ХАБАРИ ДОҒ

Хуросон: сел ҷони 1 нафарро бурду 200 хонаро хароб кард…

  • Чоршанбе, Апр 08 2020

 

 

   Дар натиҷаи селе, ки шоми 21.03.2020 ба деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати С.Айнии н.Хуросон пас аз боронҳои шадид омад, Мирзоқул Раҳмонқулов, сокини 59-солаи ин деҳа, ки аз масҷид ба хона бармегашт, ба ҳалокат расид. Бояд гуфт, ки дар пайи ин сел инчунин заминҳои кишти сокинон вайрон гардида, даҳҳо сар чорвои мардум талаф ёфт. Мухбири минтақавии газетаи мардумии СССР пас аз шунидани ин хабари шум ба сӯи Халқаҷар шитофт ва то поси шаб дар паҳлӯи мардуми ин деҳа буд.

238 хона осеб дид

Тавре ба мухбири мо Раҳматулло Сафарзода, раиси н.Хуросон рӯзи 31.03.2020 зимни сӯҳбати телефонӣ иброз дошт, тибқи омори пешакӣ зарари расида аз сел дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати С.Айнии ноҳия ба 1 миллиону 338 ҳазору 75 сомонӣ расида, 10 рӯзи пас аз ҳодиса кормандони сохторҳои гуногуни вилоятӣ дар Ҳалқаҷар бо мардум кор карда, зарари ба ҳар 1 оила расидаро баррасӣ ва ҳисобу китоб карданд. Гуфта мешавад, ки дар умум 238 хонаҳои сокинон осеб дида, бархе қисман вайрон ҳам шуда, ба 212 замини наздиҳавлигӣ ва иншоотҳои ёрирасони сокинони маҳаллӣ обу лойқа даромад. Аз тарафи Комиссияи эвакуатсионии н.Хуросон бо мошинҳои боркаш тақрибан 760 сокини маҳаллӣ аз ҷойи хавфнок ба мавзеи бехавф эвакуатсия карда шуданд.

Бояд гуфт, ки зимни вуқуи ҳодиса ва боз чанд рӯзи пас аз он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳияи мазкур Раҳматулло Сафарзода бо тамоми зертобеон ва сардорони вазорату хадамотҳои марбутаи давлатӣ дар Ҳалқаҷар қарор доштанд ва барои бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ талош менамуданд.

Тоза ва дезинфексия карданд

Тавре ба мухбири мо дар Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, бо дастури Қурбон Ҳакимзода барои вусъат бахшидан ба корҳои бартарафсозӣ 4 тонна сӯзишворӣ ҷудо карда шуда, 4 адад мошини калони борбари “Дулан” барои кашонидани сангу шағал, 7 адад экскаватор, 3 адад мехлапатаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон ҷалб карда шуданд. Қурбон Ҳакимзода зимни боздиди худ аз деҳаи Ҳалқаҷар сокинони маҳаллиро барои дар якҷоягӣ бо кормандони ниҳодҳои дахлдор аз лой тоза кардани заминҳои наздиҳавлигӣ даъват намуда, ба масъулон ҷиҳати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, сохтани садд, тоза намудани қубурҳои обгузари зери кӯпрук ва расонидани кумакҳои лозимии беҳдоштӣ ба шаҳрвандони ниёзманд дастуру супоришҳо дод.

50 нафар афсарону сарбозони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, беш аз 400 нафар волонтёрони ҷавон, зиёда аз 30 нафар миробҳо ва мутахассисони Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ба маъракаи рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон пайвастанд.

То нимаи якуми рӯзи 25.03.2020 манзили зист ва заминҳои наздиҳавлигии 246 нафар дар деҳаи Ҳалқаҷар ва 73 ҳавлӣ дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ”, инчунин муассисаи таълимии №24, варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, кӯчаву роҳравҳо, масҷид аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва н.Хуросон дезинфексия карда шуданд. 

Хонаҳои мустаҳкам бисозед!

Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукуматии ҶТ ҳушдор медиҳанд, ки ҳангоми сохтани хонаҳои истиқоматӣ дар деҳаҳо ҳатман барои муқобила бо сел чораандешӣ бояд шавад. Аз ҷумла, баландтар бардоштани девори бетонии таҳхонаҳо, баландтар кардани зербино аз бетон, то сел натавонад онро рахна кунад ва вориди ҳавлӣ шавад. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тавсия медиҳад, ки сокинон ҳангоми сохтани хонаҳои нав ҳатман ин ҷанбаҳоро ба назар гиранд, зеро дар кишвар минтақае вуҷуд надорад, ки аз хавфи омадани сел эмин бошад.

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter