ХАБАРИ ДОҒ

Исматчаро на Убайди зард кушту на Исмати Авулӣ

  • Чоршанбе, Янв 29 2020

 

Исматча яке аз чеҳраҳои маъруфтарину машҳуртарини олами ҷиноии солҳои 1980-90-и асри ХХ аст, ки шадидан зидди ҷанги гражданӣ бархеставу миёни 2 майдон-Шаҳидон ва Озодӣ хаймаи Сулҳ куфт ва атрофаш авторитетҳои он давронро муттаҳид кард. Зиндагиномаи ӯ, ки беҳтарин солҳояшро чун Сангак Сафарови афсонавӣ дар зиндон паси сар карда буд, то ҳанӯз норӯшаниҳо дорад. Ба вежа қатли ӯ дар соли 1992. То ҳанӯз атрофи куштораш сару савдои зиёдест. Зимнан ин матлаб, ки бо дасти яке аз шоҳидони он ҳодиса, ки он шабу рӯз ҳампаҳлӯи Исматча буд, навишта шудааст, пешкаши хонанда мегардад. Мо таърихи он ҷанги нангини худро бояд дастаҷамъона нависем ва менависем ҳам. Зеро Мо Метавонем!

Рости навиштаи он нафароне, ки гӯё Исматчаро паронданд, яъне Убайду  Исмати Авулӣ парондаанд, нодуруст аст. Убайду Исмати авулӣ аз Исматча сахт дар ҳарос буданд ва наздикаш намешуданд, чӣ расад ба куштани ӯ. Зеро медонистанд, ки қотили Исматчаро аз таги замину тори ҳаво низ бачаҳои Советский ёфта нест мекарданд. Гузашта аз ин, ғайрати ин ҷавонмарди ҷасур чунон баланд буд, ки бо дасту бозу ва бидуни силоҳ ба дилхоҳ штаби чӣ оппозитсияву чӣ Фронти халқӣ зада медаромаду гапашро мегуфт. 

Боре донишҷӯёни кӯлобиро мухолифон гаравгон гирифта буданд. Ӯ худаш танҳо рафта, онҳоро озод кард. Ҳарчанд гуфтем, мо ҳам меравем, хандиду гуфт: Хатарнок аст барои шумо!

 

Ҳабси Сангак ва талоши Исматча

 Ҳангоме, ки бобои Сангак ва Рустами Абдураҳим  дар асорати мухолифони давлат буданд, Исматча Ҷумъа Бӯйдоқи Бадахшониро дар назди майдони Озодӣ, ҳозира назди ҳайкали Сомонӣ, ист фармуда гуфт:

-Сангак авторитети Кӯлоб асту ӯро тез озод кунед, ки оқибат ба сари худатон бадбахтӣ меоред!!! 

Ҷумъа Буйдоқ ваъда дод, ки ҳатман онҳоро озод мекунад. Сангаку Рустами Абдураҳимро маҳз Исматча озод кард ва дар мошини сабукрави оддӣ, ки сари рули он  Қурбонназар, авторитети дигари олами ҷиноии Восеъ менишаст,  ба Кӯлоб гусел намуд. Қурбонназарро, мутаассифона, чанде ба баъд дар деҳаи Шобикаи Восеъ бачаҳои Талаб-Кузнетс бо Одинабеку Шӯҳрат, бар асари як нофаҳмӣ  куштанд, ки худо ҳамаашонро тариқаи раҳмат кунад…

Ҷумъа Буйдоқ гарчанде Бадахшӣ буд Исматчаро эҳтиром мекард. Ҳаракат дошт, пеши ҷангро гирад. Зеро Исматча аксари бачаҳои Помирро фаҳмонда буд, ки ин бесару сомониро душманони миллат ташкил додаанд ва ҷанг оқибати хуб надорад...

 Исматча донишҷӯёнро бо кумаки бародарон Эмом (хубак) Абдураҳмон (Ҷомӣ) Нуралии ғариб,  Ҳофизи калла, Ранҷӣ ва аксар бародарони шуҷоъу нотарс, тавассути ҳавопаймо, бо ёрии Мастон Гулов-сардори Аэропорти онвақта, аз чанги оппозитсияи исломӣ раҳонида, ба ватан гусел мекард...

 

Тири хато…

Марги Исмача дар таги пули болотар аз фабрикаи Ширин тасодуфан, аз хатоии яке аз ҳамроҳонаш содир шуд. Дар мошини сабукрав мерафтанд ва чун дар он даврон аксарият силоҳ доштанду таҷрибаи ҷангӣ не, нохост яке аз ҳамроҳон кулангчаи туфангро зер мекунад ва тир ба шиками Исматча мезанад. 

Баъди тир хурдан Исматчаро аввал ба хона ва дертар ба беморхонаи Қарияи боло бурданд, ки аллакай дер шуда буд. Докторе, ки Исматчаро ҷарроҳӣ карда буд, аз ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоби ҳозира вил. Хатлон буд. Аз ҷои захм хун беҳад бисёр рафта буд ва ҳангоми ҷарроҳӣ ин бародари баномусу баори мо дунёро падруд гуфт. 

Дар охир гуфтаниям, ки Исматча тарафдори ҷанг набуд. Баракс, тамоми кӯшиши ин марди майдон барои пешгирии ҷанг буд. 

Илоҳо, бародароне, ки ҷони худро барои ҳифзи давлату миллат дареғ надошта буданд, ҷояшон ҷаннат ва рӯҳашон абадан шод бод.

 

Абдуҷаббор ИБОДЗОДА

Махсус барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter