ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: “Пробка” ҷӯй!!!

  • Панҷшанбе, Фев 20 2020

 

 

Рейди навбатии кормандони Газетаи мардумии СССР ин ҳафта, аниқтараш нисфирӯз ва шоми 7-9 феврали соли ҷорӣ дар назди тарабхонаҳои пойтахт, хосса минтақаҳои ба қавле серошхона-рӯ ба рӯи ИИ “Нассоҷи тоҷик”, маҳаллаи Яккачанор ва колхози “Россия” сурат гирифт. Таваққуфи бетартиби воситаҳои нақлиёти хусусӣ ва исти қатор-қатор таксиҳо дар назди ин тарабхонаву ошхонаҳо, ки нисфи роҳи мошингузарро банд карда, ҳар нисфирӯзиву шом кӯчаро ба 1 издиҳоми нақлиётӣ мубаддал мегардонанд-мавзӯи асосии рейди мо буд. 

Сабаби тамбашавӣ-таваққуфи бетартиб!

 07.02.2020. Соат ба вақти Душанбе 12:20 дақиқа. Мо барои мушоҳида ва хурокхӯрӣ ба яке аз ошхонаҳои рӯ ба рӯи ИИ “Нассоҷи тоҷик” равон шуда, пеш аз ҳама аз таваққуфи бешумори мошинҳои хусусӣ дар назди талабхонаву ошхонаҳои “Лола”, “Мумтоз”, “Роҳат”, “Регистон”, “Лаззат” ва “Расул”  дар ҳайрат мондем. Шумораи воситаҳои нақлиёти 2 тарафи кӯча, ки бе ин ҳам танг буду боз ҳам тангтар шуд, шояд аз 100 адад ҳам мегузашт. Аксарият бетартибу низом мошинҳои худро дар қатори дуюм монда, рафта буданду мошинҳои раҳгузар бо сахтӣ ин минтақаро убур мекарданд. Тамбашавии шадиди нақлиёт низ ба чашм мерасид.

Дар шафати роҳ чанд нафар аз кормандони БДА истода кӯшиш менамуданд, ки то андозае ҳаракати нақлиётро дар ин нуқта ба тартиб биёранд, лекин бо сабаби он, ки ғайр аз 1 таваққуфгоҳи хурдакак ҷойи дигаре барои гузоштани мошин нест, ҳамарӯза нисфирӯзиву шом дар инҷо бенизомӣ баръало дида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар ин минтақа боз 1 масҷиди бошукӯҳе низ қарор дорад ва мардум дар вақти хӯроки нисфирӯзи барои намоз ҳам меоянду мошинҳои худро сари роҳ партофта мераванд.   

“Ҷойи холи ёвем “паркофка” менем”

 08.02.2020. Соат бо вақти Душанбе 19:00 дақиқа. Дар ин вақти шом назди тарабхонаҳои “Яккачинор”, “Осмон”  ва “Дидор” куллан ба истгоҳи таксиҳо табдил ёфта буд. Ронандаҳо одат кардаанд, ки мошинҳои худро дар дилхоҳ ҷой таваққуф диҳанд. Чуноне, ки дар акс мебинед, ин амалашон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонад ва боиси баҳс миёни ронандаҳо мегардад. Вақте ки аз ронандаҳо пурсидем, ки чаро дар роҳи мошингард автомобилҳои худро мегузоранд, 1 ронандаҳои таксӣ гуфт, ки баъзан вақт муштариён ба мо занг мезананд, ҳозир мешавем ва баъзан вақт, хусусан рӯзҳои шанбе ва якшанбе омада, дар ин ҷо меистем, чунки ин рӯзҳо дар тарабхона тӯю маъракаҳо мегузараду “клиентҳо” бисёр мешаванд. 

    Ронандаҳо гуфтанд, Дидору Осмон аслан тавақуфгоҳ надоранд. Танҳо тарабхонаи Яккачанор таваққуфгоҳ дораду халос, ки дар паси тарабхона ҷойгир мебошад.  “Мо барои клиент гирифтан дар “любой”-ҷои холӣ паркофка менем”-гуфт 1 кирокаш. Мизоҷони тарабхонаҳои ин минтақа сабаби асосии тамбашавии роҳ шудаанд. Таксиҳо низ ба тангии роҳ нигоҳ накарда, 2-3 хати роҳро банд мекунанд. Масъулини Яккачанор гуфтанд, ҳарчанд онҳоро пеш мекунем, мераванду аз самти Дидору Осмон камин мегиранд. Дигар мо ба онҳо иҷозаи гап задан надорем. Масъулини Дидору Осмон бошанд, умуман ба тамбашавию пробкаву доду фиғони ҳамарӯзаи ронандаҳо туф кардаанд, ки парвое надоранд! 

Дод аз дасти таксиҳо!

 09.02.2020. Соат ба вақти Душанбе 19:00 дақиқа. Сайругаштамонро аз боғчаи фароғатии назди тарабхонаи «Яккачанор» оғоз намудем. Албатта, ки сайругашт дар чунин мавзеъ ба кас рӯҳи болида мебахшад, аммо 1 чиз моро сахт нороҳат намуд ва он ҳам тамбашавии аз ҳад зиёди воситаҳои нақлиёт. Шумораи зиёди таксиҳои ширкатҳои «33-33»-«Рахш такси», «70-00»-«Олуча такси», «44-44»-«Сабоҳ такси» ва дигар автомашинаҳои давлатию шахсӣ қариб, ки роҳи асосиро баста буданд. Мафтуна Эргашева 1 сокини н.Фирдавсӣ иброз намуд, ки дар ҳамсоягии ин тарабхонаҳо зиста, аз таваққуфи ҳамешагии таксиҳо ва ронандаҳои бемасъулият ба дод омадаасту намедонад ба куҷо муроҷиат намояд.

   - Дар кӯчаи мо тарабхонаҳои зиёд, аз ҷумла «Яккачанор», «Осмон» ва «Дидор» воқеъ буда, сермизоҷанд. Онҳо ба нишонҳои сарироҳӣ таваҷҷӯҳ накарда, рӯзи дароз дар паси девори мо меистанд. Кӯчаро банд карда, ба раҳгузарон халал мерасонанд, аз нигаронӣ ба кӯдакон иҷозат намедиҳем, ки ба кӯча баромада бозӣ кунанд, таъкид медорад номбурда. 

Ронандаҳои бемасъулият ҷарима шаванд!

 Мӯҳсинҷон Муҳаммадӣ, сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе дар ин маврид мегӯяд, ҳафтае нест, аз ҷониби кормандони шӯъбаи БДА-и пойтахт то 10-15 нафар ронандагоне, ки дар ҷойҳои манъшуда ист мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд.

  - Танҳо дар 1 рӯзи 06.02.2020 сокинони пойтахт-корбарони шабакаҳои ичтимоӣ, аз он ҷумла Фейсбук ба мо 62 акс-далели чунин ронандаҳои қоидавайронкардаро фиристоданд ва пасон нисбати 35 нафар аз рӯи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ чораҳои қонунӣ андешида шуд. Ба ғайр аз ин, сокинони пойтахт тавассути сомона ва почтаи электрониву телефони боварии раёсат хамарӯза чунин арзу шикоятро ирсол менамоянд ва мо ҳатман чораҷӯӣ мекунем. Албатта, маърифати шаҳрнишинӣ ва риояи қоидаҳои бехатарии роҳ бояд барои ҳар 1 сокин муҳим бошанд, вале вақте ронанда худ масъулият надорад, чӣ бояд кард? Алалхусус, боз ҳам ҳамин ронандаҳои таксӣ, ки бештар сари гардишҳо, чорраҳаҳо ва назди нуқтаҳои серодамро банд кардаанд. Баъзе аз чунин ронандаҳо шояд беш аз 10 бор ҷарима шудаанд, вале боз ҳам ин кори худро идома медиҳанд. Ширкатҳои таксӣ низ дар ин ҳолат бояд бо ронандаҳои худ кор кунанд, онҳо ҳам масъулият доранд, иброз медорад Мӯҳсинҷон Муҳаммадӣ.

 

Омирона Достиева, Ситора Сафарова, Шералӣ Давлатов, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter