ХАБАРИ ДОҒ

Нақлиёти ҷамъиятӣ кай «одам» мешавад?

  • Чоршанбе, Фев 12 2020

 

 

  Нақлиёти ҷамъиятӣ ва мушкилоти он дар ш.Душанбе солҳои зиёд аст, ки роҳҳои халлӣ худро ёфта наметавонад. Новобаста аз он, ки имрӯз дар аксарияти хатсайрҳои пойтахт автобусу троллейбусҳои замонавӣ равуо доранду роҳкиро тавассути низоми пардохти электронӣ ба роҳ монда шудааст, боз ҳам иҷро нагардидани реҷаи харакат, беназмиву бетартибӣ дар харакати микроавтобусҳо ва кондукторони беодобу интизориҳои зиёди мардум дар вақти “час-пик” ҳамоно масъалаи мубрам мемонаду халос. Нисбати рафтори ронандаю кондукторон дар нақлиёти ҷамъиятӣ арзу шикоятҳо бисёр ба назар мерасад. Бархе ронанда ва кондукторон бо суханони қабеҳ, надодани бақияпулӣ ва аз меъёр зиёд савор намудани мусофирон ба микроавтобусҳо боиси нороҳатии мусофирон мегарданду ба гуфти пири барное, ки меҳмони пойтахт буд «ин нақлиёти мо ҳич одам нашуд, ки нашуд…». 

Ба микроавтобусҳои пур нашинед!

  Рухсора Бобоева, 1 сокини ш.Душанбе мегӯяд, ин мардуми мо ҳамеша норозиянд. Доир ба пур шудани нақлиёт инро гуфтаниям, ронанда маҷбур ҳеҷ касро дохили нақлиёт қаппида дохил намекунад, худамон мешинем! О,  агар бинед, ки микроавтобус пур асту ҷойи нишаст надорад, метавонед вориди он нашавед. Сокинони “боинтизом” худашон дидаю дониста, ба маршруткаи пур аз мусофир медароянду 6 сония баъд сар мекунанд, зуқ-зуқро, ки «ту картошка мебарӣ? Болои сари мо одами зиёд нагир!”. 

Тамбашавӣ дар истгоҳ: масъул ку?

   Тамбашавии якчанд хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар истгоҳ низ имрӯз ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, махсусан автобусҳо халал меррасонанд. Масалан, дар истгоҳи ИИ “Нассоҷи тоҷик” тамбашавии микроавтобусҳои хатсайри №№33, 25-ро бештар мебинем. Ҳангоми мушоҳидаҳоямон дарк кардем, ки ин хатсайрҳо то толори автомашинаро пур аз мусофир насозанд, ҳаракат намекунанд. Бархе бошад гузашта мераванду мусофиронро ба микроавтобуси дигар ҳавола мекунанд-сабаб ҳарчи тезтар расидан ба истгоҳи навбатии серодам. Доир ба ин масоил ба масъулони МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” муроҷиат кардему аз онҳо роҳи ҳалро пурсидем.

    Қурбонмурод Холов, яке аз масъулони шуъбаи робита бо ҷомеаи МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” зимни суҳбат иброз кард, ки бо воридшавии автобусҳои нав тайи 2-3 соли охир сокинон то ҳол системаи нав, яъне пардохти электронӣ тавассути кортҳои нақлиётиро хуб аз худ накардаанд: 

   -Айни замон аз 3 навъи тамғаҳои микроавтобус 15 адад хатсайри №16 низ низоми пардохти электронии роҳкиро тавассути “City саrd” ба хизматрасонии мардум сафарбар карда шудааст. Бо омӯхтани гузариши муҳлати 2 моҳи омӯзишӣ, масъалаи иқтисодӣ ва дигар камбудиҳо бо дархост ва пешниҳоди мардум ба инобат гирифта шуда, аз ин 3 тамға 1 навъаш бо интихоби мардум дода мешавад. Доир ба назорати тамбашавии нақлиёти ҷамъиятӣ дар истгоҳ бояд сохторҳои назоратӣ, яъне шӯъбаи БДА-и раёсати ВКД дар ш. Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ш. Душанбе кор карда, масъалаи сабқат, пойгаҳ, тамбашавиро назорат ва пешгирӣ намоянд.

2999 нақлиёти ҷамъиятӣ дар 1 рӯз

 Тавре мавсуф иброз дошт, МДК “Душанбехадамотнақлиётрасон” бо 14 ҷамъияти нақлиётӣ: 4 ККВД “Автобус-1”, “Автобус-2”, “Автобус-3” ва ККВД “Тролейбус” ва 11 ширкати нақлиётиву таксӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҳамарӯза 2999 воситаи нақлиёти мусофирбар ба хатсайрҳо сафарбар карда мешаванд. Аз ин 27 хатсайри  автобусӣ, 8 хатсайри троллейбусӣ ва 48 хатсайри микроавтобусӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ 83 хатсайри мусофирбари ҷамъиятӣ дар ҳудуди ш. Душанбе имрӯзҳо фаъолият мекунанд: 300-302 автобус, 58-60 тролейбус, 1200-1210 микроавтобус. Аз 11 ширкати нақлиётии ҷамъиятии таксӣ 1410-1430 адад таксӣ ба мардум хизмат мерасонанд.     

Агар ҳама воситаҳои нақлиётҳои ҷамъиятӣ бо низоми пардохти электронӣ ба роҳ монда шавад, шояд ин мусоидат ба соддагардонии раванди пардохти роҳкиро, ба ҳали баҳсҳо оид ба бозпасгардонии бақияпулӣ мусоидат кунад.

 Wi-Fi куҷо шуд?

Дар баробари роҳандозӣ кардани низоми нави пардохти электронӣ, тавассути сити корт, wi-fi аз нақлиёт якбора гум шуд. Қаблан дар автобусу тролейбусҳо wi-fi аз чанд ширкати мобилӣ фаъол буд, ҳоло бошад аз он дараке нест. Қ. Холов гуфт, ки ин масъала ба муассисаи давлатӣ дахл надошта, дар ояндаи наздик мумкин аст худи ширкатҳои мобилӣ ва ширкати “Авесто Гурӯҳ”, ки масъули низоми пардохти электронианд, сари ин масъала чораандешӣ намоянд.

Бо забони дигар метавон нуфт, wi-fi ва интернети ройгон танҳо 1 роҳи фиреб ва ё ҷалби мардум ба нақлиёт буд, ки имрӯз масъулин ба мақсад расидаву онро бастаанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Ситора Сафарова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter