ХАБАРИ ДОҒ

Дискоклубҳои Данғара фаъоланд

  • Панҷшанбе, Фев 20 2020

  

 Бозорбой Пӯлодов, хонанда ва муаллифи доимии газета аз н.Данғара занг зада, гуфт, дар ноҳияе, ки 2  муассисаи олии таълимӣ ва 2 коллеҷу 1 литсейи касбӣ дорад, амал кардани дискоклубҳои шабона ба манфиати кор нест. Ба ҷои ин дискоклубҳо китобхонаҳои замонавӣ, ҷойҳои фароғатию фарҳангии ҷавонон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии ҷалби ҷавонон фаъол мебуданд, ба манфиати кор мешуд. 

Дар маркази ноҳия 1 ҳаммоми ҷамъиятӣ мавҷуд нест, ки ҷавонони дар хобгоҳҳо ва иҷоранишинҳо ақаллан дар ҳафта 1 маротиба сару танаашонро шӯянд. Меҳмонхона, ҳаммом гуфта, бо тантанае мекушоянду онро ба дискоклубҳои шабона табдил медиҳанд. Аксарияти мизоҷони онҳо пулчинаку духтарони бероҳаанд. Ман худам шоҳиди чӣ гуна духтарон аз дискоклубҳо баромада, ба хонаҳояшон мерафтанд, шудам. Аксари соҳибони чунин дискоклубҳо одамони баобрӯ ва коркунони давлатӣ мебошанд, ки ба шаъни онҳо ба фикрам айб аст бо чунин усул пул кор кардан.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter