ХАБАРИ ДОҒ

Марзҳои баставу мусофирони монда…

  • Чоршанбе, Апр 08 2020

 

 

Ин ҷо суоле бармеояд, ки чаро касе аз ниҳодҳои давлатии кишвар, аз  ҷумла Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз ин ширкатҳо қотеъона талаб накард, ки ба мусофирони тоҷик шароити оддии будубошро дар ин рӯзҳо фароҳам оваранд!? Ин ширкатҳо қаблан низ бо хизматрасонии паст, муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва бархӯрди бад борҳо мавриди танқид қарор доштанд ва оё ҳоло замоне нарасидааст, ки ин ширкатҳоро, ки ба шаҳрванди тоҷик арҷ намегузоранд, аз бозори мусофиркашӣ берун намуда, ба ҷойи онҳо иҷозати парвозро ба дигар ширкатҳо, аз он ҷумла «Аэрофлот» диҳем? 

Маҳкам!

Сар аз 18.03.2020 Федератсияи Россия марзҳои худро ба рӯи шаҳрвандони 1 қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба хотири пешгирӣ аз паҳн ва хуруҷи коронавирус баст. Михаил Мишустин, сарвазири нави ин кишвар ҳамтоёни тоҷику қирғиз ва ӯзбеку озарбойҷонии хешро танҳо чанд соат пеш аз бастани марзҳо-шоми 17.03.2020 тариқи занги телефонӣ огоҳ карду бо ҳамин дар баробари баста шудани роҳҳои заминӣ ҳарими ҳавоии ин кишвар низ пӯшида гардид. 

Ин амали ҳукумати Федератсияи Россия-шарики стратегии тамоми давлатҳои ИДМ ҳам интизорӣ ва ҳам ғайричашмдошт буд, ҳама медонистанд, ки ҳатман марзҳо баста мешаванд, вале на ин қадар зуд ва бе огоҳиву фурсат ба шаҳрвандон барои баргашт ба Ватан. Маҳз ҳамин тасмими Михаил Мишустин боиси он гашт, ки ширкатҳои ҳавопаймоии рус-«Ютэйр», «Уралские авиалинии», «Норд» дарҳол парвозҳои худро ба Душанбеву Хуҷанду Кӯлобу Бохтар қатъ намуда, садҳо мусофирони чиптахаридаро дар фурудгоҳҳои Внуково ва Шереметевои Маскав ба ҳоли худ, бе таъмини обу ғизо гузоранд, новобаста аз он, ки чиптаҳои гароннархро барояшон фурӯхтаанд. 

Аз 27.03.2020 ин тараф бошад Федератсияи Россия марзҳои хешро пурра ба рӯи оламиён баст, новобаста аз он, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, аз он ҷумла тоҷик низ дар фурудгоҳҳои ин кишвар ва марзҳои он то ҳанӯз мондаанд…

Дар пайи ин дастури М.Мишустин пас аз 2 рӯзи нофаҳмиҳову напариданҳо рӯзи 20.03.2020 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ низ бо пахши як Изҳорот эълон намуд, ки ҳарими ҳавоии худро мебандад ва то ба даст омадани шароити мусоид парвозҳо ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон анҷом нахоҳанд ёфт.

Бояд гуфт, ки қабл аз ин Тошканд низ марзҳои заминиву ҳавоиро бо Тоҷикистон баста, кишвари мо дар навбати худ вуруди шаҳрвандони ҶИЭ, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Чинро низ манъ карда, аксарияти парвозҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон аз 15.03.2020 бо навбат қатъ шудан гирифтанд. 

Фурудгоҳҳои пур аз мусофир…

Пас аз эълони баста шудани марзҳои заминиву ҳавоӣ шаҳрвандони зиёди мо дар сарҳадоти кишварҳои ҳамсоя монданд. Бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии ҶТ тамоми шаҳрвандони тоҷик, ки дар марзҳои Ӯзбекистону Қазоқистон бо воситаҳои нақлиёти хеш монда буданд, пас аз 2 рӯз бо кушодани муваққатии марзҳо ба Ватан роҳнамоӣ гардиданд, вале вазъи шаҳрвандоне, ки чиптаи парвоз дар даст дар фурудгоҳҳои Маскаву Истамбулу Дубай монданд, воқеан ҳам нигаронкунанда буд. 

 Гурӯҳи нахустини шаҳрвандони моро шоми 19.03.2020 дар фурудгоҳи Внуково пеш аз саворшавӣ ба ҳавопаймои ширкати «Ютэйр» аз роҳ гардонида, берун карданд. Вазъи мусофироне, ки ба парвозҳои баъдӣ ба Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлобу Бохтар чипта доштанд, низ ҳамин тавр буд. Аксарияти шаҳрвандони мо, ки аз ширкатҳои ҳавопаймоии «Ютэйр»,«Уралские авиалинии» ва «Норд» чипта харида буданд, на тавонистанд чиптаҳои худро ба ширкатҳо баргардонанд ва на пули худро бозпас бигиранд. Мусофирону муҳоҷирони тоҷик то рӯзи 22 март дар фурудгоҳҳои Маскав хобиданд-аксарият кору манзили иҷораро супорида макони бозгашт ва пул ҳам надоштанд. Танҳо пас аз мусоидати Ҳукумати ҶТ ва бевосита сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода аз фуругоҳҳои Внуково ва Шереметево ба Домодедово оварда шуда, пасон тавассути вежапарвозҳои ширкатҳои ватании «Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» ба Ватан баргаштанд. Ҳанӯз ҳам иддае мондаанду онҳое, ки баргаштанд, ба карантини 14 рӯза фиристонида шуданд. Қисми дигаре аз шаҳрвандони мо дар фурудгоҳҳои Истамбулу Дубай ва Санкт-Петербург то ба ҳол дар мондаанд…

Муҳоҷир муҳим ё пули ӯ?

Аксарияти шаҳрвандоне, ки аз рӯзи 19 то 23 марти соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Внуковои Маскав хобиданд, муҳоҷирони тоҷик буданд, ки бо фаро расидани Наврӯз ба хонаҳояшон мешитофтанд. Аз вазъу ҳоли онҳо тамоми шабакаҳои ичтимоӣ гуфтанду навор пахш карданд, ҳол он, ки ширкати ҳавопаймоие, ки онҳо чипта доштанд, бояд дар чунин вазъият мусоифронро бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин мекард-талаботи Созмони байналмилалии авиатсия низ ҳамин аст. Вале на «Ютэйр» ин корро кард ва на «Норд» ва на «Уралские авиалинии». Яъне, пули муҳоҷир муҳим, аммо худаш на? Аҷиб он аст, ки касе аз масъулони тоҷик аз ин ширкатҳо талаб накард, ки мусофирони тоҷикро ҷобаҷо кунанду ба онҳо хӯрок диҳанд. Хуб, ки мардуми башардӯст ва ҳамшаҳриҳо буданду нагузоштанд шаҳрвандони тоҷик хор шаванд.

 Аммо инҷо суоле бармеояд, ки чаро касе аз ниҳодҳои давлатии кишвар, аз он ҷумла Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз ин ширкатҳо қотеъона талаб накард, ки ба мусофирони тоҷик шароити оддии будубошро дар ин рӯзҳо фароҳам оваранд!? Ин ширкатҳо қаблан низ бо хизматрасонии паст, муносибати бад нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва бархӯрди дағал борҳо мавриди танқид қарор доштанд ва оё замоне нарасидааст, ки ин ширкатҳоро, ки ба шаҳрванди тоҷик арҷ намегузоранд, аз бозори мусофиркашӣ берун намуда, ба ҷойи онҳо иҷозати парвозро ба дигар ширкатҳо, аз он ҷумла «Аэрофлот» диҳем? Ва муҳимтар аз ин, кӣ бояд ҳамаи ин асабоният, гуруснагӣ, азоби рӯҳиву ҷисмӣ кашидаи ин мусофиронро ҷуброн кунад!? 

Мо пайгирӣ ин мавзӯ ҳастем. Мо Метавонем!

 

М.Аминзода, 

СССР

 

Дар ҳамин маврид:

Аз мост, ки бар мост!

Дар ҳамон шабурӯзи қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ, алалхусус ба самти Маскав ва роҳандозӣ шудани парвозҳои чартерӣ, ки нархи хизматрасонии фурудгоҳӣ ва рӯизаминиашон дучанд аст, фурудгоҳи Домодедово нархномаи худро барои ширкатҳои «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» то 20% боло бурд. Ин боиси он шуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ватании мо низ нархи чиптаҳоро аз 2600 то 4500 сомонӣ бардоранд ва то имкон доранд, рафта мусофирони дармондаро ба Ватан биёранд. Маҳз дар чунин ҳолат маълум шуд, ки кӣ ғамхори халқ асту кӣ аз ҳисоби ғаму ғуссаи халқ пул кор мекунад. Афсӯс, аз мост, ки бар мост!

Ва боз 1 ҳолати дигар он буд, ки парвозҳои вежа қарор буд аз ин тараф сирф шаҳрвандони ФР ва аз он тараф фақат шаҳрвандони ҶТ-ро биёранд. Ва бовар мекунед, садҳо нафар шаҳрвандони мо ин рӯзҳо бо фахр «Мо гражданини Россия!»-гуфта, бо нишон додани шиносномаи хориҷии русии худ аз Ватан рафтанд…Скатертью дорога!-гуфти худи русҳо.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter