ХАБАРИ ДОҒ

Фермаву рама зиёду нарх гарон мешавад: Чаро?

  • Чоршанбе, Янв 22 2020

 

 

Ҷаҳиши нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои кишвар боиси лоғар шудани мо гаштааст: кам мехарем-кам мебарем-ғам мехӯрем!

Гӯшт тухм мешавад (они анқо) ...

    Имрӯз нархи 1 кило гӯшти гов дар бозорҳои пойтахт ба 50 сомонӣ расидааст ва рӯз то рӯз шикояту норозигии харидорон вобаста ба ин мушкил бисёр мешаваду кам не. Мизоҷон аз нархи гарони гӯшт бо савдогарон баҳс мекунанд, онҳо бошанд бо далели қимат будани иҷорапулии дӯкон, пардохти  андоз, гароншавии чорво дар молбозор, харидоронро бовар кунонда гусел мекунанд; даллолон бошанд муамморо сари гароншавии нархи кунҷора мепартоянд. Шоҳидон шухиомез мегӯянд, “агар нархи 1 кг гӯшт ба 100 сомонӣ ҳам бирасад, савдо ҳаст, барои он, ки гӯшт “клиент” дорад-табақаҳои гӯштхӯр дар ҷомеаи мо кам нестанд”. 

Орд шир мегардад (они мурғ)

    Нархи орд низ айни замон ба маротиб гарон шуда, арзиши 1 халта орди навъи қазоқии 50 килоӣ аз 240 сомонӣ кам нест. Қиматии гӯштро таҳаммул кардан мумкин аст, лек ордро не! Маоши ҳадди акқал аз 500 сомонӣ сар мешаваду нафақа аз 400 сомонӣ зиёд нест. Нархи 1 халта орд 70%-и маблағи моҳонаро ташкил медиҳад, ҳоло дар бораи пардохти хизматҳои коммуналӣ ҳарфе намезанем. Савдогарону соҳибкорон дар мавриди гаронии нархи орд пайваста мегӯянд, “онро аз хориҷа бо нархи гарон меоранду дар марзи ҶТ андозҳои ҳангуфти гумрукӣ боз ба сараш мезананд. Мо чӣ кунем?!”

Фабрика кам буду тухм арзон

    Гӯшту орд 1 тараф, чаро 1 дона тухми мурғ аз 60 дирам ба 1 сомонӣ расидаасту масъулин хомӯш? Ҳамарӯза тариқи ВАО хабар медиҳанд, ки дар ину он минтақаи кишвар боз 1-2 фабрикаи мурғпарварӣ кушода шудааст. Муборак! Аммо чаро баробари зиёд шудани фабрикаҳо нархи тухм арзон неву гарон мешавад? Дар вақти кам будани фабрикаҳо нархи 1 дона тухм 50 дирам буд...Гуфти бобои Ғуломи мо, “Ба кӣ мегӯй?”.

 

Шералӣ Давлатов, коромӯзи СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter