ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Қабули раис рав!

  • Чоршанбе, Янв 29 2020

 

 

Тибқи Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон тамоми вазирону раисон ва роҳбарону мудирони вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар рӯзи шанбеи ҳар ҳафта вазифадоранд, ки рӯзи қабул ташкил намуда, шахсан худашон сокинону корафтодагонро қабул карда, ба арзу додашон бирасанд. Мардуми корафтода ва мушкилдор-ку мераванд, вале оё худи вазиру раис ва ба қавле директор мардумро шахсан қабул менамоянд? Оё ба мушкилоти сокинон ба таври лозима расидагӣ карда мешавад ва умуман кӣ мардумро қабул мекунад? Ин буд мавзӯе, ки ҳафтаи равон, аниқтараш рӯзи шанбеи 18.01.2020 мухбирони газетаи мардумии СССР пайгирӣ намуданд. Ногуфта намонад, ки рейди санҷишии мухбирони газета дар 1 вақту соат дар 5 ниҳоди давлатӣ оғоз ёфт. Мо метавонем!

Раиси набуда ва шаҳрванди «хориҷӣ»

   18.01.2020. Соат ба вақти Душанбе 08:09 дақиқа. Ба бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Синои ш.Душанбе ворид шуда, дар аввал фикр кардам, ки посбони назди даромадгоҳ телефони мобилиамро аз дастам мегирад, аммо не! На дараки посбони пеши дар буду на навбатдор. Тӯли ним соат навбати худро интизор шудам, лек на аз раиси ноҳия Нусратулло Салимзода хабаре буду на аз қабули шаҳрвандон асаре. Чанд нафари дигар ҳам барои қабул омада буданд. Чун дидам дар коридор касе нест, то қабулгоҳи раис рафтам. Пас аз чанд лаҳза маро мудири яке аз шуъбаҳои ҳукумат бо насаби Ҷалолов қабул намуда, пурсид, ки чӣ мушкил дораму чӣ мехоҳам? Гуфтам мехоҳам дар ҳукумати мазкур ба кор дароям ва карераи кор дар идораҳои давлатиро маҳз аз ҳаминҷо сар кунам.

   Аз Ҷалолов дархост кардам, ки маро назди Нусратулло Салимзода роҳнамоӣ намояд. Эшон дар ҷавоб гуфт, шарт нест раисро бубинам, чун худаш арзи маро шунида, ба раис хоҳад расонид. Пасон Ҷалолов шиносномаи маро гирифта, суроғаи маҳали зистамро дида, гуфт, ки ман сокини н.Фирдавсӣ ҳастаму бояд ба раиси ун ноҳия муроҷиат кунам. Корманди МИҲД н.Сино Ҷалолов дар аввал афзуда буд, ки раис Салимзода дар утоқи кориаш ҳаст, баъдан мавсуф боз ба нафари дигаре, ки дунболи мулоқот бо раис шуд, таъкид кард, ки раис несту дертар меояд…Яъне, раис буду мардумро қабул намекард ва ё зертобеонаш мардумро интихоб карда, назди раис медароварданд?! Хулоса, дар рӯзи қабули шаҳрвандон Нусратулло Салимзода мардумро қабул накард ва ман, ки дунболи кор маҳз ба ҳамин ҳукумат омада будам, маро ба ҳукумати ноҳияи дигар мисли тӯб «футбол» карданд. Яъне, ман барои Нусратулло Салимзода шаҳрванди «хориҷӣ» будаам!

Қабул ё «футбол»?

 18.01.2020. Соат ба вақти Душанбе 08:47 дақиқа. Бо супориши редаксия ба  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ ҳозир гардидам. Фикр кардам, ки аллакай раис Сулаймон Давлатзода шаҳрвандонро қабул намуда истодаасту ба ман навбат намерасад. Хушбахтона ё мутаассифона раис то ҳол наомада буд. Пеш аз ман 1 зани миёнасолу 1 мӯйсафед ва ҷавонзане дар навбат буданд. Аз суҳбат фаҳмидам, ки мӯйсафед сокини н.Рӯдакӣ  буда, дар масъалаи ҳаҷ раисро дидан мехостааст. Ба гуфтаи худаш соли шашум аст, ки ба зиёрати хонаи Худо рафтанисту ҳар сол ариза менависад, вале аз сабаби зиёд будани хоҳишмандон, то ҳол навбаташ нарсидааст.

18.01.2020. Соат ба вақти Душанбе 09:22. Мошини баландқомати шишасиёҳи раис намудор гардид. 10 дақиқа интизор шудам, ки нигаҳбон маро ҷеғ зада, кӣ будан ва барои чӣ омаданамро пурсон шуд. Ман худамро донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ муарифӣ намуда, гуфтам, ки бо раис бояд мусоҳиба ороям. Баъди тамос нигаҳбон гуфтанд, ки ба назди муовини раис Мирзозода Азизулло Файз ба фалон ҳуҷра гузаред, он кас шуморо қабул мекунад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба ҷаноби Мирзозода худамро муаррифӣ намуда гуфтам, ки оиди мавзӯе бояд мусоҳиба намоем. Он кас муадабона бахшиш пурсида, гуфтанд, ки бо супоришҳо банданду маро назди мутахассиси кумита Ҳоҷираҳмон Мавлонов фиристоданд. Хулоса, ман ҳам мисли тӯби футбол аз 1 ҷо ба ҷойи дигар парида, билохира бо нафари 3-юм сӯҳбат кардам, вале раис қабул накард! 

Хадамоти алоқа ё хадамоти хона?

18.01.2020. Соат ба вақти Душанбе 08:17 дақиқа. Ба назди бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ҳозир шудам. Бино ва дохили он кӯҳна, торик ва хавфнок ба назр мерасид. Долонҳои тангу торик ва сард хеле даҳшатнок буданд. Аз навбатдор қабули раиси хадамоти мазкур Бек Зуҳурро пурсидам. “Не ҳоло наомадаанд, дертар меоянд”-гуфт посбон.  Аз байн ним соат гузашт, аммо аз “муҳтарам” раис ва омади ӯ дараке набуду дохили бино бениҳоят сард. 

 Соат 09:48 дақиқа шуду интизорӣ ба ҷонам зад, боз назди навбатдор рафта, “Охир, рӯзи шанбе расман рӯзи қабули шаҳрвандон эълон гардидааст. Ақалан имрӯз раис бояд бошанду мардумро қабул кунад”-гуфтам ман. “Ҳоли дертарак  меоянд”-ҷавоб дод ӯ, ва суол кард: “ Шумо хона гирифтаниед?”

-Не ман бо дигар масъала. Тақрибан соатҳои чанд омаданашон мумкин, гуфта боз пурсон шудам. “Номаълум, рӯзҳои шанбе мумкин соатҳои 2 оянд”- ҷавоб дод навбатдор. 

   Аҷиб, ки ба ҷуз ман дигар касе ба қабули Бек Зуҳур наомада буд. Танҳо 1 марди миёнасоли қадпаст омаду тамом. Аз суҳбатҳои телефонияш дарк кардам, ки он кас низ хариди хонаи истиқоматӣ ба Хадамоти алоқа омада будааст. Ғайр аз ин, аз гуфтаҳои навбатдор, ки маро аз гирифтани хона пурсид, маълумам шуд, ки ин роҳбари “бонуфуз” кайҳо бинои давлатиро ба макони тиҷорати шахсӣ табдил додааст. Бинои хадамоти алоқа ё “офис – продаж” будани ин бино ба кас номаълум мемонд. Пас аз 2 соати интизорӣ аз бинои куҳнаи хавфноки мисли қабристон торик берун омадам...

Раис дарахтшинонӣ рафт...

18.01.2020. Соат ба вақти Душанбе 09:20 дақиқа. Ман ба назди бинои КВД “Обу коррези Душанбе”, ки дар шафати маркази савдои “Пайкар” ҷойгир аст, ҳозир шудам. Аз посбони назди дари бинои ин корхона дар бораи қабули шаҳрвандон ва раис пурсидам. Посбон гуфт, ки  “Раис каме пештар баромаданд.” Ман ҳайрон шуда боз суол кардам, ки магар имрӯз рӯзи қабули шаҳрвандон нест? Нигаҳбон афзуд, ки “бале, бародар имрӯз рӯзи қабули шаҳрвандон асту раис ҳатто соати 7  нашуда қабулро сар карда буд. Ҳозир бошад барои дарахтшинонӣ ба минтақаи “Водонассос рафт, беҳтараш шанбеи дигар барвақттар биё!”-таъкид намуд нигаҳбон. Аҷиб аст, ки Рӯзи қабул бояд аз соати 9 то 11 ё 12 бошад. Кӣ аз субҳи солеҳ давида, қабули раис меояду чаро ӯ дарахтшинониро аз амри президент болотар дониста баромада меравад?  

 Ҳалли масъала пас аз 2 соат!

18.01.2020. Соат бо вақти Душанбе 08:30 дақиқа. Ба гузаргоҳи бинои Вазорати корҳои дохилии ҶТ наздик шуда, барои номнавис намудани муроҷиаткунандагон навбат мегирам. Қабули шаҳрвандон расо соати 9:00 оғоз мешудааст ва ин шанбе, ки шанбеи 3-юми моҳ аст, тибқи реҷаи тасдиқшудаи вазорат, Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохили мардумро қабул мекардааст. Худи вазир паи иҷрои вазифа будаанд. Расо соати 8:50 Абдулло Навҷувонов ба утоқи қабули шаҳрвандон ҳозир шуд ва расо соати 9:00 дақиқа қабул оғоз гашт. Қабули шаҳрвандон бо навбат идома дошта , соати 9:30 пас аз 6 нафар навбати ман ҳам расид. Ба Абдулло Навҷувонов аз фаъолияти шабонаи тарабхонаи “Караоке “Прайд”, ки оромиши мардумро халадор месозад, шикоят кардам. “Ман ҳатман ин шикояти шуморо ба вазир мерасонам. Мутмаин бошед!”-гуфт Навҷувонов. Дар 3 дақиқа арзу шикоятамро баён намуда баромадам. Мисли афсарон! Таъсирашро низ хеле зуд эҳсос кардам-расо пас аз 2 соат масъулон занг заданд!

 Вақте генералҳо қабул мекунанд...

    Вақте дар интизори қабул дар назди бинои ВКД ҶТ меистодам, дӯстамро дидам, ки аз қабули Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ҶТ баромадааст. Раиси кумита шахсан худаш мардумро дар танҳоӣ қабул мекардааст. Офарин! Ва ҳоло инҷо суоле бармеояд, ки чаро вақте генералони мо рӯзи шанбе аз субҳ то нисфирӯзӣ дар идора нишаста дар танҳоӣ мардумро қабул карда, ба арзу додашон мерасанд, чаро раисони ноҳияву кумитаву идораҳо, амсоли Салимзодаву Давлатзодаву Убайдзодаҳо аз мардум мегурезанд!? Ё Фармони Президенти ҶТ дар бораи қабули шаҳрвандон ба онҳо дахл надорад!?

 

Ба қабули раисон Омирона Достиева, Ситора Сафарова, Исмоилҷон Маликов, Шералӣ Давлатов ва Ҷамила Ҳусейнова рафтанд

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter