ХАБАРИ ДОҒ

Хоҷа Аҳрори Валии Кӯлоб кист?

  • Панҷшанбе, Фев 20 2020

 

 

«Мо намегузорем, ки дар Кӯлоб боз 1 Хоҷа Аҳрори Валӣ пайдо шавад!»-Ин нидои хашини раиси ш. Кӯлоб, Баҳром Иноятзода, ҳини пресс-конфронсаш, дар пасманзари напардохтани андозҳо ба буҷҷаи Кӯлоб, аз ҷониби хабарзотарин чиновники кишвар, раиси хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, Бек Сабур садо дод.

Маълум шуд, ки ширкати «Комил-2010» корхонаи мутааллиқ  ба писари Бек Сабур, ки гуфта мешавад, амалан зертобеи худи Бек Сабур будааст, ба буҷҷа, танҳо аз ҳисоби андоз,  4 млн сомонӣ, баробар ба 400 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор будааст. Тамоми талошҳои мақомот барои супурдани ин қарз, ақаллан дар ҳаҷми 200-300 ҳазор сомонӣ, ба сифр, баробар шудааст:

Х=4млн.-Талоши ҳукумат

Х=0…

Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки агар ягон корхона ё шахси юридикӣ андоз насупорад сари он касу ин корхона кумитаи андоз пеня-ҷарима мезанад. Пеня чизи андак-мундак нест. Мардуме, ки 2-3 ҳазор сомонӣ қарздори кварталӣ мешаванд ва ё ақаллан 2-3 рӯз дертар андоз месупоранд, гирифтори ҷаримаи пеня мегарданд. Вале чаро Бек Сабур аз 4 млн 1 тин пеня намесупорад, муаммоест, ки танҳо Раиси Кумитаи андози ҶТ ҳаллу фасл карда метавонаду халос. Ва ё дар кишвари мо андозсупории ба масал «1 бому 2 ҳавоӣ» роиҷ асту мо бехабар?

 

Аз Қурбони Чол то Бек Сабур

Тавре дар сӯҳбат бо СССР аз ҳукумати ш. Кӯлоб гуфтанд, объектҳое, ки қаблан ба ину он фармондеҳ тааллуқ дошту дар даврони «қумандонсолорӣ» бештарашонро оилаи Чоловҳо шахсӣ карда буданд, имрӯз аксаран ба дасти Бек Сабур гузаштаанд. Ба суоли хабарнигори мо, ки «Қурбони Чол низ оё андоз намепардохт ва ё дар корҳои хайрияву ободонии шаҳр иштирок намекард?» манбаъ гуфт, «баракс Қурбони Чол хеле марди ҳимматбаланд ва дӯстдори Кӯлоб будаву ҳам андоз месупорид ва ҳам дар корҳои ташкилӣ кумакаи беғараз менамуд. Бек Сабур бошад на инро мекунаду на онро!».

Раиси шаҳр дар сӯҳбати бидуни микрофон ба хабарнигори СССР гуфт, «объектҳои гирифтаи Бек Сабур он қадар зиёданд, ки гоҳ-гаҳе худаш ҳам бархе аз онро намедонад! Фарзи мисол, намедонист, ки бинои дуошёнаи паҳлӯи театри ба номи С. Вализода аз ӯст!!!».

Бек Сабур таҳти таҳрим

Бек Сабур аз зумраи зимомдоронест, ки ба бунёду сохтмони баландошёнаҳо банд аст. Тавре худаш дар сӯҳбатҳои хоса мегуфт, мурод аз ин бизнесаш, бо хона таъмин намудани мардуми камбизоат аст. Воқеан ҳам хонаҳои ӯро, ки пастсифат ва арзонанд, камбағалон мехаранд. Хадамоти алоқа низ имрӯз миёни хосу омм чун «дӯкони хонафурӯшӣ» ном баровардааст. Вале 1 ҳақиқатро низ бубояд гуфт, ки Бек Сабур ҳазорон мардуми камбизоатро соҳиби хона кардааст. Вале ин ба маъное нест, ки ӯ набояд андозро пардозад!

Раиси ш. Кӯлоб дар бастагӣ ба мавзуъ афзуд:

-Бек Сабур зиёда аз 4 миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст ва ягон зарра пулро намедиҳад. Супориш додем, ки чораҳои таъхирнопазирро андешанд. Дигар ин тавр намешавад. Дар Душанбе бинед, нисбат ба ӯ чӣ кор карданд. Тамоми сохтмонҳояшро манъ карданд. Мо низ ҳамин тавр мекунем. Бас аст. 1 Хоҷа Аҳрори Валӣ пайдо шудааст. 

Баҳром Иноятзода дар охир гуфт: 

-Мо клапанҳои ӯро маҳкам мекунем. Ба шабакаҳоли барқ гуфтам, ки барқашро хомӯш кунед. Ба корхонаи обу корезӣ гуфтам, ки обу корезашро маҳкам кунед. Намемонемаш! Канӣ бинем, баъд чӣ кор мекунад?!»

1 манбаъи боэътимод гуфт, косаи сабри мақомот он гаҳе лабрез шуд, ки Бек Сабур ба намояндагони ҳукумати ш. Кӯлоб ва дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар, ки масъули корҳои созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолият дар Кӯлобанд, ваъда додааст, ки андозро месупорад, вале ишонро фиреб додааст.

Ҳоло мардум интизор аст, ки оқибати ин моҷаро чӣ мешавад? Бек Сабур қарзашро бармегардонад ва ё бинову объектҳои ӯро ҳукумат мусодира мекунад?!

 Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

М. Мубориз

Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter