ХАБАРИ ДОҒ

Фирори сармоя: аз андоз ё «проверка»???

  • Чоршанбе, Янв 29 2020

 

Ҳафтаи гузашта, иддаои 1 нафар дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук фурор ба амал овард. Маълум шуд, ки тӯли 24 моҳи ахир бо сабабҳои мухталиф соҳибкорони миллиондори мо тарки ҶТ гуфтаву ба ҳамсоякишвар паноҳ бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки дар Паёми навбатӣ ҳатто Президенти ҶТ вобаста ба ин мавзуъ бонги изтироб зада буд!!!

Албатта, ин фирор гурези сиёсӣ нест. Вале чун сармоя мегурезад, оқибати он ба хайр нест. Зимнан бисёриҳо дар Фейсбук назари худро атрофи мавзуъ ангоштанд, ки газетаи мардумӣ онҳоро пешкаши омма мекунад. Мо Метавонем!

 

Сайф Достиев

 Бар тибқи овозаҳои ба ҳақиқат наздик, дар тӯли 27 сол, ҳамагӣ 22 соҳибкор ба Узбакистон рафта буд. Ҳоло, дар овони тинҷиву оромӣ, бо иллати андозбандиҳои камаршикан, танҳо дар 2 соли ахир, 300 соҳибкор дар ин ҳамсоякишвар бизнеси худро ба роҳ мондаанд. Инҳо сармояи кӯчак надоранд. Ба ҳисоби миёна агар гардиши моли ҳар яки ишон 1 млн бошад (хеле болотар низ ҳаст!), 300 миллион доллар кишварро тарк кард. Дар бораи ҷойҳои корие, ки Тоҷикон дар Узбакистон таҳия кардаанд, худ ҳадс занед: 

-Агар 10 ҷои кор бошад-3000 ва агар 100 ҷои корӣ бошад-30000 нафарро дар дигар кишвар бо кор таъмин кардаанд. Ва мутаассуф, ин фоҷеъа давом дорад!!!

Abdurahim Omariyan

 Ва аз ҳама хабари Бомба медонед чист?

Дар ҳоле, ки тоҷирони Ватании мо аз шарри Кумитаи андоз ва ноӯҳдабароии эшон тиҷораташонро баста мегурезанд, аксари тоҷирони Узбекистонро медонам, ки аз Амрико ба ватанашон кӯч бастаанд; бо тиҷорат ва сармояашон!

Шамсудин Гулахмадов 

Барои давлат не, барои ҳар налогчӣ соҳибкор ба монанди гови ҷӯшоист, ки хурок надода, шир гирифта истодаанд.

Махмуд Аёзов 

Ҳар бор ҳукумати мамлакат барои содагардони андоз ба Кумитаи андоз супориш медиҳад то ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид кунад, баъди 2-3 сол боз мебинӣ, ки Кодекси андоз ба тағйиру илова ниёз дорад. Воқеан таи солҳои охир бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба соҳибкорон дода шудааст, вале аз сӯи онҳо ками андар кам истифода мешаванд. 

Баҳром Шарипов 

Ислоҳот бояд ҷорӣ шавад. Ҳатто соҳибкорҳои меваи хушкам ба Туркия кӯч бастаанд.....? !?!?

Бобочон Шафеъ 

Ба андози расмӣ ғайрирасмиша илова мекунанд. Ана бадбахтӣ дар куҷост. Бо номи "доля". 3 долягирро 25 солӣ аз озодӣ маҳрум кунанд, дигар ҳама ҳамвор мешавад. Лекин...

Бахром Мадакимов 

«Мужик ворӣ» худам ҳам дар фикри Самарқандравиям…

Саъди Махди 

Президент дар чандин баромадаш гуфтааст, ки соҳибкорони ватаниро дастгирӣ намоед. Аммо дар 1 бозори «Султони Кабир» он қадар андозҳо илова кардаанд, ки...

Азиз Накибзод 

Миқдори ба Русия, Қирғизистон, Гурҷистон ва Аморот рафтаҳо чандин баробар зиёд аст. Манзур сармоядорон.

Ёсин Ёсин

Дар Руссия мо ҳаммиллатони он қадар дар тиҷорат ва дигар навъи фаъолиятҳо муваффақ дорем, ки рашки дигаронро бармеангезанд. Чун  дар Русия на танҳо ба онҳо фишор намеоранд, балки дар пешравиву болоравии фаолияташон  мусоидат менамоянд...

Sharifhoni Tagoimurod 

Ва фақат дар Ӯзбакистон не, Русия ҳам пури тоҷири тоҷик шудааст, секин-секин корофар шудаанд. Ва мутаассифона масъала фақат дар амнияти пул нест...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter