ХАБАРИ ДОҒ

 

Дар қашшоқтарин кишвари африқоӣ додугирифт ба воситаи корти бонкӣ ба роҳ монда шудаасту дар мо бо он танҳо аз банкомат пули нақд мегиранд…

    Ситорабону Бақоева, духтари ҳамкорамон имсол ба Донишкадаи давлатии ш.Маскав дохил шуд. Ҳар моҳ падараш ба ӯ 10.000 рубл равон мекунад, ба қавле нонпулӣ. Пас аз ба кор шуруъ кардани Маркази протсессингии БМТ падар барои фиристодани пул ба духтари донишҷӯяш аз 1 бонк ба бонки дигар саргардон шуду билохира бо гирифтани корти Бонки байналмилалии Тоҷикистон ва ҳамзамон HALYK BANK ба вай муяссар шуд ба Ситорабону каме бошад ҳам маблағ гузаронад.  Ситорабону дар Банкомат пулашро нақд мекунад. Аз 500 рубли ӯ бонк  231 рубл фоизи хизматрасонӣ мегирад, ки ин бо табдил ба пули мо ҳудудан 31 сомониро ташкил менамояд. Яъне, 31 сомонии падар ба киссаи кадом бонку бонкдоре рафту духтар низ пули 2-3 рӯзаи нонро аз даст дод. Пасон Ситорабону маҷбур мешавад барои харид чанд истгоҳро тай намуда, ба фурушгоҳи «Магнит» равад. Зимни ҳисобкунӣ тавассути корти бонкӣ фурушгоҳ танҳо 1% маблағи харидро барои расонидани хизмат кам мекунаду халос…

 Ин ҳолат маро водор сохт сари масъалаи истифодаи густардаи кортҳои бонкӣ бори дигар фикр намоям.

 

Чаро аз корт истифода накунем? 

   Имрӯз хариду фуруш дар тамоми дунё тавассути кортҳои бонкӣ сурат мегирад. Сар аз хариди қоғази ташнобу гӯгирд то пахтаву алюминийю хонаву бинову корхона ҳамааш ба воситаи суратҳисобҳо ва кортҳои бонкӣ анҷом дода мешавад.   Ёдгор Наимов, яке аз дӯстонам, ки хориҷ аз кишвар дар яке аз мамлакатҳои африқоӣ кору зиндагӣ дорад, қайд мекунад, ки дар қашшоқтарин кишвари африқоӣ додугирифт ба воситаи корти бонкӣ ба роҳ монда шуда, дар сурати зарурат мардум хизмати фаррошу ошпазу тамизкор ва ҳатто фоҳишаро низ бо корти бонкӣ пардохт мекунанд! Вақте тамоми дунё бо кортҳои бонкӣ сарукор дорад, пас чаро дар Тоҷикистон аз ин таҷрибаи ҷаҳонӣ наметавонем хуб истифода бубарем? 

 

Аз бозорҳо шуруъ кунем?

   Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири молияи ҶТ дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш бахшида ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи 1-уми соли равон вобаста ба гардиши бесобиқаи пули нақд дар берун, ки тибқи ҳисоби ғайрирасмӣ ба 14 миллион сомонӣ мерасад, иброз дошт, ки танҳо дар ҳолати пурра ба истифодаи корти бонкӣ гузаштани аҳолӣ ва анҷом додани хариду фуруши мардум тариқи кортҳои бонкӣ, метавон ин масъаларо то ҳал намуда, барои назорати гардиши пул шароити мусоид фароҳам овард.  Вазири молияи кишвар тарафдори он аст, ки мардум ба истифодаи фаъолонаи кортҳои бонкӣ сар карда, хариду фуруши хешро ба воситаи онҳо ба роҳ монанд, зеро дар ин сурат фоизҳои кам пардохт шуда, маблағ зери ҳимоя аст. Вале мо новобаста аз пеш омадани вазъиятҳои гуногун, амсоли проблемаҳо дар интиқоли маблағ, ки 3 ҳафта шуд дар кишвар идома дошта, саргардонии мардум ба охир намерасад, боз ҳам аз истифодаи кортҳои бонкӣ дар ҳаросем. 

   Масъулони вазорати молия, иқтисод ва савдо, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории кишвар шояд сари ин масъала ҷиддӣ андешида, ба хотири ҷалби мардум барои истифодаи густардаи кортҳои бонкӣ ба таври таҷрибавӣ аз бозорҳои пойтахт шуруъ мекунанд? Бигузор хариду фуруш дар бозор, масалан бозорчаи «Яккачанор» тавассути корти бонкӣ ба роҳ монда шавад, он гоҳ мебинем, ки ин амал чӣ натиҷа хоҳад ба бор овард-мардум бояд одат кунанд!

   Мо сари ин мавзуъ бармегардем ва месанҷем, ки пас аз шуруи фаъолияти Маркази протсессингии БМТ бонкҳои кишвар чӣ қадар корти бонкӣ фурухтанду айни замон додугирифт тавассути кортҳои бонкӣ чӣ гуна асту бонкҳо чӣ қадар фоиз меситонанд. Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter