ХАБАРИ ДОҒ

Хӯҷа Каримов- Қотили журналист…

  • Чоршанбе, Март 04 2020

 

 

(Фарзанди журналисти фавтида мехоҳад дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо қотили падар, ба суолоти хеш посух гирад…)

Журналисти шинохтаи водии Вахш, Шарофиддин Қосимов 3.05.1945 ба дунё омада, соли 1993 моҳи июн аз ҷониби Хӯҷа Каримов маъруб бар тахаллуси «Хӯҷа командир» ва 1 гурӯҳ зердастонаш дар н. Хӯросон (собиқ Ғозималик) кӯшта шудааст. Мутаассуф, то ҳол фарзандонаш манзили охирати қиблагоҳашон дар куҷост намедонанд.

27 соли бепадарӣ

Журналист Наргис Қосимова, духтари Шарофиддин Қосимов, журналисти маъруф ва ҷасури Водии Вахш,  дар сӯҳбати СССР, бо ашки гирён, моҷарои чигуна дар замони ҷангӣ шаҳрвандӣ аз ҷониби Хӯҷа Каримов бо маъруфи «Ҳӯҷа Командир» бо зеридастонаш кӯшта шудани падарашро қисса кард. Ӯ гуфт, мо дар оила 12 нафар, 6 духтар ва 6 нафар писар ҳастем. Падарам 30 сол, дар газетаҳои «Хатлон», «Ҳақиқати Қурғонтеппа» ва «Навиди Вахш» фаъолият карда буд. 

Барои ҳақиқат мекушанд?

Ҳангоми ҷангӣ шаҳрвандӣ падарам ба ҳамаи мушкилоту нооромии ҷанги бародаркӯш нигоҳ накарда, вазифаи ҷониашро иҷро ва аз майдонҳои «шаҳидон ва озодӣ» ва аз дигар манотиқи мамлакат матлаби хонданӣ менавишт. Барои ҳамин «ҷурм» ӯро куштанӣ шуданд…

 Модарам нақл мекард, ки падарамро бо 2 бачаи амакам ва бачаҳои тағояш аз н. собиқ Ленин дар ҷамоати деҳоти «Қизил-қалъа» аз ҷониби Хӯҷа Каримов бо 1 гурӯҳ зеридастонаш боздошт карда меоранд. Хӯҷа он рӯз ба модарам ваъда медиҳад, ки ҳатман баъди  бозпурсӣ онҳо сиҳату саломат бармегарданд. Аммо ба қавли «мардиаш» вафо накард…

Падарам он вақт ҳамагӣ 47 сол дошт-нақл мекунад Наргис-Амакҳоямро дар таҳхона бо дасту пойи баста 1 моҳ зулму шиканҷа доданд. Вале падарамро чигуна ва дар куҷо куштанд, ба касе маълум набуду нест. Мо имрӯз мехоҳем, қотили падарамон-Хӯҷа Каримов ақаллан гӯяд, ки қабри ӯ куҷост, то гуноҳони худро пеши Худои таъоло кам кунад…

Модарам гоҳ-гоҳе ба худ суол мекард, ки шояд, дар бораи баъзе нафарон ва фаъолияти таъсирбахши кории онҳо мақолаҳои интиқодӣ  чоп карданаш ӯро куштаанд, ё қасос гирифтаанд. Аммо то кушта шудани падарам, чанд хешу таборамонро  низ куштанду манзилҳояшонро аз худ карданд.

 Баъд аз марги падарам, Сайдамир Зуҳуров раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон парвандаи қатли ӯро тафтиш мекард ва модарамро борҳо барои додани нишондод даъват карда буданд. Ҳамон шабу рӯз пушти дари Сайдамир Зуҳуров занони пиру ҷавони бисёр, ҷамъ меомаданд ва ҳар яке мегуфтанд, ки фарзандон ё ҳамсару бародарашро куштаанд, аммо қотилонро пайдо накарданд.

 Озодӣ хоҳӣ ғуломи қонун бош…

Имрӯз мо 12 нафар фарзандони журналисти шинохтаи «Вахшонзамин» Шарофиддин Қосимов ҳама  соҳиби касбу кор, бо сари баланд ифтихор аз падар ёд мекунем. Баъди марги падарам, касби журналистиро интихоб карда, то ҳол фаъолият мекунам. Рӯзҳои сахтро пушти сар кардем. Сипосгузорам аз журналистони собиқадор ва аз дӯстони падар, ки ӯро ёд мекунанд. 

 Инак мо ин рӯзро, яъне боздошти бераҳмтарин қумандони саҳроии собиқ вилояти Қурғонтеппа-Хӯҷа Каримовро 27 сол мунтазир будем. Мо мехоҳем бо қотили падар ва хешовандонамон рӯ ба рӯ сӯҳбат кунем, аз ҳар захми расондааш суол кунем. Бигзор посух бигӯяд, ки барои чӣ ин ҳама ситамро бар мо-мардуми оддӣ раво медид? Барои кадом гуноҳаш падари бузургвори моро кушт? Кай ва дар куҷо қиблагоҳи моро ба қатл расонид? Гӯраш куҷост, ки рафта гулдастае гузорему порае қуръон хонему арвоҳашро шод созем.  Аз мақомоти дахлдор хоҳиш мекунем, ки  парвандаи бозшудаи норавшани қатли падари моро дубора оғоз кунанд. Бигзор ба ҳар  тири парондааш бар бадани сокинони бегуноҳи Ғозималик, ки зистан мехостанд, ин ҷаллод, дар назди қонун ҷавоб гӯяд. 

 Мо аҳлу оилаи тамомии нафарони ҷабрдидае, ки аз ситам ва фишори Хӯҷа Каримов, фавтидаанд аз  Президенти мамлакат сипос мегӯем, ки баъди 27 соли бедод ин ҷаллодро дошта овард, то назди қонун ҷавоб гӯяд...

 

Зиндаву ҷовидони ватан

Дар охир мехоҳам, рӯйхати журналистонеро оварам, ки бо ину он сабаб дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ё баъди бастани Сулҳ аз тарафи ин ё он гурӯҳ кушта шудаанд. Журналистикаи Тоҷик бояд донад, ки меросбари ана ҳамин ҷавонмардони ҷавонмаргест, ки Марг ҳатто натавонист онҳоро зидди Ватану Давлаташон таҳрик диҳад. Номи онҳо абадан дар пайкараи журналистикаи Тоҷик сабт хоҳад монд. Мо метавонем!

1)Хушвахтшо Муборакшоев, декабри 1992

2)Ҷамшед Давлатмамадов,25 декабри 1992

3)Филолишо Хилватшоев,декабри 1992

4)Мухтор Буғдизода, 25 декабри 1992

5)Таваккали Файзулло, 17 ноябри 1992

6)Тӯраҷони Қобил, июни 1992

7)Олими Заробек, 7 майи 1992

8)Ширинҷон Амирҷон,16 майи 1992

9)Муродуллоҳ Шерализода, 5 майи 1992

10)Аркадий Рудерман, 1 сентябри 1992

11) Шарофиддин Қосимов, июни 1993

12)Олимҷон Ёрасенов, июн ё июли 1993

13)Пирумқул Сатторӣ, 28 майи 1993

14)Зуҳуриддин Суярӣ, 1 марти 1993

15)Саидмурод Ёров, январи 1993

16)Шарифамоҳ Кишвардухт, 1 октябри 1993

17)Эмелия Подобед, сентябри 1993

18)Тоҳирҷон Азимов, июн ё июли 1993

19)Шариф Аҳроров, 1 июли 1993

20) Табаралӣ Сайдуллоев, 21 октябри 1993

21)Зикруллоҳ Валиев, тобистони 1993

22)Саидҷалол Фахриддин, 1 июни 1993

23)Хушвақт Ҳайдаршо,18 майи 1994

24)Ҳомидҷон Ҳакимов, 18 ноябри 1994

25)Давлаталӣ Раҳмоналиев, 18 августи 1994

26)Олим Абдулов, 15 майи 1994

27)Муҳиддини Олимпур, 12 декабри 1995

28)Виктор Никулин, 28 марти 1996

29)Мирхаем Гавриелов, 8 июни 1998

30)Отахон Латифӣ, 22 сентябри 1998

31)Ҷумъахон Ҳотамӣ, 5 июли 1999

32)Абдуқаҳҳори Нозим, 7 октябри 1995

33)Абдуҳаким Шукурзода, 21 апрели 2000

34)Абдухолиқ Содиқов 1992,

35)Аҳрор Шариф, 7 октябри 1996

36)Амонбек Шоҳзода 18 августи 1993

37)Бурҳон Ғанӣ, 13 декабри 1992

38)Махсум Олимӣ, 24 декабри 1992

39)Зайниддин Муҳиддинов, 14 марти 1995

40)Сайф Раҳимзоди Афардӣ, 20 майи 2000

41)Шарифҷон Мансуров, 24 октябри 1992

42)Шакарбек Мирзошоев, 13 Январи 1993

43)Сергей Сидаковский, 5 сентябри 1999

44)Сайвалӣ Насибов, декабри 1992

45)Саидшоҳ Саидов, 4 феврали 1996

46)Ҷобир Азизмуродов, 18 декабри 1993

47)Ҷунайдуллоҳи Халифа, марти 1993

48)Эътибор Элмуродова, 15 июли 1994

49)Ҳомид Маликов, 1997

50)Искандар Карим, 15 майи 1993

51)Аюбҷони Неъмат, 16 июни 1993

52)Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, 16 октябри 1993

53)Мақсудшоҳ Имматшоев, 3 октябри 1993

54)Муҳаммадмуслеҳи Наҷибуллоҳ, номаълум

55)Муҳаммадшариф Холов, 16 ноябри 1995

56)Мӯсо Мавлавиев, 16 октябри 1993

57)Мусофир Набиев, 20 октябри 1995

58)Пошохон Сайфиддинов, 19 сентябри 1995

59)Рӯзибой Ҷумъаев, декабри 1992

60)Кулмуҳаммад Абдулҳусейнов, декабри 1992

61)Қурбон Тағоев, августи 1992

62)Ҷӯраҷон Қаландаров, феврали 1993

63)Тоҳири Малик, март ё апрели 1993

64)Сафар Шоев, 10сентябри 1993

65)Аҳмадҷон Самадов,1994

66)Гадобой Ӯзбеков(Сармад), 1993

67)Нафасбеки Раҳмон, 5 ё 7 майи 1995

68)Одил Исломӣ, 1996

69)Алишер Нозимов, 13 августи 1996

70)Шамси Собир, 9 июли 1996

71)Умриқул Ҳақбердиев, 1999

72)Владимир Долгих, 1999

73)Искандари Хатлонӣ, 21 сентябри 2000…

Худованд  манзили охиратошонро ҷаннат кунад. Ин руйхати ҳаммиҳанони кушташудаи мост, ки макони дафни даҳҳо нафарашон ҳанӯз ҳам маълум нест. Дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷилд-ҷилд китобҳо навишта шудаву, то ҳол навишта мешаванд. Ҳанӯз  ҳам менависанд дар бораи Сангаку Файзаливу Қурбони Чол, Султони Чолу Исматча ва Лангарю Ризвон... На фақат таърихнигорон, шахсони алоҳида, бештар журналистон. Умедворам аз ҳамкасбон, ки дар бораи журналистон низ китобҳо нашр мекунанд, то насли баъдӣ донад, журналистика чӣ касби пуршарафу хатарзост, ки барои матлаб омода кардан ҷони худро дар хатар гузоштаву мефавтанд, вале рисолати азалии хешро иҷро мекунанд. Умедорам ин фоҷеа дигар такрор наёбад.

 

Баҳодур Уроқов,

аз д. Ғозималик, махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter