ХАБАРИ ДОҒ

Босмачипарастон ҷанги нав мехоҳанд?

  • Панҷшанбе, Янв 16 2020

 

 (Аз мақолаҳои баъзе шаҳрвандон насими ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 меояд!)

    26-уми апрели 1992 дар майдони «Шаҳидон» гирдиҳамоии ғайриқонунӣ барпо гардид, ки дар он муллою эшонҳо ва ба ном демократҳои халқии аз сиёсат бехабар гирд омада, майдоннишинӣ карданд. Ба инҳо чӣ намерасид? Танҳо мансаб! Халқи одиро киҳо ба майдон даъват карданд? Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода-қозии мусулмонони Тоҷикистон, Ҳоҷӣ мулло Абдуғаффори каллабур, эшони Саидашраф, эшони Қорӣ Қиёмиддини Ғозӣ, демократи ашаддӣ Давлат Усмон, Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров ва дигарон…

    Дар яке аз баромадҳояш Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфта буд: «Агар мо ғалаба кунем ҳайкали Иброҳимбеки лақайро дар Лоҳур месозем!». Ба ҳамин монанд мақолаи Ҳоҷӣ Раҷабалӣ Ҳусейнзода аз деҳаи Ҳакимӣ н.Шаҳринавро бо номи «Ба босмачӣ бояд орден дод!»-ро хонда, дар шигифт  мондам. Ӯ навиштааст: «Ба набераҳои босмачиҳо ордену медал додан лозим ва акси бобоҳои онҳоро гирифта дар 1 тахтаи калони фахрӣ мисли портрет бичаспонем. Онҳо босмачӣ не, балки муборизони роҳи озодиянд!». Саволе ба миён меояд, ки ин шахс кадом озодиро дар назар дошта бошад? 

 

Муаллимкушии босмачӣ

    3 нафар муаллимаи бегуноҳро, ки фарзандони халқро савод омӯзондан мехостанд, кӣ кушт? Сайрамбибӣ Қосимова, Маълумбибӣ Гадоева, Оламбибӣ Абдуллоеваро ҳангоми забти Ҳоит 20-уми апрели соли 1929 бо фармони Фузайл Махсум ба дор кашида шуд. Дар ҷанги зидди Фузайл Махсум 15 нафар муаллимон, аз ҷумла Каримҷон Ҳусейнзода, Яҳё Олимӣ, Алиакбар  Ҳасанов, Сайфулло Алиев кушта шуданд. Дар торумори дастаҳои ғоратгарони босмачиён чунин фармондеҳон саҳми худро гузоштанд: Абдулло Ёрмуҳаммадов, Ғиёс Тағоймуродов, Ҷӯрақул Темуров, Муллошариф Раҳимов, Муқим Султонов, Юлдош Соҳибназаров.

     Ғайр аз ин дар ҳамин шумораи газетаи СССР мақолаи Мирзоамин Алимов аз деҳаи Ҳайронбеди н.Айнӣ бо сарлавҳаи  «Инқилоби сархӯри октябр»-ро хонда дар ҳайрат мондам. Бояд бигӯям, ки агар Инқилоби Октябр намешуд, ин донишу саводро аз куҷо, аз кӣ меомӯхт? Устод Садриддин Айниро Инқилоби октябрро ба чӣ ташбеҳ додаанд:

Меҳнаткаши бечора пас аз дидани 100 ҷабр, эй воқеъаи Октабр!

Аз марҳаматат ёфт зи андӯҳ раҳоӣ, ту мурғӣ Ҳумоӣ!

    Ба хонандагони газетаи мардумии «СССР» муроҷиат карда мегӯям: ба гапи босмачипарастон бовар накунед! Ин босмачипарастон ҷавонон ва шаҳрвандони аз таърих бехабар ва гумроҳро аз роҳ бароварда боз ба ягон воқеаи нохуш гирифтор кардан мехоҳанд. Чӣ тавре, ки дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 карда буданд. Онҳо ҳамон писарон ва набераҳои босмачиён буданд, ки бо иғвои онҳо 150 ҳазор шаҳрванд кушта шуда, 54 ҳазор кӯдак бепарастор монд. Зарари расондаи онҳо ба 10 млрд. доллари амрикоӣ баробар буд. Сафсатагӯиро бас карда, аз паи ободии Ватан шавед. 

Хайрулло Олимов, омӯзгори мактаби №58, ш.Ҳисор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter