ХАБАРИ ДОҒ

Иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи онҳо

  • Чоршанбе, Дек 25 2019

 

Дар Тоҷикистон 10 нафар якҷо шуда, метавонанд “серков”-и худро таъсис диҳанд. Ин ҳолатро ҳатто дар Федератсияи Россия низ вохӯрдан ғайриимкон аст... 

Имрӯзҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет шоҳиди он мешавем, ки баъзе нафарон бе факту далел Тоҷикистонро бо он айбдор месозанд, ки гуйё барои фаъолияти иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ пайваста монеъа эҷод месозад. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумот аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ дар ҳудуди кишвар зиёда аз 4000 иттиҳодияиҳои динӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти хешро пеш мебаранд. Аз ин шумора 67 иттиҳодия ғайриисломӣ буда, аксарият шохаҳои гуногуни дини насрониро ташкил медиҳанд.  

 

Тоҷикон таҳаммулпешаанд!

 Олга Пилкович-роҳбари ҷамъияти “Китоби Муқаддас” дар   сӯҳбат бо СССР иброз дошт, ки ҷамъияти мазкур аз соли 1994 фаъолият мекунад:  

   - Мо асосан ба тарҷума ва паҳн кардани китоби муқаддаси “Инҷил” бо забонҳои гуногун машғулем. Фаъолияти мо албатта дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар тӯли 25-соле, ки мо дар Тоҷикистон фаъолият дорем, ҳеҷ монеа ё мушкилеро дар кори худ эҳсос накардаем, ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ низ. Ба андешаи шахсии ман Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки тамоми шароити мусоид барои иттиҳодияҳои ғайримусалмонӣ фароҳам аст. Ҳатто дар инҷо 10 нафар якҷо шуда, метавонанд “серков”-и худро таъсис диҳанд. Ин ҳолатро ҳатто дар Федератсияи Россия низ вохӯрдан ғайриимкон аст. Пас метавон гуфт, дар Тоҷикистон озодии интихоби дину мазҳаб ва пайравӣ аз дини дилхоҳ, ки Конститутсияи кишвар онро кафолат додааст, пурра эҳсос мешавад. Мардуми тоҷик то он ҳадде таҳаммулгароанд, ки ҳатто мо рафта, дар масҷидҳо барои тарҷумаи китоби “Инҷил” маслиҳату машваратҳо низ гирифтаем.

 

Робита бо ғайримасеҳиён хуб аст

   Ҳамсуҳбати дигари мо, роҳбари серкови Новоапостоли ш.Душанбе, Сергей Кретов мегуяд, ин ибодатхона ҳанӯз соли 1991 бунёд гардида, мавсуф аз соли 2005 роҳбарии онро расман ба ӯҳда гирифтааст: 

   -Дар ин муддат фишор ё монеагузориеро на аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ ва на аз мақомоти давлатӣ эҳсос накардаем. Баракс, бо Кумитаи дин дар ҳамкории зич қарор дошта, пайваста дар семинару конфронсҳо иштироки фаъолона меварзем. Бо аҳолии ғайримасеҳии атрофи серков низ робитаамон хуб аст. Асосан яке аз таъкидҳои мазҳаби мо итоат аз қонунҳои амалкунанда ва риояи сулҳу оромист. Аз рӯзи кушодашавӣ то имрӯз пайравони масеҳӣ ва ибодаткунандагони серкови мо бе ягон мушкилӣ ва монеа ба ибодатхона омада маросимҳои мазҳабияшонро барпо менамоянд.

 

Серковҳоро Тоҷикон таъмир мекунанд

Фурқат Забиров, мудири  шӯъбаи оид ба дини МИҲД дар ш.Бохтар дар сӯҳбат бо мухбири минтақавии СССР қайд менамояд, ки дар ҳудуди ш.Бохтар 4 адад  ибодатхонаи ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудааст, ки яке аз онҳо калисои римӣ-католикӣ «Роҳи муқаддас» соли 1987, калисои русӣ-православӣ соли 2008, ибодатхонаи масеҳиёни инҷилӣ соли 2007 ва ибодхонаи инҷилӣ-баптистӣ соли 2008 сохта шуда, то ҳол фаъолият мекунанд. 

   Светлана Борисова, яке аз мусълони серков дар сӯҳбат афзуд, ки ибодатгоҳи русӣ-православӣ солҳои 1930 сохта шудааст: “Соли 1930 мардуми рус 1 хонаи хурдеро харидорӣ карда, сохтанд, ҳоло бошад бо кӯмаки хайриявии мардуме, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба инҷо меоянд, калисо таъмиру таҷдид гардидааст”. Ҳамсӯҳбати дигари мо Валентина Обидова иброз дошт, ки танҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе то 20-25 нафар ва рӯзҳои ид бошад беш аз 60-70 нафар ибодаткунандагони масеҳӣ меоянд. 

    Салоҳиддин Алимзода, сардори Раёсати демографии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ  дар вил.Хатлон иттиллоъ дод, ки дар ҳудуди вилоят 14 адад масҷиди ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар ш. Норак 2 адад, Бохтар 4 адад, ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ 1 адад, Вахш 1 адад, Дӯстӣ 1 адад, А. Ҷомӣ 1 адад, Ҷайҳун 1 адад, Шаҳритуз 1 адад, Ёвон 1 адад, Левакант 1 адад. 

   Мавзуъро пайгирӣ хоҳем кард! Мо метавонем!

 

Исмоилҷон Маликов, коромузи СССР

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter