ХАБАРИ ДОҒ

Агар аҳамият дода бошӣ хонанда, маҳз Тоҷикон аз короновирус наҳаросиданд ва ин аст, ки шукри Худо дар мо ин вабои аср то ҳанӯз нест! Аврупову Амрико, ки аз тарс ҳатто даҳону гӯшу бинии сагони худро бастаанд, саросар мубтало ба ин бало гардиданд. Яъне чӣ? Яъне ин вирус-вируси тарс аст. Ваҳмак аст. Ҳамин, ки тарсидӣ, туро мепечад…

Шахсан маро бисёр хуш омад, ки дар ҳоле ҷаҳон ба карантин рафтааст, абарқудратҳо мисли муш таки замин медаванд, дар кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистон Наврӯз бо тамомии шукӯҳу шаҳомати хеш ҳукм меронд. Миллат мерақсид! Халқ тантана дошт!! Тоҷикистон Ватани Наврӯз буд!!!

Ҳам аз сӯе, вақте Трампу Макрон, Путину Маркел комилан худро дар ҳолати инзивоъ-изолятсия қарор доданд, Эмомалӣ Раҳмон шабу рӯз бо мардуми Суғд буд, бо кӯдакон мерақсид, бо пирон машварат мекард, бо бонувон механдид, бо ҷавонон дастӣ салом менамуд. Вақте 1 кӯдак ӯро бобоҷон гуфтаву ба поҳояш овезон шуд, хам шуда, аз пешона ва рухсорааш бӯсид! Дигар ягон президенти олам дар ин шабу рӯз кӯдаки кӯча як сӯ, маъзарат, вале зану кӯдаки худро намебӯсид. Аз тарси коронавирус ва протокол-қаровулҳошон иҷозат намедоданд. Вале Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки барои ӯ бӯса ва шодии 1 кӯдак бештар аз саломатии фардии ӯст. Брависсимо, президенти мо!!!

Маҳз дар ана ҳамин ҳолатҳо лидер будан, пешво будан, ҷавонмард будан, падари миллат буданҳо собит мегардад. 100% бовар дорам, онҳое, ки имрӯз худро оппозитсияи Раҳмон мехонанд, дар кӯчаҳои Аврупо бо «намордник» мегарданд! Ва ҳатто ҳамин барномаҳои наврӯзиро низ бо манаҳбанд-намордник тамошо мекарданд. Барои ба сатҳи Раҳмон расидан, кӯшишу талош кам аст. Бояд марди Худодод ва нотарс бошӣ... Мо метавонем!

Вале тантанаву рақсу таронаву суруду базми Наврӯзӣ ба ин маънӣ нест, ки масъулин дар самти пешгирии коронавирус коре намекарданд. Мекарданд ва ещё как! Тоҷикистон аз нахустинҳо шуда, бо дастури президенти кишвар шаҳрвандони худро аз маркази вабо-Хубэйи Чин овард. Тоҷикистон охирон кишваре гардид, ки масири хатҳои парвозҳояшро бо дигар кишварҳо баст. Ва аз ҳама муҳимаш, Тоҷикистон ягона давлате гардид, ки тамомии мусофирони худиву бегонаро, ки ба кишвар ворид мешуданд, куллан дар карантин қарор дод! Дар ин самт кори Насим Олимзода-вазири танудурустии кишварро наметавон нодида гирифт. Чандин доктору профессорҳоеро медонам, ки баъдан исмашон фош низ мегардад, аз тарс худро канора гирифтанд, вале Насим худаш тамомии мусофиронро назорат мекарду мекунад ва дар карантинбудаҳоро шахсан назора дорад. Писари худи вазир низ дар карантин аст, вале Олимзода миёни фарзанди худу боқӣ сокинон тафриқа намегузорад ва ҳама дар 1 ҳолат қарор доранд:

Ка-ран-тин!!!

Брависсимо, вазир!

Ҳоло сӯҳбат сари ин аст, ки бархе аз сарватмардон, ки онҳоро маҳз ин давлату ин миллат пулдор кардааст, бӯстонсаройҳои боҳашамати хешро барои карантини боқӣ мусофирин додан нахостаанд. Давлат бояд сари ин «бетутуруқҳо» чораҳои фаврӣ андешад. Пешниҳод дорам, бӯстонсароҳояшон давлатӣ гашта, ҳамаашон аз вазифа сабукдӯш шаванд. Зеро давлатмарде, ки дар ин шабу рӯзи бӯҳронӣ бо давлату миллаташ нест, магар фардо бо ин давлату ин миллат мемонад? Душвортарин марҳила маҳз ана ҳамин марҳала аст. Инҳо аллакай ба давлату миллат хиёнат кардаанд. Зимнан дигар бо мо нестанд. Мо Метавонем!

Ҳукумат ҳамзамон бояд дар баробари ширкатҳои озуқаворидкунанда, доруворидкунанда, нафтворидкунанда низ чораҳои қатъӣ андешад. Ин шабу рӯзест, ки хатараш на камтар аз шуруъи Ҷанги Бузурги Ватании соли 1941-ум аст. Ширкатҳое молашонро пинҳон мекунанд ва ё дар мағозаҳои бузурги хеш гарон месозанд, бояд фавран баста ва молу ҳолашон давлатӣ гардад! Бигзор ҳоло муваққатӣ, баъдан суд ин моҷароро бозбинӣ хоҳад кард. Зеро ҳолат-ҳолати қарибиҷангист.

Ҳукумат бояд тоҷиронеро, ки дар бозорҳо молашонро гарон кардаанд, дар ҷояш ҷазо диҳад. Дар даврони Сталин онҳоро мепарронданд! Ҳоло низ бояд қонуну қоидаи истисноӣ ҷорӣ гардад. Нархи 1 кг сирпиёз, ки ҳамагӣ 5-7 сомонӣ буд, баробари овозаи таъсиргузорияш ба вируси вабо то 80-100 сомонӣ хест! Қимати испанду аҷик дар осмони 7-ум. Ин ба куҷои одамгарӣ рост меояд? Ислом ҳоло 1 тарафи кор…

Ҳукумат ҳамаи аптекаҳоро, ки доруворро гарон кардаанд, фавран баста молашонро давлатӣ эълон намуда, бо нархи қаблӣ ва бо фурӯшандагони ихтиёрӣ ба савдо гузорад. Боварнокарданист, ки нархи 1 маска-«манаҳбанд» аз 50 дирам то 5-7 сомонӣ боло равад! 1 мисоли дигар. 3 рӯз пеш 1 қуттӣ дорувори Alprazolam 0,5 ҳамагӣ 5 сомонӣ буду шахсан худам харидам. Имрӯз рафтам, нархаш 25 сомонӣ!!! Сабаб пурсам, фурӯшанда гуфт, роҳҳо маҳкам шудагӣ, дефитсит гаштааст. О, дефитсит ҳам гардад, ту ин молатро пеш аз карантин оварда будӣ-ку?! Дефитсит виждони доруфурӯшон шудааст!

Мо ба таври истисноӣ 1 таҷруба гузаронидем. Тавассути сайтҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардем, тоҷирони беимонро, ки дар ин шабу рӯзи бӯҳрони ҷаҳонӣ нархҳоро вардоштаанд, дар дӯконҳошон парронанд. Фикр доштем, ҳоло ба муқовимат дучор мегардем. Вале чӣ мегӯед, ки 97% корбарон ба ин пешниҳод розӣ шуда, танҳо 3% гуфтаанд, напарронанд, вале сахтакак ҷазо диҳанд. Яъне чӣ? Яъне мардум ба дод омадааст.

Вале то он замон бояд ҳатман тамомии раёсати КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш. Душанбе,» Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар оҷилан сабукдӯш шаванд. Зеро агар инҳо дар ҳамин шабу рӯз паҳлӯи ҳукумат ва миллат набошанд, барои чӣ лозиманд?

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter