ХАБАРИ ДОҒ

Ҷавонии Афзалшоҳ кай меравад?

  • Чоршанбе, Март 11 2020

 

 

Устод, имрӯз  суруди “Ҷавони рафт”-и Шумо тамоми шунавандагонро ба шӯр меорад. Ҳар нафар вақте ки ин сурудро гӯш мекунад, ба худ 1 ғизои маънавиеро мегирад, кас бо шунидани ин суруд бармегардад ба дунёи ҷавонӣ.  Ин  сурудчигуна тавлид шуд?

-Сароғоз салому дуруди худро ба кулли ҳамватанони азиз ва ҳар хонандаи СССР мерасонам. Ман мухлиси газетаи шумоям. Бо сардабиратон риштаи ошноӣ дорам. Ва акнун сари суруд баргардем:

...Соли 1997 ин суруди машҳурро оҳанг баста, пеши устоди зиндаёд, Лоиқ Шералӣ, муаллифи шеър, зам-зама мекардам, вале ҳеҷ ба устод сурудани ман писанд намеомад.  Рӯзе  дар хона оши палав омода карда истода  будам ,ки баногоҳ устод Лоиқ ба  хонаам омад. Ман ба пешвозаш баромадаму якҷо ба хона даромадем. Дар ошхона ба пухту пази оши палов машғул гаштаму ҳамин сурудро бо завқ сароидам. Устод Лоиқ наздам омаду гуфт, ана муборак бошад, ту аз ӯҳдаи сароидани ин суруд баромадӣ. Акнун биё барои сабти суруд меравем. Ҳамин тавр ин суруд дар байни омма машҳур гашт. 

-Оё ягон сарояндаи дигар ҳамин сурудро баъд аз Шумо сароидааст?

Бале, бисёре аз сарояндагон ин сурудро хонадаанд. Фарзи мисол дар Ӯзбекистон Ғуломҷон Яуқубов ин сурудро хондааст. Суруди мазкур ба ҷавонон бахшида шуда, ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки ҷавонӣ ғанимат аст ва бояд аз лаҳзаҳои ҷавонӣ чунон истифода кунем, ки ба манфиати худ ва ҷомеа бошад, на ба зарар.

-Аз дӯстони наздикатон бештар киро ёд мекунед?

Аввалин дусти ман, рафиқи ман, бародари ман Сайёфи Мизроб аст, ки пайваста маро таҳрик медиҳад. Гоҳ-гаҳе танқид ҳам мекунад. Вале танқиди ӯ бар манфиати кор аст. Сахт мегӯяд, вале рост мегӯяд! Шунавандаи аввалинам ҳам ӯст. Сурудҳоямро пайваста гӯш мекунад. Касе бовар надорад, ба мошинаш шинад, ҳатман диски ман он ҷо ҳаст!  Мо бо кӯмаки якдигар ба ингуна куллаҳои баланд расидаем.

  Ба ҳамватанони азизи худ гуфтаниям,  ватани азизамонро дуст доред, ба қадри ободии ин сарзамини худ бирасем. Тамоми модарону духтарони азизи кишварамонро бо рузи идашон табрик гуфта, хоҳони хушбаштии онҳоям. Худо ҳамеша тинҷию оромиро насиби мо гардонад, омин. ...

 

Хуршеди Сурайё куҷост?

Апаи Сурайё, пешакӣ мегӯям, ки сӯҳбатамон “сахт” меравад, зеро бисёр суолоте ҳаст, ки мардум мехоҳанд ба он посух гиранд. Сароғоз сари Суруди “Хуршеди ман куҷоӣ?” каме маълумот медодед. Ин кадом Хуршед аст, ки ҳамеша бо он тамомии маъракаҳоятонро шуруъ мекунед?

Муаллифи суруди “Хуршеди ман куҷоӣ”  шодравон Аҳмад Зоир мебошад. Соли 1985 ин сурудро сароидам. Суруди мазкурро барои Хуршеди худам хондаам. Ягона нафаре, ки тӯли умр дӯстам медошту дӯсташ медоштам. Мутассифона моро марг аз ҳам ҷудо кард. Ӯ падари гулдухтарони ман аст. Ҳатто, дар  санги мазори Хуршедам, бо хатти тилоӣ навиштам “Хуршеди ман куҷоӣ, сард аст бе ту хонаи ман”.

-Чанд ишқ доштед?

Вақте хурд будам ба ҳама одамони хубу, зебо ва хушмуомила ошиқ мешудам, ошиқи рафтору кирдорашон. Аммо он ошиқиеро, ки шумо дар назар доред, танҳо ба ҳамсарам Хуршед ошиқ будам. Ишқи аввалину охиринам ҳамсари раҳматиям аст.

-Оё Хуршеди ба Шумо рашк мекард?

Бале, вақте, ки инсон дӯст медорад, албатта, ки рашк байнашон пайдо мешавад. Рашк ин намаки ҳаёт аст.

-Рӯзи хушбахттарини Шумо кадом рӯз аст? 

Рӯзе,  ки қадами нахустини худро ба рӯйи саҳна гузоштам, дар 13 солагиям... Дуввумин рӯзи беҳтаринам ин шуд, ки дар тӯйи Хуршедҷонам сароянда будам. Инро бисёриҳо медонанд. Ман ба шоҳи ҷавону ӯ бар сарояндаи тӯй ошиқ шудем...ва ҳаётамонро бо ҳам пайвастем. Он қадар моро ғам доданд, ки ҳисобаш гум, вале ин ҳама сангарҳо муҳаббати моро қавитар гардонид. 1 умр он рӯз аз хотирам намеравад...

-Ба наздикӣ 1 фоҷиаи баде рух дод, яъне ҷудо шудани духтаратон Фарзонаи Хуршед бо ҳамсараш Фаридуни Хуршед. 

      Онҳо бо розигии худ хонадор шуданд,  дӯст доштанд ҳамдигариро, айни ҳол онҳо  соҳиби 2 фарзанданд:  Закия ва   Муҳҳамадхуршед. Махсус ин номро ман худам ба хотири бобояш гузоштам.  Аз  сабаби нофаҳмиҳои зиёд ҷудо шуданд. Знидагӣ болову пастиҳо дорад...

-Шарифамоҳи Шабнам дар куҷост? Рост аст, ки уро ба шавҳар додаед? 

     Дар бораи Шарифамоҳи Шабнам ҳаминро гуфта метавонам, ки  ҳоло ӯ дар Туркия қарор дорад, дар яке аз олимпиядаҳо дар  Туркия бо забони русӣ  иштирок карда, соҳиби медали тиллоӣ гардид. Ҳоло мо ба шавҳар додани набераам саросема нестем. Ӯ бояд аввал карйера кунад, худро созад. Баъд мебинем, ки чӣ мешавад!

-Сарбаланд бошед, бону Сурайё...

Дар охири ин сӯҳбати оҷилӣ, мехоҳам ба кулли хонандагони газетаи мардумии СССР тани сиҳҳат, муҳаббат ва бахт орзу кунам. Бигзор доимо дар ҳар хонадони Тоҷикон Хуршеди муҳаббат нурпошӣ кунад. Тавре шумо мегӯед, Мо Метавонем!

 

Омирона Достиева, СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter