ХАБАРИ ДОҒ

7 калиди сиёсату пешрафти тоҷик

  • Ҷумъа, Март 06 2020

 

Редаксия Газетаи мардумии СССР тасмим гирифт 7 бонуи тоҷикро, ки нақши калидӣ дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, бо ҷашни баҳору зебоӣ 8 март-Рӯзи Модарон ва Иди байналмилалии занон табрик намояд. Бояд гуфт, ки ин бонувони тоҷик дар баробари мардҳо вориди сиёсат шуда, новобаста аз сангин будани масъулияти бар дӯш вогузоршуда, дар ҳақиқат дар рушду пешрафти кишвари мо саҳми боарзише доранд. Ид муборак, бонувони сиёсатмадори тоҷик! Ҳамеша сарбаланду фирӯз ва комгор бошед! Шумо метавонед! Мо метавонем!

 

Раҳмон Озода Эмомалӣ

Раҳмон Озода Эмомалӣ, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда, намунаи беҳтарини бонуи муваффақ ва дипломатияи муосири тоҷик аст. Мавсуф хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, пасон Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мэриленди ИМА буда, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. 

Раҳмон Озода Эмомалӣ фаъолияти кори хешро аз соли 2005 шурӯъ карда, нахуст корро аз сафорати ҶТ дар ИМА ба ҳайси вобастаи фарҳангии сафорат сар кардааст. Пас аз баргашт аз Амрико, эшон дар раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба кор машғул гашта, баъдан дар симмати муоини вазир ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар фаъолият намудааст. Бо якчанд забон озодона сӯҳбат намуда, Сафири фахрии бархе аз созмонҳои байналмилалии дунё низ мебошад. Аз соли 2016 раисии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ-ро бар дӯш дорад. Бонуест, ки аксарият аз ӯ арҷ мегузоранд ва иззаташ доранд.

 

Давлатзода Зулфия Давлат 

Давлатзода Зулфия Давлат, вазири фарҳанги ҶТ, дар ш.Хоруғ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии ш.Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев идома дода, соли 1997 ин муассисаро дар риштаи филологияи шарқ бо муваффақият хатм кардааст.  Солҳои 1997-2007 дар идораи телевизион ва радиои ВМКБ ба ҳайси хабарнигор фаъолият бурда, соли 2007 ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ таъин гардидааст. 

Солҳои 2014-2015 ба ҳайси директори Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ВМКБ иҷрои вазифа намудааст. Солҳои 2015-2019 дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ба ҳайси муовини раис фаъолият бурда, оғози моҳи январи соли 2020 муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ таъин гардидааст. 24.01.2020 бо Қарори Ҳукумати ҶТ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

 

Гулрӯ Ҷабборзода 

Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ш.     Исфара таваллуд шуда, соли 1990-Донишгоҳи полиграфии ш.Москваро бо ихтисоси китобшинос ва ташкилотчии савдои китоб хатм намудааст. Соли 2010 бошад Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-молияшинос хатм карда, фаъолияти меҳнатии мавсуф аз кор дар Ҷамъияти матлуботи ш.Исфара оғоз гардида, тӯли солҳои баъдӣ Гулрӯ Ҷабборзода дар нозироти андоз,  Ассотсиятсияи миллии Занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, 

директори Филиали Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «ИМОН ИНТРНЕШНЛ» ш.Исфара, муовини Раиси ш.Исфара кор карда, пасон ба ҳайси  муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ фаъолияти кардааст. Аз 21.01.2020  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон

Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, зодаи н.Данғара буда, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих, муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм кардааст.

Ӯ номзади илмҳои таърих ва донандаи якчанд забони хориҷӣ буда, аз соли 2015 то соли 2019 вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ буд.

Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон охири соли гузашта бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Нораки вилояти Хатлон таъин гашта, аз 08.01.2020 дар мансаби Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

 

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, директори Агентии омори назди Президенти ҶТ мебошад.  Ӯ дар ш.Душанбе таваллуд шуда, маълумоташ олӣ-соли 1988 бо дипломи сурх Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ба сифати бозраси калони Бонки манзилию иҷтимоии ҷумҳурӣ оғоз намуда, солҳои 2005-2010 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» кор кардааст. Аз соли 2010 то соли 2013 дар вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» кор мекард. Бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз 30.11.2013 Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Амонзода Ширин Шодӣ

Амонзода Ширин Шодӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ аст. Мавсуф дар ш. Душанбе таваллуд ёфта, соли 1999 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ва соли 2016 Донишгоҳи  Ритсумейкани Минтақаи Уқёнуси Ором (APU) дар шаҳри Беппу, Давлати Ҷопонро  хатм  кардааст. Ихтисоси 1-ум-забони англисӣ ва фаронсавӣ ва 2-юм ҳамкориҳои сиёсии байналмилалӣ. Амонзода Ширин Шодӣ номзади илм буда, бо забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ хеле хуб сӯҳбат мекунад.

Фаъолияти кори Амонзода Ширин Шодӣ бештари солҳо дар раёсатҳои гуногуни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ гузашта, аз соли 2017 пас аз таъсисёбии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ мавсуф ба ҳайси муовини раиси кумитаи мазкур кор карда, бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз 27.01.2020 Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ таъин гардидааст.

 

Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ

Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пеш аз расидан ба ин симмат ба ҳайси намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ фаъолият кардааст. Мавсуф роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар н.Спитамен буда, ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба ин шаҳр сафар карда, ҳам мардумро қабул мекунад ва ҳам дар бунёду ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ ширкат меварзад. Ӯ зодаи н.Б.Ғафурови вилояти Суғд мебошад.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter