ХАБАРИ ДОҒ

Даъвии сӯхтагӣ пеши ман, эй лола, макун,

Мешиносад  дили ман, бӯйи дили сӯхтаро!!!

Чун дар анҷоми солҳои кӯҳани қаблӣ, СССР муваззаф аст, пеши хонандаи худ, дӯстон, мухлисин ва аъзои Ихвон ал СССР, дар арафаи Соли Нав ҳисобот диҳад, ки дар соли 2019 мо бо чӣ коре банд будем. Зеро мо мардумием ва ҳатман аз кори кардаи хеш ба мардум ҳисобот медиҳем. Амале, ки дар ягон газетаи, на танҳо ватанӣ, ки дар ақсои олам, дучор нахоҳед гашт. Мо Метавонем!

Омодаӣ, хонанда? Пас, рррааафффтттееемммм….

Шуморае, ки дар дастдорӣ, №589 аст. Яъне, дар тӯли ин 12 соли боҳамӣ, танҳо сардабир ҳудуди 600 сармақола навиштааст, ки мавзуъҳои бикр ва обношустаро фароҳам дар мегирифтанд. Дар поин аз арифметикаи оддӣ кор мегирем. 

2356 нафар меҳмони мо гаштаву дар бораи мушкилоти рӯзмарра сӯҳбат кардаанд:

Х=589х4

Х=2356

Ва агар дар ҳар шумора 7-8 хонанда занг задаву ибрози назар карда бошанд, пас мо теле-матлабҳои 4417,5 нафарро нашр кардаем:

Х=589х7,5

Х=4417,5

Дар ҳар шумора ҳудуди 30 СМС-паёмак ба мо мерасид, ки мо аз ин теъдод беҳтаринҳо, то 15 тояшро чоп мекардем, ки мешавад  8835 пайки мардумӣ:

Х=589х15

Х=8835

Дар рубрикаи 7 рӯз дар таърих, ба таври ҳамешагӣ то 17-20 рӯйдоди таърихӣ чоп мешуд, ки ҳудудан 10.602 санадро фароҳам меорад:

Х=589х18

Х=10602

(Акнун офарини майнаи Меҳрубон Салимшоев намегӯед?!)

Рӯиҳамрафта Меҳрубоншоҳ дар тӯли ин маҳдуда ҳудуди 600 матлаби таърихӣ нигоштаасту устод Умари Шерхон моро бо 400 қаҳрамони ҶБВ дар ҷабҳа ва ақибгоҳ шинос кардан дорад: ва ин ҳама дар саҳ-4.

Рубрикаи Носталжи бошад беш аз 1178 аксу тоблуи таърихи муосир ва даврони советиро ба мо муаррифӣ кардааст, ки ҳалоли Идибек бод!

Х=589х2

Х=1178

Гӯшаи АНИҚ…дот бошад 400 бор нашр шудаву латоифи воқеиро дар бораи кору пайкори журналистон, адибон, фарҳангиён ашхоси номдори кишвар ба табъ расонид.

Дар пурбаҳстарин саҳифа- «СССР: Мо ва баҳси мо» тӯли 12 сол хонандагон бо ҳам баҳсҳои созанда карда, беш аз 1800 матлаб роҷеъ ба чараёни босмачизм ва таърихи муқовимат навиштаанд. Бархе мегӯянд, мавзуъ қатъ гардад, вале ба пиндори мо мавзуъ ҳанӯз бикр асту баҳогузории сиёсӣ ва дипломатӣ нашудааст ва ба масале «таба-тобеъин», яъне онҳое, ки агар шоҳиди бевосита ҳам набошанд, солдидаву аз забони падарону модарон-шоҳидони солҳои 1920-30, таърихи моҷароро шунидаанд, дар ин бора менависанд, ки фардо чанд кори докоториву номзадӣ хоҳад шуд. Яъне, баҳсро давом медиҳем. Нависед. Мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

Яке аз муҳимтарин саҳифаи мо, албатта, Газетаи Мардумист,  ки дар худ ҳудуди 100 Хабарнигори Мардумӣ ва даҳҳо тани дигар фаолони ҷамъиятӣ ва аъзои Ихвон ал СССРро гирд овардааст. Ин саҳифа дар тӯли ин маҳдуда на кам-на ғам, 4123 мақола роҷеъ ба мушкилоти мардум дар соҳоти мухталиф нашр кард. Мо Метавонем!

Х=589х7

Х=4123

Дар Газетаи Раисон моҳе 1 бор, ҳудуди 7-8 вазиру раису кабиру сағир ба мо посух навиштанд, ки хонанда худ шоҳид аст. Рубрикаҳои вежаи Ҷамилабону Ҳусейнова, ки пору пайкор, созандагиву халтураҳои раисони шаҳру навоҳиро дар бар мегирифт, ҳар ҳафта то 6-7 матлаб нашр мекард. Рубрикаҳое, ки наванд, омори расмӣ намеорем. Вале дар тӯли ин 589 шумора кормандони ҳафтанома, муаллифони доимӣ ва хабарнигорони мардумии СССР, дар ҳар шумора тақрибан 73 матлаб,  дар ҷамъ 42997 (!!!) макола, хабар, гузориш, репортаж, очерки таърихӣ, лавҳа, шарж, шеър, ҳаҷвия… чоп кардаанд, ки ҳалоли якояки мо бод!

Х=73х589

Х=42997…

Вале ин ҳама охири кор нест. Мо фикр дорем, ки ҳанӯзам проблеми обношуста, мушкили ҳалталаб дар ҷамъият хеле зиёд аст ва ману ту-хонандаи ин сутур дар Соли Муш-2020 барои ҳаллу фасли он камари ҳиммат мебандем. Мо Метавонем!

Сутун бар боми миллат қомати мост,

Ва медонӣ чаро? Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter