ХАБАРИ ДОҒ

Насим Олимзода ҷавонмард будааст!

  • Панҷшанбе, Фев 20 2020

 

Ғуломали Асоев муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР занг зада оиди кумаки вазир сипоси худро иброз дошт. Чанде пеш матлаби навиштаи ман таҳти унвони “Вазир ба ман кӯмак мекарда бошад?” чоп шуд. Ростӣ ман ҳеҷ бовар надоштам ва дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки вазир навиштаи маро мехонад. 2 рӯз пас аз чоп шудани он мавод ба ман аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ занг зада гуфтанд, ки ба беморхонаи марказии н. Файзобод супориш додаанд, то Шуморо ба ш. Душанбе оранд. Субҳ, вақте намояндаи беморхона маро аз хона гирифт, боварӣ ҳосил намудам, ки ин бозӣ набудааст. Бо супориши вазири тандрустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳтарам Насим Олимзода дар беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии маҳалаи Зарафшон табобат гирифта истодаам. Вазири муҳтарам Насим Олимзода ҷавонмарди ҳақиқӣ будааст.  

Мо фахр мекунем, ки чунин ҷавонмардон, чунин одамони нек ҳастанд. Фикр мекунам, ки дигар инҷо муҳим сиҳат шудан ё нашудани ман нест. Муҳим он аст, ки вазир дарди 1 беморро шунида, кӯмак кард. Ман аз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳтарам Насим Олимзода  умре минатдорам. Мехоҳам, ки ҳамеша сарбаланду комёб бошанд. Тамоми хушиҳои зиндагиро барояшон таманно менамоям. 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter