ХАБАРИ ДОҒ

 

(Репорти ғайриоддӣ)

08.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 12:37 дақиқа. Ба чойхонаи «Умари Хайём», воқеъ дар пушти бинои Гранд-Отел омадам. Ин ҷо бояд банкети 70-солагии ҳунарпешаи халқии ҶТ баргузор гардад. Ҳавлӣ тинҷ, саҳн ором. Фикр кардам, Бенефиси ҳунарманди аршади ин миллат шояд дар дигар ҷост? Ва зангаш задам. 2 дақиқа баъд худи устод давида баромад ва маро ба ТОЛОРИ ПРУШУКӮҲ ва СЕРОДАМ роҳнамо гардид. Ба толор даромада, тарбуз аз бағал афтид. Ҳамагӣ 10-12 нафар аз устодони санъат ва пирони фарҳанги миллат, корифейҳои санъати миллӣ, бо шумули ҳунармандони аршад Ҳ. Абдуразоқов, Нур Табар, Мӯҳтарам Ҳотам, Тӯрахон Аҳмадов, Толибҷон Бобоев, Сӯҳроб Мирзоев, шоири шӯрида Алиакбари Абдулло... нишаста буданду боз 3-4 хеши наздики устод. Тамом!!!

Ҳарос аз танзим

08.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 13:00 дақиқа. Бенефиси 70-солагӣ «шуруъ» шуд. На микрофон, на диктофон, на камера. Мардум ҳатто метарсид сухан кунад. Ахиран, устод Тӯрахон Аҳмадхонов-ҳунарманди саршинос ва сардафтари назми парешония тоқат наоварда, аз ҷо бархост ва гуфт:

-Манннн садри нохондаи ин маҳфиламмммм!!! Ва суханро ба ман дод…

Ростӣ, ман танҳо 1 чиз мехостам: бигирям! Ба ҳоли ин фарҳанг, ин санъат ин чеҳраҳои ҳунарӣ, ки тавоне надоранд, ки ҳатто Бенефиси бузургтарин коргардон, актёр, оҳангсоз, навозанда, сароянда ва адибро баргузор кунанд. Ман чӣ гуфтам шарт нест, ки биораму бикорам, вале…мардум ҳатто тарсид, ки баланд қарс занад. Аз тарси Танзим ва ҷарима!!! 

 Ҳой мардум! Танзим бояд барои таоруфи мазҳабӣ ва исрофкорӣ ва худоиҳо бошад, на баргузории ҷашнвораҳои фарҳангӣ! Магар инро намедонед? Чаро масъулин мардумро онгуна тарсу кардан доранд, ки наметавонанд зодрӯзу солрӯзи бузургҳои хешро қайд кунанд? О, мо дар давлати дунявӣ ба сар мебарем ва фарзи мисол, Бенефиси Мирзоватан Мировҳо зарбаи муҳлике ба решаҳои экстремизму фанатизму терроризм аст!

Ҳабибулло Абдуразоқов: Дастгоҳи идеологӣ иштибоҳ мекунад!

Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, устоди устодони саҳнаи театру кинои Тоҷик, Мэтри ҳунар, сухан гуфта, тақрибан бо оби дида изҳор доштанд:

-Ҷашни 70-солагии Мирзоватан Миров ва ҳунармандоне амсоли ӯ, бояд бо шукӯҳу шаҳомати вежа дар саҳнаҳои бузурги Тоҷикистон баргузор гардад ва тариқи ТВ ба намоиш гузошта шавад. Бинед, худи ҳамин рӯз дар Русия 85-солагии Алиса Фрейндлих, артисткаи халқии СССР (ҳамоне, ки дар Служебный роман нақши марказиро мебозад-СМ) ҷашн гирифта мешавад. Тамомии ТВ-ҳои марказии Русия бенефиси ӯро намоиш медиҳанду дар борааш соатҳо қисса кардан доранд. Ҳамкурсони ман, ки дар Питеру Маскав кору фаолият доранд, сар аз 50 то 80 солагияшон ҳамеша таҷлил мегардаду намоиш дода мешавад. Вале дар мо ин равандро решакан кардаанд, ки орӣ аз савоб аст. Ман фикр дорам, ки дастгоҳи идеологӣ дар самти Танзими бенефиси ҳунармандони саршиноси мо ба хатоӣ роҳ додааст ва ин хато бояд оҷилан ислоҳ шавад!

Ва мо пастак-пастак қарс мезанем, то мову Мирзоватанро Танзим ҷарима накунад.

Ба ҷои хулоса

Чӣ муаммое, ки дар давлати дунявӣ чорабиниҳои дунявӣ низ танзим шудаанд?! Бовар дорам, агар чунин маҷлисҳо дар толорҳои барҳаво ва пур аз одам баргузор гарданду таърихи зиндагиномаи чунин Шахсиятҳо тариқи Радио ва ТВ варақгардон шавад, нур бар болои нур хоҳад буд. Ва ин амалкард зарбаи ҷонкоҳтарин бар мубаллиғини торикиву ҷаҳолат ва фанатизми мазҳабӣ мегардид. Аммо ба кӣ мегӯӣ???

Мо Метавонем!

С. Мизроб

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter