ХАБАРИ ДОҒ

Зиндони ҷавонмард беҳ аз озодӣ бо номард!!!

  • Чоршанбе, Апр 08 2020

 

Шоир Маҳмуд Аҳмад Император-маъруфтарин ва ворастатарин адиби кишвари Афғонистон бо редаксия тамос гирифта гуфт:

-Эй кош ман зиндонии зиндони кишвари Эмомалӣ Раҳмон будаме. Зеро зиндонии 1 марди асил будан беҳтар аст аз ин ки дар озодӣ дар кишвари 1 номард зиндагонӣ дошта бошӣ! Ин шеъри баҳориямро ба Тоҷикони ҳамхунам мебахшам:

Накҳати навбаҳор меояд, 

Шарфаи пойи ёр меояд. 

Аз ҳамон ҷаннате, ки мегӯянд, 

Атри Парвардигор меояд. 

Ғунчаҳо пур зи бодаи хушранг, 

Булбуле дар шикор меояд. 

Милаи ҳафтсину сабзаву гул, 

Расми куҳнадиёр меояд.

Бо насими саҳаргаҳи умед, 

Нағмаи ҷӯйбор меояд. 

Қумрии шавқ бо парандаи ишқ,

 Бар сари шохсор меояд. 

Домани сабзи кӯҳи сарбафалак, 

Найу оҳанги тор меояд. 

Ба канори ту сарви бепарво, 

Маҳмуди ашкбор меояд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter