортамро ба воситаи 10 банкомат санҷидам-пул нест!

Саргардонии 1 миллат…

    05.12.2019. Соат бо вақти Душанбе 21:30 дақиқа. Ба хотири пайдо намудани банкомати пулдор боз ба кӯча мебароям. Кӯча пури мизоҷоне чун ман аст, ки хобу хӯрро гум карда, мисли ман пул мекобанд! Шояд масъулони банкоматҳои бонкҳо дар охири рӯз дубора пул гузошта бошанд, мегӯям пеши худ. Аз назди сирк то назди бозори «Саховат» ҳар 1 банкоматро «зиёрат» карда, билохира дар назди тарабхонаи «Суғдиён»-и маҳаллаи 61-ум банкомати пулдори «Ориёнбонк»-ро пайдо мекунам. Шодиям дер намепояд-ин банкомат аз 1000 сомонӣ бештар дода наметавонад. Ба ин ҳам шукр гуфта, 1000 сомонӣ мегирам, зиракӣ карда, кортамро боз вориди банкомат мекунам-ин маротиб банкомат ба ман пул намедиҳад: лимит!

06.12.2019. Соат бо вақти Душанбе 15:30 дақиқа. Бо умед вориди маркази савдои «Пайкар» шуда, сӯи банкомат меравам. Дар 2 банкомати ошёнаи 1-уми ин марказ пул нест! Мисли банкоматҳои дигари ин қисмати шаҳр сар аз Маркази савдои «Садбарг» то гирду атрофи боғи ба номи Куруши Кабир ва фурушгоҳи «АШАН». Боз сӯи бозори «Саховат» бо умед роҳ пеш мегирам, дар банкомати дишаба пул нест, вале дар банкомати ҳамсоя, ки ба яке аз бонкҳои навтаъсиси кишвар «Halyk bank» тааллуқ дорад, пул ҳаст! Дар банкомати БДА «Амонатбонк» низ пул буд. Хулоса, пас аз 2 рӯзи саргардонӣ боқимондаи пулро аз корт гирифта, бо усто ҳисобу китобамро анҷом додам…

Хизмати хирсонаи бонкҳо

    Маълум аст, ки пас аз гузаштан ба низоми нави интиқоли маблағ аксари шаҳрвандон ба корт гузошта, амалиётҳои пулии худро, инчунин интиқоли маблағро аз Россия ба Тоҷикистон тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондаанд. Ин аст, ки маблағ дар банкоматҳо хеле зуд ба итмом мерасидагӣ шуд-дар ин бора пасон ҳамкорон аз шуъбаи матбуоти БМТ шарҳ доданд. Вале ҳоло ман 1 чизи дигарро намефаҳмам: Бонки Миллии Тоҷикистон дар бораи оғози фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябр хабар дода буд. Тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии мамлакат фурсат доштанд дар тӯли ин 2 моҳ системаи худро ба фаъолияти низоми нав мутобиқ карда, сармояи лозимии пулиро захира намоянд, вале онҳо то лаҳзаи охирин интизор шуда, мардумро саргардон, бепул ва нороҳату нигарон карданд! Аз чунин муносибат ва рафтор бармеояд, ки бонкҳои мо ин корро амдан кардаанд-барои бештар шудани норизоиву нороҳатии мардум! Инро мегӯянд хизмати хирсона! Мо мавзуро пайгирӣ хоҳем кард. Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

    

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter