ХАБАРИ ДОҒ

 

 

   Агар милисаҳо 1 нафар журналист ва фаъоли ҷомеа, узви Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД ҶТ оид ба ислоҳоти милитсияро ҳамин тавр «гӯсфанд» кунанд, пас аз мардуми оддӣ чӣ гила!? Бо чунин бархӯрд кӣ ба милиса минбаъд шикоят хоҳад бурд? 

 Воқеан ҳам назар ба 10 соли гузашта, имрӯз вокуниш ба арзу шикоятҳои сокинон дар мақомоти қудратӣ, хосса ВКД-и кишвар зери назорати ҷиддӣ буда, вазири корҳои дохилии кишвар Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳар нишасти матбуотӣ бо намояндагони ахбори омма ба зердастони худ таъкид менамояд, ки мардумро азият накарда, ба додашон бирасанд. Аммо дар асл ранги кор тамоман дигар асту зертобеони вазир ба хотири ҳарчӣ «ғафстар кардани папка» шахси аризадиҳандаро бо кашмакашу баёнотнависӣ ва омаду рафти зиёд аз ҷон безор мекунанд-инро ман шахсан худам дар 2 ҳафтаи охир таҷриба кардам.

«Шумо чӣ мехоҳед, ба мо фаҳмонед…»

18.01.2020 бо супориши редаксия ба қабули муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов рафта, аризаи хешро дар мавриди фаъолияти шабонаи ба ном тарабхонаи «Караоке «Прайд», ки дар паҳлӯи бинои сирки давлатии Тоҷикистон қарор дорад, супоридам. Мавсуф дарҳол дастур доданд, ки он мавриди санҷиш қарор дода шаваду расо пас аз 2 соат низ масъуле аз Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД занг зада, хабар дод, ки аризаи банда қабул ва аллакай дар санҷиш аст. Бо ҳамин 1 ҳафта гузашту нафари дигаре аз ҳамин раёсат занг зада хост, ки омада нисбати аризаам баёнот нависам, «Қонун ҳаминро талаб мекунад, омада моҳияти шикоятатонро ба мо фаҳмонед, чӣ мехоҳед шумо?»…

    Ман, ки қаблан дар бораи фаъолияти «Караоке «Прайд» дар рӯзнома ба таври ошкоро навишта будам, гуфтам метавонед аз ин матлаб низ истифода баред, аммо милиса гуфт не, бояд омада баёнот нависам, тамом вассалом! Рӯзи дигар аллакай нафари дигаре аз ҳамин раёсат занг зада, боз ҳам талаб намуд, ки бояд оҷилан омада, баёнот нависам, вагарна бе баёноти ман ариза баррасӣ нахоҳад гашт. Хулоса, 1 ҳафтаи равон милисаҳои Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД «Тез биё, имрӯз биё, саҳар биё!»-гуфта, маро зери истинтоқи телефонӣ гирифта, такрор ба такрор таъкид менамуданд, ки бояд омада баёнот нависам! 

Шуъбаи умумӣ-тартиб ва назорат ҳаст?

28.01.2020. Нияти ба ВКД рафтанро доштам, ки 1 милисаи дигар аз Раёсати кофтукоби ҷиноятии вазорат ба ман занг зада гуфт: «апа, зуд биё, ё дар куҷоӣ, омада худамон туро бубинем, аризаат омадааст, бояд омада баёнот нависӣ!». Ҳайрон шуда пурсидам, ки чаро аризаи ман, ки вобаста ба фаъолияти нозирони минтақавӣ аст, ба Раёсати кофтукоби ҷиноятӣ рафтааст, онҳо ҳам тааҷҷуб карданд. Пас аз 2 рӯзи «биёву зуд биёҳо»-милисаҳо дарк намекунанд, ки ба ҷуз худашон мардум ҳам дар сохтору идораҳои дигар кор мекунанд. Вале ман ҳама корро партофта, маҷбур шудам ба ин раёсат рафта, дар бораи он, ки аризаи банда ҳамин ҳоло дар раёсати дигари ВКД мавриди санҷиш қарор дорад, дубора аризаи муқобил нависам, то нафаре, ки аризаам ба он вобаста шудааст, онро аз сараш соқит кунад. 

    Ва инҷо суоле бармеояд, ки магар дар котибот ва шӯъбаи умумии ВКД, ки шумораи зиёди духтарон кор мекунанд, ба кӣ ва кадом раёсат вогузор шудани аризаро ба қайд намегиранд? Ва чаро аризае, ки марбут ба фаъолияти нозири минтақавӣ ва ШВКД Фирдавсӣ-2 аст, ба 2 раёсат-Раёсати кофтукоби ҷиноӣ ва Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ меравад? Киро бояд ҷуст-маро ё соҳиби «Караоке «Прайд»-ро!? Ва оё ман ҷинояте содир кардаам, ки кормандони РКҶ бояд омада, ҳатман маро бубинанду бо худ бубаранд!?

Аз мардум «гӯсфанд» насозед!

   Дар ин 2 ҳафтаи гузашта шояд аз 20 маротиба бештар занг зада, хостанд ба ин ё он ҷо рафта, баёнот нависам. Бо баромадани телефонҳои мобилӣ кори милисаҳо ҳам осон шудааст, занг мезананду таъкид мекунанд «зуд, биё!» ва тамом. Даъватнома навиштану пурсидану ҳодисаро рафта дар ҷояш санҷидан аз байн рафтааст. Худро мисли гӯсфанде, ки барои куштан мебаранд, эҳсос кардам, гӯсфанде, ки маҷбурӣ ва кашолакунон ба куштан мебаранд. Баёнотнависӣ ҳам ба назарам чунин тофт…

   Агар ин милисаҳо оперони хуб мебуданд, кайҳо аз рӯи ин ариза ва 2 мақолаи ман, ки дар газетаи умумиҷумҳуриявӣ нашр шудааст, санҷишу рейд гузаронида, ба масъала нуқта мегузоштанд, вале инҳо интизори баёноти мананд. Муҳим баёнот будааст, на баррасиву боздошту таъқиб ва гузаронидани корҳои профилактикӣ! Агар қонунгузорӣ талаб мекунад, пас бароям даъватнома-повестка фиристед, он гоҳ меоям!   

Агар милитсия халқ аст, халқро аз худ дур накунед-дия?!…

    Ана, ҳамин баёноту маълумотномаву аризаи муқобилнависӣ ва зангҳои пайдарпайи биёву бирав мардумро безор кардаасту эътимоди онҳоро ба сохтор коста. Агар милисаҳо 1 нафар журналист ва фаъоли ҷомеа, узви Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД ҶТ оид ба ислоҳоти милитсияро ҳамин тавр «гӯсфанд» кунанд, пас аз рафтор бо мардуми оддӣ чӣ гила!? Яъне, он, ки мегӯянд корат ба милиса наафтад, аз ҳамин аст? Бо чунин бархӯрд кӣ ба милиса минбаъд шикоят хоҳад кард? 

    Милисаҳои муҳтарам! Вақте ки масъаларо бо худи Рахимзода Рамазон Ҳамро, муовинон, сардорони раёсатҳои калидӣ тариқи 1 сӯҳбати шифоҳӣ ҳаллу фасл кардан мумкин аст, пас чаро шумо ин қадар баёнотнависро дӯст медореду бо ин баҳона мардумро аз милиса дилсард мекунед. Ку, пас шиори нави ислоҳоти милитсия, ки мегӯяд, «Милитсия ин халқ аст!». Ба халқ наздик шавед, на дур, самимӣ бошед, на истинтоқи равонӣ кунеду на коғазбозӣ!

 

Ариза ва баёнотнавис Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

   PS. Дар он замоне, ки мо баёнотнависӣ дорем, «Караоке «Прайд» фаъолияти худро бомуваффақият давом дода, ҳар шаб то саҳар ба макони айшу ишрату фисқу фуҷур ва кашмакашҳои майпарастону духтарони сабукпо мубаддал мешавад!

 

 

Дар ҳамин маврид:

Бехирадии зертобеъ ва хирадмандии вазир

       Ҳафтаи гузашта зимни 1 амалиёти вежаи санҷишӣ дар фурудгоҳи пойтахт Саид Давлатзода, 1 нафар мансабдори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тиб ва ҳифзи ичтимоиии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ дар сӯҳбат бо хабарнигори мо газетаи мардумии СССР-ро «газетаи зард»-«желтая пресса» номид. «Желтая пресса» гуфтани 1 газета ва 1 журналист ин мисли санг андохтан ба рӯи ӯ ва тамоми аҳли қалам аст. Амсоли онест, ки вақте мардум ба духтур мегӯянд, «ӯ бесавод аст!».

    Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ дар ин бора хабар ёфта, мухбири СССР-ро рӯзи шанбеи гузашта-01.02.2020 ба қабули худ даъват намуда, аз номи зертобеи бехиради худ маъзарат хост. Ин аст хирадмандии 1 вазир, ки ба қадри қаламу газета расида, заҳмати қаламкашро пос медорад. 

Ва ҳоло мехоҳам аз ҳамон мансабдори «краскашиноси пресса» бипурсам, ки агар СССР «желтая пресса» аст, пас газетаҳое, ки шумо нашр мекунед ва ё пайваста дар бораатон матлабҳои таърифӣ чоп мекунанд, чӣ гуна газетаанд-«красная пресса» ё «голубая пресса»!? Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter