ХАБАРИ ДОҒ

Максимализм, империзм ва фанатизми тоҷикӣ

  • Панҷшанбе, Фев 20 2020

Проблемаи миллӣ-8

1 миллати максималист шудаем: Мехоҳем ҳама чиро дошта бошем ва дар 2 дақиқа, вале барои расидан бар ҳадаф ягон кас бизнес-план надорад. На дорем ва на таҳия кардаему на дар фикраш ҳастем. Вале дар сар Карт-Бланш дорем. Яъне мехоҳем бо чӣ роҳе набошад, вале ҳатман дар 2-3 рӯз, максимум 2-3 ҳафта ҳатман соҳиби мошин, хонаву дар, пулу мол ва сарвату ғановат бошем. Карт-Бланшро ҳазрати Ҷомӣ (агар хато накунам) дар диалоги падару писаре меорад. Аҳамият деҳ, хонанда, муаллиф дар асри 15 мезист:

Падаре аз писар пурсид, ки эй ҷони падар, магар рӯзе Риши Гов будаӣ?

Писар гуфт, Риши Гов чист, падар? -Риши Гов нафарест, ки коре накунад, каҷпаҳлӯ хоб аст ва фикр дорад, ки соҳиби давлату сарват гардад! Писар гуфт, эй падар, то оне, ки будаам, Риши Гов будаам!

Мо низ Риши Говем. Тақрибан ҳама! Танҳо 1 нафарро, шахсан худам медонам, ки мехоҳад соҳиби Ҷоизаи Нобел шавад ва корро аз сифр-0 сар кардааст. Файзулло Сафаров, олими ҷавон, ки аз Маскав ба Тоҷикистон баргаштааст, Бизнес-план дорад, реформаи маорифро даст заданист. Вале барои расидан ба ин ҳадаф ба сангарҳои сунъиву табиие дучор омад, ки ҳисобаш гум. Аммо бовар дорад, ки ҳамро пушти сар мекунад. Зеро бизнес-план дорад ва қадам ба қадам, шаг за шагом, step by step пеш меравад. Бовар дорам ҳатман муваффақ мешавад. Зеро Риши Гов нест!

Ҷавонони мо дар Университет (!!!) мехонанду, дар сар ҳавои ғуломӣ, муздурӣ, гастербайтерӣ доранд. Ва медонед барои чӣ? Зеро Риши Гованд! Мехоҳанд ҳарчӣ зудтар соҳиби мошин, хона, зан шаванд. Маҳз зан, на оила. Зеро барои насли нави мо, мутаассуф, зан ва оила 2 чизи тамоман муғаййиранд. Зан барои «престиж»-и гастербайтер аст, ки баъдан Русия баргашта, тариқи телефон, назди дигар гастербайтерҳои ҷавон ӯро, яъне занро дашном диҳанд, таҳқир кунанд, фаҳмонанд, ки Шери Наранду занкалон не ва чанде ба баъд талоқаш кунанд. Тамом! Оила капут!!! Аммо воҳима, престиж, занНОкалонӣ дар амал. Ва ин ҳама пеши ким? Пеши чанд гастербайтери дигар, ки низ дар партави ин ҷавон илҳом гирифта, оилаашонро вайрон мекунанд. Маҳз ана ҳамин максимализми авомонаи насли нави мост, ки ин масал дар ҷамъият мӯд шуда:

-Любой дурак, 1 опелу 2 зан дорад…

Империзм барои мо бегона аст. Ба дониш ками дар кам такя мезанем. Куллан ва бебозгашт чунин шудаем. Зеро агар чунин намебудем, ҳатто китобхариву китобхониамонро баъди фармон аз боло шуруъ намекардем. Имрӯз тараддуду такудави вазирону раисонро дар мавриди китобхариву китобхониву китобхонаву рафҳои китобсозӣ дида, ростӣ, ҳайрон мешавам, ки то дастури президент ин мардум бо чӣ кор банд буданд? Ҳоло дар бинои шифохонаву  ёрии таъҷилӣ, долону даҳлезҳо, таваққуфгоҳу бозорҳо, меҳмонхонаву фароғатгоҳҳо  ва ғ. ва ҳ. оҷилан китобхона месозанд, библиотека меороянд. Метарсам, ҳоло дар истгоҳҳо низ китобхона насозанд. Империзм ҷояшро ба максимализм дода истодааст. Ин доду ситадро дида, бегумон андеша мекунӣ, ки ҳамин мардум, ҳамин масъулин, агар чархаи Чарх андаке тағйир пазирад, аз фанатҳои имрӯзаи мазҳабӣ ба карат мегузаронанд… 

Воқеан ҳам, агар хонанда фикр дорад, фанатизмро мо варшикаставу мардумро куллан дунявӣ, яъне мусалмони муосиру замонавӣ кардаем, хато мекунад. Фанатизм ба пинҳонкорӣ рафтааст. Чун дар солҳои қабл. Ришҳоро ба фукҳо, сатрҳоро ба каллаҳои пуч ва юбкаҳои салафиро ба устухони почакҳо пинҳон кардаем. Фишор сари мардуми вораста, ки сафашон ба миллион карат коҳиш ёфтааст, бештар гардидаву камтар на. Вале ҳамакнун фишор-фишори хонаводагӣ шудааст. Яъне фанатизми пинҳонкор сари падару бародарони афроди вораста ва замонавӣ фишор меорад, то духтар ё писарашонро «ба рамка дароранд!». Хонуми ворастае, шоираи барҷастае имрӯз онгуна зери фишори падару бародарони фанатикаш қарор дорад, ки дирӯз дер мекардам, шояд даст ба ҷони хеш мениҳод. Ин мисраъҳо аз ӯст:

Рӯсарӣ сӯхтаам, з-он ки дилам сӯхта шуд,

Хатми ин қофила бишкастани паймонаш буд.

Ҳолам аз ҳолати Фархунда ғамангезтар аст,

Шамъро сӯхт ҳамон ришта, ки бар ҷонаш буд…

Ҳукумати дунявӣ, идеологияи дунявӣ, мақомоти дунявӣ бояд бонувони ворастаи худро аз фишору тазйиқи равонии хешу ақрабо ҳифз кунад. Зеро тибқи овозаҳо, вазъият онгуна печида гаштаву солҳоеро ба ёд меорад, ки Фузайл-махсум дар Ғарм муаллимаҳоро дор мекашиду мардум қарс мезад. Намезад? Ещё как мезад! 

Мо бояд 1 чиро фаромӯш накунем, ки Тоҷикистон танҳо Душанбе нест, ки фикр дорем, ҷамъиятро дунявӣ кардаем…

PS: Ин матлабро нотарсона бо сабки қаблии СССР барои он навиштам, ки хонум Гавҳар Шарофзода тарки курсии раёсати Кумитаи забон ва истилоҳот кардаву депутат шуданист. Фикр дорам, раиси нав сабк, жанр ва худи журналистикаро аз адабиёту забону грамматика фарқ мегузораду пагоҳ ба прокуратура даъво намебарад. Воқеан ҳам душманони Гавҳар-апа овоза кардаанд, ки ин кас худашон аз имтиҳони забони давлатӣ, ки вакилон ногузир медиҳанд, аввал нагузашт, ки шахсан ман бовар  надорам! Мо метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter