ХАБАРИ ДОҒ

 

 

 Соли 1989 то марти соли 1990 дар шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи «Чармгарон» танҳо як масҷид амал мекард. Дар рӯзҳои адои намози ҷумъа як идда ҷавонон, тақрибан 30 - 40 нафар ба саҳни ҳавлии масҷид ворид гардида, мазҳабиёни анъанапарастро зери латукӯб қарор медоданд. Дар рӯи замин пирони ба хун оғушта мехобиданд ва саллаҳояшон дар атроф паҳну парешон буд. Он замон Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода вазифаи имомхатибии масҷидро ба уҳда дошт ва ҳамзамон вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон маҳсуб мегардид.

Агар он воқеотро ба забони юридикӣ - ҳуқуқӣ баён намоем, пас сухан дар бораи зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ ва бетартибиҳои оммавӣ меравад. Вале, ниҳодҳои ҳифзи тартибот ҳамин тавр, натавонистанд созмондиҳандагони бетартибиҳои оммавиро муқаррар намоянд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашанд.

Дар баробари ин, бархе ашхос ба паҳн кардани овозаҳои дурӯғин машғул шуда, хабаркашӣ менамуданд ва бар шахси Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода туҳмату буҳтон мезаданд. Ин овозаҳо дар миёни аҳолӣ он қадар побарҷо шуданд, ки баъзе аз роҳбарони масъули ҷумҳурӣ ҳатто дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзодаро дар бетартибиҳои оммавии масҷиди маҳаллаи «Чармгарон» - и шаҳри Кӯлоб айбдор меҳисобиданд.

Агар мантиқан биандешем пас чӣ маънӣ дорад барои имомхатиб Ҳоҷӣ Ҳайдар ташкил намудани занозанӣ дар масҷиде, ки худ онро бо заҳмати зиёд обод кардааст.

Масҷиди Мулло Ҳайдар ва Мулло Абдураҳим

Моҳи майи соли 1990 муаллифи ин сатрҳо пас аз ба нафақа баромадан ваколатдори Шӯро оид ба корҳои дин дар назди ШВ СССР дар вилояти Кӯлоб таъйин гардид ва ба хотири иди дарпешистодаи моҳи Рамазон тасмим гирифт, қабл аз ҳама ҷиҳати роҳ надодан ба дасисаҳо оид ба пайдо шудани зуҳуроти оммавии зидди ҷамъиятӣ ва бетартибиҳо дар байни диндорон чораҳо биандешад.

Ба ин хотир, тибқи мувофиқа бо раиси Кумитаи иҷроияи вилоят Акбар Мирзоев тасмим гирифтем,  ҳарчи зудтар масъалаи боз кардани ду масҷиди панҷвақтаи адои намозро дар шаҳри Кӯлоб ҳал намоем.

Як масҷидро бо майдони бештар  аз 1 гектар дар маҳаллаи «Пашадара» ба нақша гирифтем. Ба он Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода имомхатиб таъйин гардид ва барои адои намози ид масоҳати онро бо истифода аз техника ба тартиб даровард. Сохтмони масҷиди дуюм дар назди фурудгоҳи куҳна пешниҳод гардид ва имомхатиби он мулло Абдураҳим Каримов таъйин шуд.

Дар масҷиди маҳаллаи «Чармгарон» мулло Холмуродро, ки худ имоми он масҷид буд, имомхатиб таъйин кардем. Адои намози ид ором гузашт ва ягон амали ғайриматлуб зоҳир нагардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки моҳи майи соли 1990 дар намози иде, ки имомхатиби масҷидаш Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода буд, 75 ҳазор нафар иштирок намуд.

Дар масҷиде, ки имомхатибиашро мулло Абдураҳим Каримов ба зимма дошт 800 нафар, дар масҷиди «Чармгарон» бошад, 500 нафар барои адои намози ид ҳозир шуд.

Мулло боевикҳо кӣ буданд?

Аммо муаллифи ин сатрҳоро як савол ба ташвиш мегузошт: киҳо буданд ин ҷанговарони ҷавоне, ки рӯзҳои ҷумъа ба масҷиди шаҳри Кӯлоб омада, бетартибиҳои оммавиро ташкил менамуданд.

Ҷиҳати возеҳ намудани масъалаи мазкур инҷониб ба шаҳри Қӯрғонтеппа (алҳол Бохтар) омадам, ба онҷое, ки муддати 7 сол хизматро дар Раёсати КБД – и вилоят анҷом дода будам ва ба ин хотир, лидерҳои исломиҳои вилоятро хуб мешинохтам.

Ман бо қорӣ Муҳаммадҷон Ғуфронов, яке аз лидерҳо ва идеологҳои исломистҳо, ки муносибати муқаррарӣ доштам, вохӯрдам.

Ба саволи он, ки қорӣ Муҳаммадҷон дар бораи занозанӣ, бетартибиҳои оммавии соли 1989 дар масҷиди шаҳри Кӯлоб чӣ маълумоте дорад, ӯ табассум намуда, чунин нақл кард: «Тавре, ки ба шумо маълум аст, Абдураҳим Каримов узви созмони мо «Эҳёи исломи ҷавонони Тоҷикистон» буд. Ӯ аз ман хоҳиш намуд, ки ба намози ҷумъаи масҷиди шаҳри Кӯлоб 30 – 40 нафарро ҷиҳати роҳандозӣ кардани ҷанҷолу занозаниҳо бифиристам ва бо ин роҳ норозигии қозиёт, роҳбарони вилоятро ба вуҷуд оварда, Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзодаро аз вазифаи имомхатибӣ барканор карда, бар ивази ӯ мулло Холмуродро, ки гапгир асту барои гузарондани корҳои таблиғотӣ оид ба паҳн намудани идеологияи исломизм монеа эҷод намекунад, таъйин намоем. Аммо бо омадани шумо ва боз кардани ду масҷиди дигар дар шаҳри Кӯлоб зарурати фиристодани ҷанговарон (боевикҳо) аз байн рафт. Ҳамаи «боевикҳо» шогирдони ӯ ва Одинабек Абдусалимов буданд…».

Ҳамин тавр, занозаниҳо, бетартибиҳои оммавӣ дар масҷиди шаҳри Кӯлоб аз тарафи қорӣ Муҳаммадҷон, мулло Абдураҳим Каримов ва мулло Холмурод, ки бисёр мехост вазифаи имомхатибиро соҳиб шавад, роҳандозӣ шудааст. Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода бошад, он замон «боевик»  ва ба он ҷанҷолу занозаниву бетартибиҳои оммавӣ ҳеҷ гуна муносибате надошт.

 

Д. НАЗИРОВ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter