ХАБАРИ ДОҒ

10.02.2020. Акбари Саттор 55 сола мешавад!

  • Душанбе, Фев 10 2020

 

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад

 

Акбар ба таъбири маъруфи идеологияи советӣ, дар журналистикаи Тоҷик ҳамеша зинда аст ва аз зиндаҳо ҳам зиндатар. Ин матлаб ба юбилейи Ӯ бахшида шуд. Мо Метавонем!

 

Сағераи Акбар…

Сағера ё дар талаффузи вежаи Акбаралӣ «сғера» саломи расмии Акбар бо ману дигар дӯстони наздиктарин буд ва ҳатман чунин идома меёфт:

-Ҳоло ҳам зиндаӣ?

Посухи ман тақрибан чунин буд:

-Агар зиндагӣ ҳамин аст, пас ҳа…

 

Дар ҷустуҷӯи Николайыч…

Дар назди дӯстон Акбаралӣ Қурбоналиевич исми вежае дошт, ки баъди солиён танҳо дар талаффузи банда монд. Зеро ин привилегияи ман буду Акбар ба дигарон иҷозаташ намедод:

-Ман ӯро Николаевыч, ё худ Николайыч мегуфтам.

Намедонам чаро, вале 10 рӯзи ахири пеш аз маргаш, ҳар субҳ дарашро мекӯфтам. Чун намекушод, аз котибаи русаш суол мекардам:

-А Николайыча нету?

Посухи манфӣ шунида, баромада мерафтам.

Савганд, ки дарашро ин қадар зиёд дар ягон сол накуфта будам, ки ин шабу рӯз мекӯфтам. Мане, ки ҳаргиз дар «Бари Акбар» об наменӯшидам, 1 моҳи ахир пайваста дар ин ҷо наҳор мекардаму Акбарро суроғ…

Ҳамагӣ 4-5 рӯз пеш аз маргаш дидаву бо ҳамон лутфи азалии миёни мо маъруф, гуфтамаш:

-Аз буданат 1 тин фоида нест, вале чун нестӣ, фикр мекунам, ГЖК холист…

Акнун ҳис мекунам, ки дилам кадом воқеаеро пешгӯӣ намудаву маро ҳар субҳ ба ин даргоҳ мекашидааст…

 

Акбари МАН

Ман мефахрам, ки аз забони Акбар ҳазорон дашноми дӯстонаи сабук шунидаву ҳазор дашноми сабуки бародарона ӯро посух додаам. Дар 27 сол, беш аз чоряк аср, дӯстии моро чунин суханҳо кафшер мекарданду ҳатто боиси ҳасади дӯстони дигар ҳам мешуданд, зеро боре ҳам нашуда, ки ҳадди қиле ман аз ӯву ӯ аз ман ранҷида бошем. Вале тавре Акбар пайваста гӯшрас мекарду инро ҳама аҳли журналистика медонад, «Сахтгӯии ману Сайёф ин привилегияи ману Сайёф аст!». 

Ва ҳамеша мисол меовард, ки боре миёни чунин лутфи аз муҳаббати бародарона пури мо нафаре хост дарояд ва «Мушти Сайёфро чашид!» ва боз ҳушдор мекард: «Бо и сағера шӯхиҳои маро такрор накунед, ки ҳодисаи он чиновник насибатон мегардад»…

 

Саргузаштнависи ман

Ва ҳатман ҳар сухани Акбар, баъди ин ремарк ин ҳам буд, ки дар бораи замоне муштзӯрону авбошони рус, ба масали он даврон маъруф, рэкетҳои питериро лату кӯб кардани ман, қисса мекард. Боре гуфтам, Акбар, о, мемурӣ, ягон чизи дигар нақл кунӣ, 50 сола шудем…Гуфт, мо ҳамон вақтҳо ҷавонмард будем, ҳоло бошад кори назаррасе накардаем, ки ибрати дигарон бошад…

Дурӯғ мегуфт. Зеро Акбар бисёр корҳое кард, ки онро метавон бо 1 ҷумла хулоса намуд:

-Ӯ Журналистикаи Тоҷикро аз маргу мир ва нестшавӣ дар солҳои ҷанги гражданӣ эман дошт, ки танҳо бо ҳамин кораш бояд Пайкарааш дар назди ГЖК бардошта шавад…

 

 Ғурури Акбар

Метавонист барои дилхоҳ бону ба дуэл барояд! Ин воҳима нест. Бачаҳои питерӣ медонанд, ки Акбар дар курси 4-ум араберо ба зону шинонидаву дар маки гарданаш корд гузошта буд, ки 1 бори дигар бо бонуи ҳамроҳи ман чашм ало мекунӣ, саратро мебуррам! Чанде ба баъд гуфтемаш, бало паси ҳамон бону, қариб худро ба маҳкама мекашидӣ. Бо лутфи зотие, ки дошт, хандиду посух дод:

-Ман, албатта, ӯро куштанӣ набудам! Вале марди Тоҷик даюс нест, ки бонуи ҳамроҳашро кадом арабе «гап диҳад». Тарсондамаш!

 

Ҳиммати Акбар

Ман, марди тангдаст нестам, вале дар баробари Акбар саховатам ҳеҷ, ҳатто айб буд. Ҷумла бошандагони ГЖК медонанд, ки дар маҳфиле Акбар менишаст, ЯГОН нафар пул намедод. Мо ҳатто бовар доштем, ки Акбар муваззаф аст барои мизи мо дар дилхоҳ бару ресторан пул пардозад. Ӯ ҳам чунин фикр дошт ва мепардохт…

 

Чархи Акбар

Боре Акбар гуфт, мехоҳад газетае кушояд, ки журналистикаи Тоҷикзабон зинда шавад. Имрӯз дар бораи Чархи Гардун бисёриҳо сухандарозӣ мекунанд, ки идеяи мо буду Акбар онро зинда карду фалону бисмадон. Ҳақиқати ҳол ин аст, ки воқеан ин идеяи Акбар буд ва онро ману ӯ амалӣ кардем. 

-Чархи Гардун дар таърихи 25.04.1996, аккурат, дар рӯзи таваллуд ва 30-солагии банда нашр шуд ва ин тӯҳфаи Акбар ба ин ҷашнвора буд, ки умре аз ёд нахоҳад рафт…

Борҳо аз ман мепурсиданд, ки маошат дар Чархи Гардун чанд буд? Мегуфтам ва боз мегӯям, ман маош намегирифтам, зеро ману Акбар…1 киса доштем; чанд пуле, ки дар дастам меомад, аз ҷайбаш мегирифтам. Акбар чизе намегуфт. Зеро мо ҳам дӯст будем ва ҳам ӯ бовар дошт, ки ман аз ҳадди Инсоф бадар намеравам.

 

Миннати Акбар

Боре ин ҳамаро ба ӯ гӯшрас кардам ва афзудам, ки ман аз ту миннатпазирам, ки гуфт:

-Сғера, аз худат розӣ бош; дӯстон зиёданд, ман туро ба он хотир пул медодам, ки пул кор мекардӣ!!!

Дурӯғ мегуфт: Зеро бе ман ҳам Чархи Гардун муваффақ мешуд. Вале бо ҳиммати зотие, ки дошт, намехост, маро умре миннат карда гардад…То рӯзе, ки буд, ягон бор нашнидаам, ки умуман касеро миннат карда бошад, зеро намедонист ин вожа чисту кай онро бояд корбаст кард…

 

Акбари Мо…

Дари хонаи маро бо шатта мекушод! Ягон бор нашуда буд, ки паси дар мунтазир истад. То ана-мана мекардӣ, ки дар миёни ҳавлӣ ҳозир мешуд ва ман ҳис мекардам, ки махсусан мехоҳад ба кӯдакони ман муҳаббату дӯстии моро ба намоиш гузорад. Охирон бор, субҳи саҳар, садояш маро аз хоб бедор кард, ки бонг мезад:

-Сғера, мурдаховӣ? Наход то ними рӯза хоб кунӣ!!!

Соат тахмин 6 ё 7-и субҳ буд. Чун баромадам, дидам, ки бо тифлакони ман нишаста, чақ-чақ дораду ҷумлагӣ дар хандаанд. 

 

 Падруди Акбар

4 рӯз пеш аз маргаш ба офис омад ва чун ҳамешагӣ гуфт:

-Сғера, фикр накунӣ, туро хабаргирӣ омадаам. Просто, ҳич кас набуд, дарат кушода, даромадам…

Ман медонистам, ки ӯ ҳамеша бо ҳамин суханон маро аёдат меояд. Вале ин бор сӯҳбаташ дигар буд. Пайваста дар бораи марг, фурсати кӯтоҳи умр, зиндагонӣ ва имконоти аздастрафта…ҳарф мезад. Шӯхӣ кардамаш, ки 

«Сғераи Мортеппа мурданиӣ чӣ?». 

Баланд хандид ва гуфт:

-Не дождетесь!!!

Доимо чунин мегуфту ҳатман меафзуд, ки «то ҳама аъзои ИЖТ-ро нагӯронам, намемирам», вале ин бор ҷумларо чунин хатм накард ва ман танҳо 4 рӯз ба баъд, вақте аз телефони худаш, вале бо садои бародари хурдияш…хабари маргашро шунидам, дарк кардам, ки…

-Ӯ пеши ман худоҳофизӣ омада буд…

Гӯрат равшан ва хонаи ахиратат ободу ҷоят ҷаннат бод, Дӯст, Бародар, Ҳамкурс, Ҳамфикр ва РАИСи гиромӣ…

СМ

барои аъзои зиндаву «мурда»-и ИЖТ 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter