ХАБАРИ ДОҒ

«Баҳманмоҳи хунин» - оғози харобкориҳои наҳзатӣ

  • Панҷшанбе, Фев 20 2020

Қаҳҳор Маҳкамов: «Ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар наравед, занатон талоқ! Собиқ қозии ҷумҳурӣ А.Тураҷонзода бошад, шахсан худаш овозаро дар бораи ба арманиҳо додани хонаҳо дар Душанбе паҳн мекард!».

Ҳодисаҳои баҳманмоҳ аввалин бархурди гурӯҳҳои исломи сиёсӣ бо ҳокимияти дунявӣ буд. Мусаллам аст, ки ҳалқаи тоҷикистонии ихвонӣ, ки аз берун идора карда мешуд ва роҳбарони он ба адабиёти сиёсӣ инструксияи ба гирдиҳаммоиву бетартибии оммавӣ даст задан ва фалаҷ кардани нерӯҳои ҳукуматиро омӯхта буданд, барои дар амал татбиқ кардани он ва ҳамчунин ҷиҳати санҷиши вазъи умумии Шӯравӣ, ҳамбастагии ҳокимияти марказӣ ва ҳокимияти ҷумҳуриявӣ ба ҳайси нахусттаҷриба бархурду нооромиро дар дохили Тоҷикистон ба миён оварданд. Ҳарчанд таҳлилгарони тарафдори ТТЭ ҲНИ ин вазъро 1 вазъи худҷӯш ба қалам медиҳанд ва гӯё он ҳеҷ роҳбар ва ташкилкунанда надошт, аммо воқеъияти ин ҳаводис нишон медиҳад, ки он муташаккил буда, аз тарафи гурӯҳҳои махсус (хадамоти махсуси кишварҳои ҳориҷӣ) роҳандозӣ мешуд. Агар чунин намебуд, дар замони Шӯравӣ дар зеҳнияти аксари мардум намеғунҷид, ки дар муқобили давлат ба бетартибии сиёсӣ ва ҷинояткории оммавӣ  даст зананд.  Аз ин рӯ ҳодисаи баҳманмоҳи соли 90 аз тарафи ТТЭ ҲНИ ва тарафдоронаш, ки омӯзаи адабиёти сиёсии бо роҳи зурӣ ғасб кардани ҳокимият буданд, ин амал ба роҳ монда шуд. Ҳадди ақал дар ин бетартибиҳо онҳо аз таҷрибаи инқилоби исломии Эрон истифода намуданд. Ёдатон ҳаст, шиори зиддиарманӣ, гоҳе ба нидои «Марг ба Амрико!» табдил меёфт? Монандии дигар низ буд, ки саркардагони ин тазоҳурот бештар гурӯҳҳои ҷиноиро истифода намуда, онҳоро басиҷ карда, бо пулу сармоя таъмин намуда, ба бетартибии оммавӣ сафарбар намуданд.

Шайх Саттор ва Ёқуб Салим

Дар ҳодисоти февралӣ, ки онро баъдан Баҳманмоҳи Хунин ном гузоштаву адибону журналистон сараш ашки надомат мерехтанду Бозор Собир гимни онро навишт:

Эй арғувон, эй арғувон, эй арғувони ғарқи хун. 

Эй ҷомаат чун ҷомаи қурбониёни ғарқи хун.

Ҷое, ки ту истодаӣ, буд остони ғарқи хун,

Садҳо ҷавони ғарқи хун, дар остони ғарқи хун…

…чеҳраҳои наве зуҳур карданд, ки Робин Гудҳои миллӣ шуданд, то баъдан дар ҷанги гражданӣ аз худ дарак диҳанд (Баъдан шоир Б. Собир аз пуштигирияш аз ин майдондориҳо сахт пушаймон гашт, вале дер шуда буд!)…

Махсуми Абдусаттор (Шайх Саттор) ва Ёқуб Салимови кӯлобиасл ва Мулло Ғаффору Ризвон ҳамон дам пайдо шуданд. Ин майдон чеҳраҳои сиёсӣ низ зойид. Мисли Бурӣ Бачабеков ва Давлат Усмон. Чеҳраҳои исломии сиёсӣ Қозӣ Тӯраҷонзода ва Абдуллоҳи Нурӣ низ ҳамон соат аз худ дарак доданд. 

Элитаи хуҷандии ҳукумат бошад обрӯяшро пеши мардум рехт, ки сарвари клан ва муншии Ҳизби Коммунист-Қаҳҳор Маҳкамов бар даҳонаш калуш хӯрда, фирор намуд. Ин нахустин занг барои ҷанги гражданӣ буд, ки мутаассуф ҳокимони давр онро ба ҷидд нагирифтанд…

 Қаҳҳор Маҳкамов: Митинг наравӣ-занат талоқ!

Президенти вақти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбати ихтисосиаш дар маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо»-и Иброҳим Усмон дар иртибот ба ҳаводиси февралӣ, чанд сол пеш,  таъкид карда буд, ки: «Ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар наравед, занатон талоқ! Собиқ қозии ҷумҳурӣ А.Тураҷонзода бошад, шахсан худаш овозаро дар бораи ба арманиҳо додани хонаҳо дар Душанбе паҳн мекард!».

Бубинед, чӣ гуна василаҳои таъсиррасонии динӣ-мазҳабиро барои ҷалби мардум ба эътирозот истифода бурданд.  

Аз сӯи дигар Ҳизби коммунист ва сарварони онвақтаи РСС Тоҷикистон амалан нишон доданд, ки заъфпазиранд ва қудрати идораи давлатро надоранд. Ҳол он ки онҳо дар симои Маскави абарқудрат, КГБ ва Милитсияи советӣ пуштибони қавие доштанд. Ҳама чиро доштанду ҷасорати давлатдориро на! Ин аст, ки Қаҳҳор Маҳкамов зимоми ҳукуматро нахустин шуда, дар 15 республикаи советӣ аз даст раҳо карда, ба тадриҷ онро ба муллоҳои наҳзатӣ супурд…

Тарроҳи баҳманмоҳ кӣ буд?

Генерал Амирқул Азимов, ки ба ҳайси роҳбари Бригадаи тафтишотии вақт ҳодисаи баҳманмоҳи хунинро мавриди санҷиш қарор додааст, аз назари тахассусӣ ба масоили марбута таваҷҷуҳ намуда, дар ҳаводиси февралӣ даст доштани муллоҳои наҳзатиро эълом дошт. Зеро  ТТЭ ҲНИ барои даргирию низоъ ва бетартибиҳо дар шаҳри Душанбе на танҳо манфиатдор буд, балки худ ҷараёнро таҳти назар қарор дода, таҷаммуотро идора ва ба сифати муҷрӣ  иштирок мекард.  Бо таваҷҷуҳ ба ин, ТТЭ ҲНИ-ро метавон яке аз тарроҳон  ва муҷриёни ҳаводиси февралӣ  шинохт.

 Маҳз бо ин ҳодиса онҳо вокуниши ҳукумати вақти Тоҷикистон ва ҳукумати марказии Иттиҳоди Шӯравиро санҷида, ба марказҳои сармоягузорӣ ва идоракунии хеш маълумот ирсол намуданд ва нақшаи баъдии ҷанги гражданиро тарҳрезӣ карданд. Чун гурӯҳҳои исломгаро дастгирии молиявии беруна ва роҳбару роҳнамои хориҷӣ доштанд, ҳатто нафаронеро, ки дар ин солҳо афкори миллиро думболагирӣ мекарданд ба зери нуфузи худ дароварданд ва аз иддае шахсиятҳо огоҳу ноогоҳ суистифода намуданд. 

Ҳодисаи баҳманмоҳ, ки рӯзҳои  11,12, 13, 14 - феврали соли 1990 ба вуқуъ пайваст,  барои бетартибиҳои баъдӣ ва нооромию ҷанги дохилии солҳои 91-97 заминаи асосӣ гардид. Дар марҳилаи баъдӣ тарафдорони ТТЭ ҲНИ аз бетартибиҳои баҳманмоҳ илҳом гирифта, нақшаҳои навро дар сар мепарвариданд. 

Ҷиноят ва ҷазо

Аксари ҷинояткорони ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 90 бо сабаби аз як тараф гузашти ҳукумати вақт ва аз тарафи дигар аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози мавҷи дуюми нооромиҳо дар соли 1992 бе ҷазо монданд. Ҷинояткорони аз ҷазо берун монда, бо ҳар роҳ кушиш мекарданд фазо ноором бошад ё ҳадди ақал тамоми сохторҳои қаблӣ ба сохтори нав ва тартиботи наве табдил дода шаванд, ки ин гурӯҳҳо дар он 1 мӯҳраи асосӣ буда бошанд. Яъне оғози ҳамаи нооромиҳо ва бадбахтиҳо аз ҳодисаи баҳманмоҳи соли 1990 сурат мегирад, ки заминаи асосии нооромиҳои баъдӣ махсусан дар соли 1992 бидуни ҳеҷ гуна тарсу ҳаррос бо роҳи зурӣ забт кардани биноҳои ҳукуматӣ , ба гаравгон гирифтани мансабдорони баландпояи давлатӣ ва таҳти фишори автомат ба истеъфо бурдани Президенти аз ҷониби халқ интихобшуда, сенарияи баъдиест, ки пайравони ташаккули терористии наҳзат роҳандозӣ намуданд. 

Шеваи бетартибии соли 1990 ба шеваҳои бетартибие, ки солҳои 2000-ум дар Миср ба амал омад, хеле шабеҳ ва монандӣ дорад. Дар Миср ҳам таҳқири намояндагони дигар дину боварҳо ва бархурди шадид ба дунявият, айнан чун ҳамин шеваи бархурдҳои соли 90-и шаҳри Душанбе ҷой дошт. Яъне тарроҳи ҳарду бетартибӣ якест ва он тарроҳи асливу усулӣ ном ҳам дорад:

-Ихвон ал муслимин!!! Созмони тахрибкоре, ки бо сари кор омадану ба парлумон роҳ ёфтан, ҲНИ пайваста бонг мезад, ки онро бояд ҳукумати Тоҷикистон ба расмият шиносад...

Ҳодисаи баҳманмоҳи соли 1990 бозгӯкунандаи он аст, ки ин ҳодисаи барномарезишуда аз ҷониби Ихон ал муслимин, падари маънавии ТТЭ ҲНИ буд, ки заминаи асосӣ барои таҳаввулоти баъдӣ, ҷанги гражданӣ ва ба хоку хун кашидани ҷумҳурӣ ва бетартибии оммавӣ дар ҷумҳуриро гузошт.

 

Ҳабиб Мирзоев, 

устоди ДМТ 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter